Абдуназар ТАҒДИРОВ,
омӯзгори Донишкадаи омӯзгории
Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Муҳимтарин васила барои шинохти давлату миллат рамзҳои давлатӣ буда, дар тафаккур ва иродаи фарзандони ҳар миллат ҷасорат, муҳаббат ва садоқатро таҳким мебахшанд. Дар ин нигошта андешаҳои худро доир ба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» манзур менамоям, ки дар раванди дарсҳои боз ҳамчун маводди иловагӣ метавонад барои устодону омӯзгорон ба кор ояд.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ ва ифтихори давлативу миллианд, ки аз ҳастии таърихии миллат, давлати соҳибистиқлол ва ваҳдати устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Суруди миллӣ дар кишвари мо мақоми хосса дорад, зеро он садои ормонҳои ҳазорсолаи халқ, ифодаи шуури ҷамъиятӣ ва посух ба ниёзҳои руҳиву равонии миллат мебошад. Эҳтиром гузоштан ба Суруди миллӣ маънои эҳтиром ба Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва гузаштаи пурифтихори халқро дорад. Ин на танҳо як суннат ё талаботи расмӣ, балки вазифаи ахлоқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди миллат мебошад.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оҳанги мутантан, балки тапиши қалбу фурӯғи руҳи зиндаи давлату миллат аст, ки дар он ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва ваҳдати ҷомеа ба таври рамзӣ таҷассум ёфтааст.

Дар лаҳзаҳои муҳим – шуруъ аз маросимҳои давлатӣ, чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ то ҷамъомадҳои миллӣ ва байналмилалӣ садо додани Суруди миллӣ дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси ифтихору садоқатро бедор мекунад. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, эҳтиром гузоштан ба он бо қад амал кардан ва бо диққати том сароидани он нишонаи фарҳанги баланду маърифати шаҳрвандии мост.

Эҳтироми Суруди миллӣ ҷузъи муҳимми тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад.

Эҳтиром ба Суруди миллӣ эҳтиром ба арзишҳое чун истиқлол, ягонагӣ, сулҳ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар аст. Маҳз тавассути чунин эҳтиром мо метавонем дар ниҳоди насли ҷавон ҳисси масъулият, ҳувияти миллӣ ва садоқат ба Ватанро тарбия намоем. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши мазмуни Суруди миллӣ ва тарғиби маърифатии рамзҳои давлатӣ бояд ба унсури доимии тарбияи маънавӣ табдил шавад. Омӯзгорон ва падару модарон вазифадоранд, ки дар қалби кӯдакон ва наврасон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, хосса, Суруди миллиро бедор созанду тақвият диҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат ба рамзҳои давлатӣ ба воситаи қонуни махсус ба танзим дароварда шудааст. Ба вежа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи дуруст ва муносибати боэҳтиромро нисбат ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян менамояд. Беэҳтиромӣ ба Суруди миллӣ – хоҳ аз тариқи амал, хоҳ бо гуфтор – на танҳо қонуншиканӣ, балки таҳқири эҳсоси миллӣ ва арзишҳои умумимиллӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, ҷиҳати риоя ва арҷгузорӣ ба Суруди миллӣ на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва аҳли зиё низ бояд нақши фаъол дошта бошанд.

Барои миллати тоҷик, ки садсолаҳо заҷри таърих кашидаву борҳову борҳо сарзаминҳояш аз ҷониби аҷнабиён тороҷ шудааст, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таъсири фарҳангҳои бегона рӯз то рӯз бештар мегарданд, аз воҷиботи миллию инсонӣ маҳсуб мешавад. Ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, эҳтироми беандоза ба Суруди миллӣ, воситаи муҳимми нигаҳдории ҳувият ва суботи маънавии ҷомеа мебошад.

Шоистаи зикр аст, ки фарҳангу тамаддун ва ахлоқу ҳувияти ҳар миллат дар арсаи байналмилалӣ аз арҷгузорӣ ба рамзҳои миллию давлатии он ҳувайдо мегардад. Мутаассифона, дар рӯзгори мо, ки аз ҳар бурҷ фавҷ – фавҷи иттилооту таблиғот болои шуури насли наврасу ҷавон ворид мешавад, ҳолатҳое дида мешаванд, ки бархе афрод аз сабаби камсаводӣ нисбат ба Суруди миллӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷамъомаду чорабиниҳо бо шеваҳои ноҷо рафтор кардан, нодуруст хондану талаффуз намудан ё бо телефон машғул шудан зимни садо додани Суруди миллӣ нишонаи костагии маданият ва норасоии маърифат аст. Чунин рафтор бояд тавассути тарбия, маърифатнок кардан ва ҳангоми зарурат бо истифода аз чораҳои қонунӣ ислоҳ шаванд. Зеро эҳтиром ба Суруди миллӣ ва посдорӣ аз он арҷгузорӣ аз номуси миллату давлат ва насли оянда аст.

Суруди миллӣ дар баробари аҳаммияти рамзӣ доштан, неруи муттаҳидсозанда дорад. Он тамоми гӯшаву канори кишварро дар як навои воҳид гирд меорад. Ин неру қобилият дорад, ки мардумро новобаста аз забон, маҳал, синну сол ва касбу кор дар як фазои маънавии умумимиллӣ муттаҳид созад. Аз ҳамин лиҳоз, Суруди миллӣ на танҳо рамзи давлатӣ, балки аломати ирода ва якпорчагии миллат мебошад.

Хулоса, ҳамчун фарзандони Тоҷикистони азиз, ҳар як шаҳрванди бедордил бояд донад, ки эҳтиром ба Суруди миллӣ – эҳтиром ба хештан, ба решаҳои хеш, ба гузашта, ба ҳозира ва ояндаи худ мебошад. Танҳо миллате метавонад дар ҷаҳони муосир пойдору муваффақ бошад, ки рамзҳои миллии худро гиромӣ дорад, муҳиммияти онҳоро ба наслҳои баъдӣ биомӯзонад ва эҳтиромашонро ҳамчун рукни худшиносии миллӣ воло гузорад.

Дар фарҷоми матлаб, барои шумо — хонандагони азиз, матни комили Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзур менамоям:

Шеъри Гулназар Келдӣ

Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем,

                                              кашидаем

 Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 Барои нангу номи мо

Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту,

                                            канори ту

 

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,

                                             ҳабиби мост,

 

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *