Шаҳло Эшонова,
рӯзноманигор,
тарҷума аз забони русӣ
Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки иқдоми шоиставу мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Андешаҳои нависандаи англис, муаллифи асарҳои машҳури фантастикӣ Нил Гейман доир ба моҳият ва манфиати китоб хондан хеле аҷиб ва судманд буда, ҳар як хонандаро зери таъсири худ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки ҳиссае аз афкорашро тарҷума намуда, ба шумо-хонандагони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» пешниҳод намоям.
Агар дӯстони риёзидонатон аз шумо суол кунанд, ки чаро бояд адабиёти бадеӣ мутолиа намуд, ба онҳо ин матнро бидиҳед. Агар дӯстонатон ҳамарӯза шуморо бовар мекунонанд, ки ба наздикӣ тамоми китобҳо электронӣ мешаванду дигар китобҳои чопӣ боқӣ нахоҳанд монд, ба онҳо низ ин матнро бидиҳед. Агар шумо бо эҳсоси хуш ва ё баръакс ба китобхона рафтанатонро ба хотир меоред, ин матнро мутолиа кунед. Агар кӯдакони шумо ба воя мерасанд, ин матнро ҳамроҳи онҳо бихонед ва агар шумо сари он меандешед, ки чиро ва чӣ гуна ҳамроҳи кӯдакон бояд мутолиа кунед, пас боз ҳам ин матнро бихонед.
Барои ҳар як нафар мавқеи худро муайян намудан ё ба қавле баёни манофеъ, хеле муҳим аст.
Ман мехоҳам, бо шумо доир ба аҳаммияти хониш суҳбат кунам, дар ин хусус ибрози андеша намоям, ки хондани китобҳои бадеӣ ва хондан ба хотири лаззат бурдан, яке аз муҳимтарин унсурҳо дар ҳаёти инсон мебошад ва бешак, ман ба хондан майлу рағбати беандоза дорам. Чун нависанда ҳастам ва муаллифи осори адабӣ. Ман ҳам барои кӯдакон, ҳам барои калонсолон асарҳо эҷод кардаам. Зиёда аз 30 сол боз ман ба қавле бо нӯги қалам ризқу рӯзии хешро пайдо мекунам, 30 сол боз бо сухан сару кор дорам. Яъне, воқеаву рӯйдодҳоро дидаву ба риштаи тасвир мекашам. Бешубҳа, ман хеле мехоҳам, ки одамон нигоштаҳои маро мутолиа кунанд, адабиёти бадеиро мутолиа кунанд, то китобу китобхонаҳо арзи ҳастӣ намоянду дар қалби хонанда нисбат ба китобу китобхонӣ тухми муҳаббат бикоранд. Хуллас, ман ҳамчун адиб нисбат ба хониш рағбати зиёд дорам.
Боре дар Ню-Йорк шоҳиди гуфтугӯи ду нафар шудам. Онҳо дар бораи сохтмони маҳбаси шахсие суҳбат доштанд. Сохтмони чунин иншоот дар Амрико аз соҳаҳои саноати босуръат рушдкунанда маҳсуб меёбад. Ҳангоми бунёди маҳбасхонаҳо бояд рушди минбаъдаи ин соҳа ба инобат гирифта шавад. Масалан, ба нақша гирифта шавад, ки барои ин маҳбас чанд ҳуҷра лозим аст? Шумораи маҳбусон баъди 15 сол чӣ қадар хоҳад шуд? Ва онҳо як чизро кашф намуданд, ки инро пешгӯӣ кардан хеле осон аст, барои ин аз алгоритми содатарин истифода менамоянд, ки аз чунин назарсанҷӣ асос ёфтааст: чанд фоизи наврасони 10-11-сола хонда наметавонанд? Албатта, наметавон гуфт, ки дар ҷамъияти бомаърифат ҷинояткорӣ вуҷуд надорад, аммо алоқаи байни омилҳо мушоҳида мешавад. Ман гумон мекунам, ки омили зер аз омилҳои асосӣ аст:
Одамони бомаърифат адабиёти бадеӣ мехонанд.
Адабиёти бадеӣ ду хусусияти асосӣ дорад:
Нахуст, он дар ниҳоди шумо вобастагиеро ба хондан ба вуҷуд меорад. Хоҳиши зиёди донистани он, ки давоми қисса чӣ мешавад, шавқи сафҳагардонӣ, зарурати идома додан, ҳатто агар ин душвор ҳам бошад, зеро нафаре дучори бадбахтие гаштаасту ту бояд донӣ, ки он воқеа бо чӣ меанҷомад… Ин шуморо водор месозад, ки бо калимаву ибораҳои нав шинос шавед, фикррониатонро тағйир дода, ба пеш рафтанро идома диҳед ва оқибат дарк намоед, ки хондан лаззат бурдан ва ҳузуру ҳаловат аст. Агар як дафъа инро дарк намудед, шумо аллакай дар роҳи мутолиаи доимӣ қарор мегиред.
Хониши муқаррарӣ кафили боҳушу бомаърифат ба воя расидани кӯдакон мебошад. Барои ин шавқи хонишро дар ниҳоди онҳо бедор намудан даркор аст, то дарк кунанд, ки хондан машғулияти хушу гуворост. Муҳимтар аз ҳама, китобҳое пайдо намоед, ки мутобиқ ба завқу хоҳиши онҳоянд ва барои китоб хондани онҳо шароит фароҳам созед.
Барои кӯдакон муаллифони бад вуҷуд надоранд, онҳо саргузаштҳои барояшон ҷолибро мехонанд ва худ низ ба ин қиссаву саргузаштҳо ворид мегарданд. Матнҳои ба назари шумо куҳнаю забонзада барои онҳо нав ҳастанд. Чун кӯдак онро бори нахуст кашф мекунад ва табъу завқи ҳар яки онҳо гуногун аст. Ҳаргиз кӯдаконро, бо андешаи он ки онҳо адабиёти нописандро мутолиа мекунанд, аз хондан бознадоред. Шояд маҳз адабиёте, ки писанди шумо нест, роҳкушои онҳо барои мутолиаи доимии асарҳои бадеӣ бошад.
Нақши дигари адабиёти бадеӣ ин аст, ки он хаёлпарастиро тавлид месозад. Вақте шумо ягон филм ё намоиши телевизиониро тамошо мекунед, он воқеаҳоеро мебинед, ки бо дигарон рӯй медиҳанд. Асари бадеӣ чизест, ки худи шумо онро аз руъёҳо, аз тахайюлот месозед, барои худ олами дигар бунёд мекунед, ба он ворид мешавед ва ба атроф бо чашми дигар менигаред. Шумо ҳама чизро дигаргуна эҳсос мекунед, ба сайри олами дигар мебароед, оламе, ки қаблан намешинохтед. Шумо дарк мекунед, ки олами берунӣ ин худи шумо низ ҳастед. Шумо як навъ дигар мешавед ва вақте ба дунёи худ бармегардед, дар ниҳоди шумо каме тағйирот ба назар мерасад.
Хаёлпарастӣ ин усул ё воситаест, ки одамонро ҷамъ овардаву имкон медиҳад, то онҳо на ҳамчун ашхоси танҳою худписанд, балки дигаргуна рафтор намоянд. Ҳамчунин, шумо дар китобҳо чизҳои ҳаётан муҳимеро барои вуҷуд доштан дар ин дунё кашф мекунед. Ва яке аз онҳо ин аст: муҳим нест, ки ту ҳатман ҳамин гуна бошӣ, ҳама чиз метавонад тағйир ёбад.
Соли 2007 ман дар Чин дар кори конвенти миллӣ оид ба фантастикаи илмӣ ширкат доштам. Он ҷо ман аз як намояндаи расмии ҳукумат суол кардам:
— Бо кадом мақсад? Охир фантастикаи илмӣ муддати тӯлонӣ эътирофнашуда буд? Чӣ тағйир хоҳад ёфт?
— Хеле одӣ, — гуфт ӯ. — Чиниҳо чизҳои олиҷаноб бунёд мекунанд, агар лоиҳаашон ба онҳо пешниҳод гардад. Аммо худи онҳо ягон чизро беҳтар насохтаанду чизе ихтироъ накардаанд. Онҳо ихтироъкор нестанд. Аз ин рӯ, онҳо намояндаҳои худро ба ИМА, ба Apple, Microsoft, Google фиристода, миёни одамоне, ки ояндаро фикр карда баровардаанд, доир ба худашон пурсиш гузарониданд ва кашф карданд, ки онҳо дар хурдсолиашон фантастикаи илмиро хонда будаанд.
Адабиёт ба шумо дунёи дигарро муаррифӣ менамояд. Он шуморо ба ҷойҳое мебарад, ки қаблан надида будед. Вақте як маротиба ба дунёи дигар ворид мешавед, мисли онҳое, ки меваҳои афсонавиро чашидаанд, шумо дигар наметавонед аз дунёе, ки бузург шудаед, комилан қаноатманд бошед. Қонеъ набудан одамро ба кор водор мекунад.
Агар ҷои махсусе барои китоб набошаду кӯдакон натавонанд онҳоро мутолиа кунанд, муҳаббати кӯдакон ба мутолиа аз байн меравад. Ман кӯдаки хушбахт будам, чун вақте бузург шудам, соҳиби як китобхонаи олиҷанобе дар ноҳия будам. Инчунин, волидоне доштам, ки ҳар бори ба кор рафтанашон, дар вақти таътил маро ба он китобхона мерасониданд.
Китобхона ин озодӣ аст. Озодии хониш, озодии муносибатҳо. Ин маълумотест, донишест, ки ҳатто вақти мактаб ва ё донишгоҳҳоро хатм кардан низ тамом намешавад, фароғатест, паноҳгоҳест ва роҳест ба самти иттилоот.
Ба андешаи ман ин ҷо ҳама гап сари моҳияти иттилоот аст. Иттилоот нарх дорад, аммо иттилооти ҳаққонӣ ва дуруст бебаҳост. Мо дар тӯли мавҷудияти бани башар дар давраҳои норасоии иттилоот зиндагӣ кардаем. Ба даст овардани иттилооти зарурӣ ҳамеша муҳим ва ҳамеша арзишманд буд. Кай бояд иттилоъро паҳн кунем, ашёро, харитаро, саргузашту қиссаҳоро аз куҷо дастрас намоем – ин чизҳоеанд, ки ҳамеша арзиш доштанд. Иттилоот ҳамеша арзиш дошт ва нафаре, ки соҳиби он буд, ҳамеша пешдаст буд.
Солҳои охир мо ба сарбории афзуни иттилоот ва зиёдшавии беҳади он расидаем. Ба андешаи Эрик Шмидт аз Google акнун ҳар ду рӯз пас нажоди одамӣ чандон иттилооте месозад, ки мо аз давраи пайдоиши нахустин тамаддун то ба имрӯз сохтаем. Имрӯз вазифаи асосӣ на дар биёбон гули нодир пайдо кардан, балки ҷустуҷӯи гиёҳи мушаххасе дар биёбон аст. Мо дар самти дарёнавардӣ ба кумак ниёз дорем, то дар байни ин иттилоот он чизеро пайдо созем, ки дар ҳақиқат ҳам, бароямон лозим аст.
Китоб як василаи робита бо гузаштагон аст. Ин усули омӯзиш аз онҳоест, ки дигар бо мо нестанд. Инсоният худро сохт, рушд намуд, навъҳои донишу маърифатро, ки метавонанд онҳоро ташаккул диҳанд, тавлид кард. Афсонаҳое мавҷуданд, ки аз аксари кишварҳо куҳансолтаранд, афсонаҳое, ки муддатҳои тӯлонӣ маданияту монеаҳо ва он деворҳоеро, ки онҳо бори нахуст он ҷо қисса шудаанд, таҳаммул намудаанд.
Агар шумо арзиши китобхонаро намедонед, пас арзиши иттилоот, маданият ва ё ҳикматро низ намедонед. Садои гузаштаро фурӯ менишонеду ба оянда осеб мерасонед.
Мо бояд бо фарзандонамон бо овози баланд китоб хонем. Бо онҳо чизеро хонем, ки барояшон фараҳу шодмонӣ мебахшад, саргузаштҳоеро бо онҳо мутолиа кунем, ки худ аз онҳо аллакай хаста шудаем. Бо садоҳои мухталиф бо онҳо гуфтугӯ кунем, завқи онҳоро бедор созем ва танҳо ба хотири он ки худашон хонданро омӯхтанд, мутолиаро қатъ насозем. Дар лаҳзаҳои танҳоӣ китоб бояд хонд, он лаҳзаҳое, ки бо садои баланд китоб мехонед, набояд касе машғули телефон, телевизор ва ё дигар корҳо бошад, яъне, ҳангоми китоб хондан тамоми ҷаззобият ва дилфиребиҳои ин дунёро як тараф бояд гузошт.
Мо бояд аз забон истифода кунем. Рушд кунем, ба маънои калимаву ибораҳои нав сарфаҳм равем ва донем, ки чӣ гуна аз онҳо бояд истифода намуд, бо забони содаву фаҳмо муомила карданро омӯзем ва он чизеро бигӯем, ки дар зеҳнамон ҳаст. Набояд саъй кунем, ки забонамон карахту беҳис бошад, набояд тавре вонамуд созем, ки он як чизи мурдаест, ки бояд қадраш кунем. Мо бояд забонро ҳамчун узви зиндае истифода кунем, ки мудом дар ҳаракат асту ҳарф мезанад, ба суханҳо маъно медиҳад.
Адибон, хосса адибони бачаҳо, дар назди хонанда уҳдадорӣ доранд. Мо бояд ҳақиқатро нависем. Вақте дар бораи одамоне, ки вуҷуд надоранд ва ё маҳалҳое, ки ҳаргиз дар он ҷо набудем, қиссаҳо эҷод мекунем, бояд бидонем, ки ҳақиқат ин чизе нест, ки дар асл рӯй додааст, балки он чизест, ки ба мо доир ба кӣ будани худи мо қисса мекунад.
Мо набояд хонандаи худро хаста кунем, балки воқеаҳоро тавре тасвир намоем, ки дар қалби онҳо бевосита хоҳиши варақгардон кардани саҳифаҳои минбаъда пайдо шавад. Яке аз воситаҳои беҳтарини ҷалб намудани хонандаи танбал ин тасвири саргузаштҳои ҷолибу хонданбобест, ки онҳоро ба мутолиаи минбаъдаи китоб водор карда метавонад.
Мо бояд ба хонандаи худ ҳақиқатро баён сохта, онҳоро мусаллаҳ ва ҳимоя намоем. Барояшон донишеро ҳадя кунем, ки дар ҳаёти начандон тӯлонии хеш аз таҷрибаҳои рӯзгор ҳосил намудаем.
Ҳамаи мо — ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон, ҳам адибону ҳам хонандагон, бояд орзуҳо дошта бошем.
Мо бояд аз тахайюлу руъёҳо кор барем.
Бубинед.Ман ҷиддӣ мегӯям. Лаҳзае бозистед ва ба биное, ки худ он ҷо ҳузур доред, назар андозед. Ман ба шумо чизи аҷиберо нишон додан мехоҳам, ки онро аллакай ҳама фаромӯш кардаанд. Ана он: ҳама он чизеро, ки шумо мебинед, аз ҷумла, ҳамин деворҳо низ бофтаи тахайюли нафаре ҳастанд. Касе фикр кардааст, ки дар курсӣ нишастан нисбат ба рӯйи замин нишастан хеле муносибтар аст ва курсиро ихтироъ кардааст. Касе усулеро фикр карда баровардааст, ки ман тавонам бо ҳамаи шумо худи ҳозир, бе ягон хавфи зери борон мондану тар шудан, озодона суҳбат дошта бошам. Ин утоқ ва ҳамаи ашёҳои ин бино баҳри он вуҷуд доранд, ки одамон боз ва боз ягон чизро фикр карда бароранд.
Мо бояд ашёҳои атрофи худро зебо гардонем. Набояд ин дунёро зишту қабеҳтар аз пештара гардониду уқёнусҳоро холӣ кард, набояд мушкилоти имрӯзро ба наслҳои оянда ба мерос гузошт. Мо бояд аз пушти худ нопокиҳоро тоза кунем ва фарзандонамонро дар дунёе, ки худ онро ифлос намудаем, ғорат кардаем ва вайрону валангор сохтаем, нагузорем.
Боре аз Алберт Эйнштейн суол карданд, ки чӣ бояд кард, то фарзандони мо боақлу закӣ бошанд. Ҷавоби ӯ муқаррарӣ ва ҳакимона буд. Агар шумо хоҳед, ки фарзандони шумо боақл бошанд, — гуфт ӯ, — барояшон афсона хонед. Агар хоҳед, ки онҳо беш аз ин боақлу закитабъ бошанд, барояшон бештар афсона хонед.
Ӯ арзиш ва моҳияти хониш ва тахайюлотро ба хубӣ дарк мекард. Умедворам, мо ба фарзандони хеш он дунёеро ба мерос хоҳем гузошт, ки онҳо хонанду илм омӯзанд, аз тахайюл ва руъёҳо кор бигиранд ва дарку фаҳми воло дошта бошанд.