
Вақте вориди синфхона шудам, муаллим ҳамроҳи донишомӯзони худ чунон бошавқ машғули кори лабораторӣ буданд, ки даромаданамро эҳсос накарданд. Ман низ суҳбати самимии хонандагонро бо омӯзгор дида, нахостам халал расонам ва дар гӯшае аз синф рост истода, машғулияташонро бо шавқу ҳаяҷон тамошо кардам. Дар ин ҳангом чизе, ки диққати маро ҷалб кард ва ба он бештар таваҷҷуҳ намудам, меҳри зиёд доштани шогирдони омӯзгор ба фанни химия ва гузаронидани корҳои лабораторӣ буд. Донишомӯзон дар атрофи муаллим ҷамъ омада, бо завқ таҷҳизотеро, ки барои гузаронидани кори лабораторӣ буданд, дар даст гирифта, чӣ гуна асбоб будану барои кадом кор истифода шудани онҳоро мепурсиданд. Муаллим хосиятҳои ҳар як таҷҳизот ва чӣ гуна истифода бурдани онро ба шогирдон мефаҳмонид ва ҳатто, барои санҷидан онро ба дасташон медод.
Банди тамошо чӣ тавр гузаштани вақтро нафаҳмидам. Пас аз занги баромад муаллим саросема ба дигар синф даромаданӣ буд. Дар роҳрави мактаб бо устод вохӯрда, хостам, чанд дақиқа суҳбат кунад. Муаллими пуртаҷриба Азизбек Зумратов, дӯстдори касби хеш гуфт, ки хонандагон маро дар дигар синфхона интизоранд ва намехоҳам, як лаҳзаи вақти донишомӯз беҳуда сарф шавад. Биёед, суҳбатро кӯтоҳ, то оғози дарси навбатӣ дар синфхона гузаронем.
Ман ҳам аз ин пешниҳод хеле шод шудам. Бо ҳам ба яке аз синфхонаҳо даромадем. Дидам, ки ҳоло дарс сар нашуда, донишомӯзон дафтару китобҳои худро тайёр карда, мунтазири муаллиманд. Ин амали хонандагон маро дар ҳайрат гузошт, зеро мо фикр мекардем, ки бештари наврасон ба фанҳои дақиқ: математика, физика, химия ва ҳатто, биология кам таваҷҷуҳ мекунанд. Ин андешаамро ба муаллим Зумратов баён кардам. Ӯ бо табассуми ҳалиму меҳрубонона чунин гуфт:
— Агар ҳар як омӯзгор касбашро дӯст дораду бо роҳу усулҳои муосир дарс гузарад, албатта, дар қалби шогирдон меҳри илму дониш-шавқи фанни дарсмедодаашро ҷой хоҳад кард.
Пас аз суҳбат бо Азизбек Зумратов маълум гардид, номбурда дар шаҳри Душанбе дар оилаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1996 донишҷӯйи факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти омӯзгории Зумратов, аз соли 2005, ҳамчун омӯзгори фанни химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и пойтахт оғоз шуда, то соли 2020 дар он ҷо фаъолият мекунад. Сипас, дар муассисаҳои таълимии №52, №2 (ҳозира муассисаи таълимии №79), №35, муассисаи хусусии таълимии Литсейи «Раҳнамо» ва Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе кори худро давом медиҳад. Аз суҳбат маълум шуд, ки мавсуф аз давраи донишҷӯйӣ ба ҳайси омӯзгори фанни химия фаъолияти педагогии худро оғоз намудааст. Ҳамзамон, номбурда барои рушди донишу малака, пеш бурдани корҳои илмӣ ва баланд бардоштани маҳорати педагогии худ то соли 2004 бо ҳайати устодони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, то соли 2014 бо ҳайати устодони факултети химияи технологӣ ва металлургияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва то ҳол бо ҳайати устодони Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд, ки самараи он як қатор дастовардҳои илмиву методӣ ва зеҳнӣ мебошад.
Қаҳрамони навиштаи мо ғолиби озмунҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла, ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ ва 1150-солагии Абуабдуллои Рӯдакӣ, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020”, ҳамчунин, ғолиби Озмуни байналмилалии касбии педагогӣ — «Омӯзгори сол»-солҳои 2020-2021, ғолиби Озмуни дарёфти “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соли 2021 мебошад. Инчунин, ӯ муаллифи 19 дастури методӣ, 34 мақолаи илмӣ, 99 мақолаи методӣ-тарбиявӣ, 2 ихтироот (патент), 4 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 1 Шаҳодатномаи муаллифии байналмилалӣ буда, барои хидматҳои зиёди бенуқсон бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон-2010, Аълочии матбуоти Тоҷикистон-2021 ва ғайра, қадрдонӣ гардидааст.
Айни замон А. Зумратов дар Литсейи №3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз фанни химия дарс медиҳад, дар таълиму тарбияи наврасон саҳми бузург дорад. Мавсуф, ҳамзамон, бо нашрияҳои соҳаи маориф ҳамкории густарда дошта, яке аз муаллифони фаъолу доимии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба шумор меравад.
Ҳасан Азизов,
«Маърифати омӯзгор»