Алишер РАҲИМЗОДА,
директори Институти математикаи ба номи
А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Асадулло ШАРИФЗОДА,
Олимҷон КАРИМЗОДА,
кормандони илмии институти мазкур

Аз баргузории ҷаласаи Шурои 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 19-уми феврали соли 2010 доир гардида буд, 15 сол сипарӣ шуд. Дар қатъномаи ҷаласаи созмони мазкур ҷашни ориёии Наврӯз ҳамчун ҷашни инсонсозу табиатофар эътироф шуда, истиқболашро дар саросари олам тавсия гардидааст. Ин қатънома, ки далолат аз оламшумулии фарҳанги миллати тоҷик аст, мояи ифтихор буда, ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо, ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум ёфтаанд, ниҳоят дастраси оламиён гардиданд”.

Ҳикмату суннатҳои Наврӯзро ниёкони мо асрҳои тӯлонӣ ҳифз карда, аз насл ба насл мерос гузоштанд. Ҳавзаи ҷашни Наврӯз нишон медиҳад, ки он дар баробари Тоҷикистон, дар ҷумҳуриҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арабистон, минтақаҳои Курдистони Сурия, Ироқ, ҷумҳурияҳои худмухтори Тотористон, Ёқутистон Федератсияи Россия ҳамчун иди миллӣ қайд карда мешавад. Дар ҳар яке аз ин сарзаминҳо ин ҷашни бостониро бо унвонҳои тоҷиконаи Наврӯз, Новрӯз, Ноорӯз, Неврӯз, Наурӯз, Найрӯз, Раббиъ ва амсоли инҳо ном мебаранду ид мекунанд.

Наврӯз иди бостонии халқҳои эронинажод мебошад, ки мутобиқи солшумории шамсӣ ба аввали Фарвардинмоҳ ё мутобиқи солшумории ҳиҷрии шамсӣ ба аввали моҳи Ҳамал мувофиқ меояд. Таърихи пайдоиши Наврӯз ва расму оинҳои ҷашнгирии он дар манотиқи гуногуни олам мавриди омӯзиш ва таҳқиқи хосса қарор дода шудааст. Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба асари машҳури таърихии “Наврӯзнома”-и ҳаким Умар Хайёми Нишобурӣ муроҷиат мекунем. Дар ин китоб, сабаби “Наврӯз” ном гирифтани ин ҷашн, чунин омадааст: “Чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, пас омад, чӣ ҳар сол аз муддат андаке кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввал дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданду таърих ниҳоданд:… Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст, оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол. Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад”. Ин таъкиди Хайёми бузург далолат бар он дорад, ки Наврӯз дар худ ҳикмату афкори илмӣ дошта, баргирифта аз табиат ва барои хушнудию беҳрӯзии насли башар мебошад.

Як унсури шинохти Наврӯз мушаххас будани моҳҳои ниёконамон аст, ки Умари Хайём дар асараш ин тавр қаламдод кардааст:

Фарвардинмоҳ бо забони паҳлавист, маъниаш чунон бошад, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки cap то сари вай Офтоб андар он бурҷ бошад.

Урдибиҳиштмоҳ. Яъне, дар ин моҳ ҷаҳон ба биҳишт монад аз хуррамӣ ва «Урд» дар забони паҳлавӣ маънои «монанд» бувад. Офтоб андар ин моҳ бар даври рост дар бурҷи Савр бошад ва миёнаи баҳор бувад.

Хурдодмоҳ он моҳ аст, ки хӯриш диҳад мардумонро аз гандуму ҷаву мева ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ҷавзо бошад.

Тирмоҳ. Ин моҳро бад-он Тирмоҳ хонанд, ки андар ӯ ҷаву гандум ва дигар чизҳоро қисмат кунанд ва тири Офтоб аз ғояти баландӣ фурӯд омадан гирад ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи Саратон бошад ва аввалмоҳ аз фасли тобистон бувад.

Мурдодмоҳ. Яъне, хок доди хеш бидод аз барҳову меваҳои пухта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубори хок бошад ва ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ӯ аз Офтоб мар бурҷи Асадро бошад.

Шаҳривармоҳ. Ин моҳро аз баҳри он Шаҳривар хонанд, ки барзгаронро додани хироҷ осонтар бошад ва Офтоб дар Сунбула бошад ва охири тобистон бувад.

Меҳрмоҳ. Ин моҳро аз он Меҳрмоҳ гӯянд, ки меҳрбонӣ бувад мардумонро бар якдигар. Аз ҳар чӣ расида бошад, аз ғаллаву мева насиб бошад, бидиҳанду бихӯранд ба ҳам. Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад ва оғози ҳариф [тирамоҳ, хазонрез] бувад.

Обонмоҳ. Яъне, обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд аз баҳри кишт ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ақраб бошад.

Озармоҳ. Ба забони паҳлавӣ озар оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошаду ба оташ ҳоҷат бувад. Ва навбати Офтоб дар ин моҳ мар бурҷи Қавсро бошад.

Даймоҳ. Ба забони паҳлавӣ дай дев бошад, бад-он сабаб ин моҳро Дай хонанд, ки дурушт бувад ва замин аз хуррамиҳо дурмонда бувад ва офтоб дар Ҷаддӣ ва аввали зимистон бошад.

Баҳманмоҳ. Яъне, ин моҳ ба ҳамон монад ва монанда бувад ба моҳи Дай ба сардӣ ва ба хушкӣ ва ба кунҷ андар монда. Ва тири Офтоб андар ин моҳ ба хонаи Зуҳал бошад, ба Далв бо Ҷаддӣ пайвандӣ дорад.

Исфандормадмоҳ. Исфанд ба забони паҳлавӣ мева бувад, яъне, андар ин моҳ меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гирад. Ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад ба бурҷи Ҳут.

Тавре мушоҳида шуд, ҳар моҳи солшумории ниёкони мо баргирифта аз вежагии табиати он буда, иртиботи асили инсон бо табиатро нишон медиҳад. 

Наврӯз иди пирузӣ бар халқе ва ё соати наҷот аз хатаре нест. Хусусияти ҷолиби Наврӯз он аст, ки ҷашн ба ҳеҷ як воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст. Оғози сол эълон кардани эътидоли баҳориро маҳз хуросониён дар таркиби суннати маънавиашон ҷой дода, онро дар гардиш гузоштанд. Дар ибтидо дастархони идонаи ин мардумро Ҳафтсин оро медод: сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд. Баъди аз ҷониби Хилофати араб забт шудани Осиёи Миёна мардум дастархони идонаро бо Ҳафтшин оро дода, анвои шин, шакар, шона, шамъ, шир, шарбат, ширбиринҷ гузоштанд.

Агар ба роҳи ба назар намоёни Офтоб аз нуқтаи назари илми астрономия назар афканем мебинем, ки Осмон гунбади бузургеро мемонад, ки ҷирмҳо дар он гӯё ҳамчун чароғҳо овезон карда шудаанд ва ҳар як ҷирми кайҳонӣ бо тартиби муайян ва барояш хос ҳаракат мекунад. Пӯшида нест, ки Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадоре давр мезанад, ки шаклаш ба доира монанд аст. Даври пурраи гардиши Замин ба 365 шаборӯзу (ш.р.) 5 соату 48 дақиқаву 46 сония ё ба 365, 24220 ш.р. баробар аст. Офтоб дар давоми гардиши солонааш аз рӯйи минтақаи бурҷҳо (Эклиптика) ҳаракат карда, дар муддати ҳар 30 рӯз (1 моҳ) аз бурҷе ба бурҷе ҷой иваз мекунад. Масалан, айёми баҳорон аз рӯйи бурҷҳои Ҳут, Ҳамал ва Савр, тобистон аз рӯйи бурҷҳои Ҷавзо, Саратон ва Асад, тирамоҳ аз рӯйи бурҷҳои Сумбула, Мизон ва Ақраб, зимистон аз рӯйи бурҷҳои Қавс, Ҷадӣ ва Далв мегузарад.

Аз тарафи дигар, агар мо экватори Заминро калон тасаввур кунем, дар кураи осмон он хатти экватори осмонро мемонад. Ҳамвории минтақаи бурҷҳо бо ҳамвории экватори осмон ҳамдигарро дар таҳти кунҷи 23,5 градус бурида мегузарад. Дар натиҷаи чунин буриш ду нуқтае пайдо мешавад, онҳо гӯё дар охирҳои диаметри осмон ҷойгир буда, яке нуқтаи эътидоли баҳорӣ (ЭБ) ва дигаре нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ (ЭТ) номида мешаванд. Офтоб дар давоми ҳаракати солонааш, тақрибан 21-уми март ба нуқтаи ЭБ мерасад, ки ибтидои баҳори астрономӣ (ИБА) ном гирифтааст. Ҳамин ки Офтоб ба нуқтаи ИБА расид, ҳам дар нимкураи ҷанубӣ ва ҳар дар нимкураи шимолӣ давомоти шабу рӯз бо ҳам баробар мешавад. Дар ҳақиқат, дар аввали бурҷи Ҳамал дар ҳарду нимкураи Замин рӯзи нав фаро мерасад, ки ниёкони мо ин лаҳзаро Наврӯз ном ниҳодаанд.

Дар сар то сари олам эҳёи табиат ба вуқуъ меояд ба кӯҳу даман абрҳои боронӣ паҳн мешаванд, гиёҳу сабзаҳо неш мезананд. Дар лаҳзаи нимрӯзӣ Офтоб нисбат ба уфуқ рӯз то рӯз баландтар мешавад ва ба ҳамин минвол 22-юми июн ба ҳолати максималӣ мерасад, ки онро инқилоби тобистонаи Офтоб (ИТО) меноманд. Дар ин вақт рӯзи дарозтарину шаби кӯтоҳтарини сол ба амал меояд. Дар гуфтугӯи мардумӣ ин лаҳзаро қиёми Офтоб меноманд. Минбаъд рӯзҳо кӯтоҳтар шудан мегиранд ва 23-юми сентябр Офтоб ба нуқтаи ЭТ мерасад. Дар ҳарду нимкураи осмон давомнокии шабу рӯз баробар мешавад ва минбаъд фасли тобистон ҷояшро ба фасли тирамоҳ иваз мекунад. Баъд давомнокии шаб зиёдтар шуда, рӯзҳо кӯтоҳтар мешаванд ва рӯзе, ки Офтоб ба нуқтаи инқилоби зимистона (ИЗ) расид, шаби дарозтарин-шаби ялдо фаро мерасад. Ин шаб, тақрибан ба 22-юми декабр рост меояд. Давомнокии рӯз оҳиста-оҳиста зиёд мешавад ва Офтоб 21-уми март боз ба нуқтаи ЭБ мерасад.

Соли 1076 дар шаҳри Исфаҳони Эрон бо фармони Маликшоҳи Салҷуқӣ Расадхонаи астрономӣ бунёд мегардад. Бо мақсади ба роҳ мондани мушоҳидаҳои амалӣ дар соҳаи нуҷум ва ба ин макони илмӣ роҳбарӣ кардан, дӯсти давраи ҷавониаш Абуалӣ Ҳасан, ки дар таърих бо номи Низомулмулк машҳур аст, Умари Хайёмро ба пойтахти давлати Салҷуқиён-шаҳри Исфаҳон даъват мекунад. Дар он замон тақвиме дар истифода қарор дошт, ки ёздаҳ моҳаш 30 рӯзӣ ва моҳи дувоздаҳумаш 35 рӯзро дарбар мегирифт. 5 рӯзи иловагиро ба моҳи дувоздаҳум аз он сабаб илова мекарданд, ки оғози сари сол, яъне, Наврӯз ба нуқтаи ЭБ мувофиқ ояд. Мутаассифона, рӯзи сари соли нав на ҳамеша ба нуқтаи ЭБ рост меояд. Маликшоҳ ба сарвари мунаҷҷимони расадхона-Умари Хайём супориш дод, то тақвиме омода созад, ки дар он ҷашни Наврӯз бо нуқтаи ЭБ мувофиқ афтад. Мунаҷҷими бузург ба тартиб додани чунин тақвим пардохт. Ӯ ҳамчун математик ба ин кор шуруъ кард. Ба унвони асоси тақвими нав касри 8/33-ро қабул кард. Ин каср чунин маъно дошт, ки дар 33 соли шамсӣ 8 солаш кабиса (аз 366 ш.р. иборат) ва 25 солаш муқаррарӣ (аз 365 ш.р. иборат) ҳисоб шавад. Барои он ки дар даври 33 сола баробарии шабу рӯз аз вазъи муқаррариаш берун наравад, солҳои кабиса 7 маротиба, баъди се сол ба соли чорум ва дар охир, баъди чор сол ба соли панҷум такрор мешуданд. Ҳамин тавр, солҳои кабиса дар тақвими нав солҳои 4-ум, 8-ум, 12-ум, 16-ум, 20-ум, 24-ум, 28-ум ва 33-юм такрор меёфтанд.

Хулоса, тақвими Умари Хайём, ки дар таърих бо номи “Тақвими Маликшоҳӣ” ё “Тақвими Яздигурдӣ” низ машҳур аст, то ҳол дар ҷаҳон дақиқтарин тақвим ба шумор меравад. Ҳисоби миёнаи сол дар ин тақвим ба 365 8/33 = 365, 24242 шаборӯз баробар аст. Ин бузургӣ аз қимати аслии соли астрономӣ, ки ба 365, 24220 баробар аст, ҳамагӣ ба бузургии 0,00022 ш.р. фарқ мекунаду халос. Ин чунин маънӣ дорад, ки тақвими Умари Хайём дар 4500 сол 1 шабурӯзро ҳосил мекунад, дар сурате, ки тақвими исавӣ (григорианӣ) дар 3280 сол ба 1 шабурӯз баробар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *