
Баҳори АВАЗ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Душанбеи нозанин-пойтахти кишвари азизамонро, бо ишора ба соли таъсиси он дар соли 1924, аксаран “шаҳри ҷавон” мегӯянд, аммо агар ба саҳифаҳои таърихи ин минтақа жарфтар бингарем, дармеёбем, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво асрҳо қабл маданият, шаҳрнишинӣ арзи ҳастӣ карда, мардум зиндагии осоиштаву хуррамонае ба сар мебурданд.
Пойтахти имрӯзаи мо, ки бо зебоиву дилороияш меҳмонони дуру наздикро мафтуни худ мегардонад, воқеан, шаҳри қадимию бостонӣ ва дорои таърихи бой аст. Дар ин бора этнографи рус Е.В Зеймал нигошта буд, ки дар асрҳои 11-13 дар мавзеи имрӯзаи Душанбе шаҳри ободу зебое вуҷуд дошт. Қадимтарин осори зиндагии инсон дар қаламрави Душанбе ба асри санг-неолит мутааллиқ аст ва олимон ин давраро дар таърих “маданияти Ҳисор” номгузорӣ кардаанд. Ҳамчунин, аз ҳудуди пойтахт олоти гуногун, асбобҳои сангиву мисӣ, бозёфтҳои нодири давраи асри биринҷӣ ба даст омадаанд, ки ба таърихи куҳан доштани шаҳр далолат мекунанд.
Бо вуҷуди доштани гузаштаи неку куҳан авҷи пешрафту шукуфоии Душанбе ба айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз рост меояд. Бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси дурандешу бунёдкори шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизамон ба шаҳри орзуҳо табдил ёфта, машҳури олам ва вирди забони мардуми ҷаҳон гаштааст. Роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан, миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем.
Боиси хушнудии мо-сокинони Душанбест, ки бо роҳандозии сиёсати муваффақонаи Ҳукумати кишвар дар пойтахтамон муҳимтарин маросиму ҳамоиш, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва дар сатҳи баланд баргузор мешаванд, ки обрӯву нуфузи сарзаминамонро дар дунё меафзояд.
Ҳамзамон, ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ҳар сол ба шанбеи сеюми моҳи апрел рост меояд, тадобири гуногуни фарҳангию адабӣ андешида шуда, ҳамоишу конфронс ва дигар маросими хотирмону диданӣ баргузор мешаванд. Бо ҳамин мақсад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» чорабинии бошукӯҳ ороста гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, намояндагони раёсату бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, кормандони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш Дилбар Одилзода, Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Зинатулло Исмоилзода сухан гуфта, қайд карданд, ки маҳз бо ташаббус ва ибтикори беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва заҳмату меҳнати шабонарӯзии халқи сарбаланди тоҷик имрӯз пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба яке аз маконҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки бо саҳми бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз пойтахти азизамон дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, сайёҳӣ ва ғайра, рушд карда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шаҳри дилоро шинохта шудааст. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии шаҳрдори пурталошу созанда, муҳтарам Рустами Эмомалӣ рисолаташро ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон сарбаландона иҷро намуда, ба маркази иқдомҳои тозаву оянданигарона ва шаҳри диданию ҷолиб табдил ёфтааст.
Дар ҳамоиш, ҳамзамон дарҷ гардид, ки ин ҳама рушд ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи сартосарӣ, суботу амният ҳамчун пойдевор ва заминаи ҳамаи пешрафту музаффариятҳо дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлол афзун менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур “Намоиши аксҳои Душанбе” — кори аксбардори номвару хушсалиқа Дидор Саъдулоев доир гардид, ки 100 аксро аз мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе манзури аҳли завқу зебоӣ гузошта буданд. Бо дидани ин аксҳои назаррабо ҳозирин бо таҳаввулоти чашмгир, рушду пешрафти пойтахти азизамон дар чанд соли охир бевосита ошно гардиданд.
Дар қисмати дигари маросим пресс-тур оид ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони васоити ахбори омма, ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон доир гардида, иштирокдорон бо хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ-автобусҳои дуқабатаи “Сайри Душанбе” аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе дидан намуданд, ки бо зебоиву дилфиребии худ ба дили бинандагон фараҳу шодӣ бахшиданд.
Тамошои кӯчаҳои музайяну ороста, гулбоғҳои сабзу хуррам, мушоҳидаи хиёбону кӯчаҳои тозаву озода, гулгаштҳои беназиру пероста ба руҳу равон неруву сурур мебахшид. Дидани вусъати ободкориҳои пойтахт таҷассумгари он аст, ки шаҳри Душанбе дар чанд соли охир ба марҳилаи олии рушду инкишоф расидаву бешак, ба шаҳри орзуҳо, ба шаҳри тозаву босафо, ба шаҳре мубаддал гашта, ки ҳар сайёҳ, ҳар меҳмоне, ки ба Душанбе қадам ранҷа мекунад, мехоҳад, боз дубора ба ин шаҳри афсонавию диданӣ, сарсабзу хуррам, гулпӯшу гулпираҳан баргардад.