Дӯстмурод ШЕРЗОД,
сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ
дар соҳаи маориф ва илми
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шароити таҳаввулоти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши технологияҳои муосир, масъалаи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ба яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо такя ба имконоти дохилӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда марҳилаи нави пешрафти худро оғоз намудааст.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегарданд, ба масъалаҳои муҳимми иқтисодии кишвар, хусусан, ба рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, рушди иқтисоди «сабз», ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода мешавад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) қайд карда шуд, ки тайи даҳ соли охир ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.

Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне, беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Ҳамчунин, ҷиҳати маблағгузории соҳаи маориф низ таъкидҳо карда шуда, қайд гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли гузашта, панҷуним баробар зиёд мебошад. Яъне, агар соли 2015 буҷети соҳаи маориф 2 миллиарду 918 миллион сомониро ташкил медод, дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 10 миллиарду 900 миллион сомонӣ расонида шуд ва мувофиқи нақша дар соли 2026 ба соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар кишварҳои  узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба ҳисоби миёна тақрибан 10%-и хароҷоти давлатӣ ба соҳаи маориф равона карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 — 18,8% ва дар соли 2025 қариб 22 фоизи буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф равона гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи кишварҳои дигар тақрибан аз 1 то 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2026 ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 15,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла, ба маорифу тандурустӣ, далели он аст,  ки Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳад.

Дар даҳ соли охир маблағгузории давлатӣ аз ҳама бештар ба рушди таҳсилоти томактабӣ равона шуда, соли 2015 миқдори 125 миллион сомонӣ ва соли 2025 ҳудуди 606 миллион сомонӣ барои рушди ин бахш ва дар маҷмуъ, ба таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 беш аз 7 миллиарду 707 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ маблағ масраф шудааст. Маблағгузории зинаҳои мазкур дар даҳ соли охир то 3,7 маротиба зиёд гардидааст.

Маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ яке аз механизмҳои меъёрии таъминоти буҷетии муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад, ки тибқи он ҳаҷми маблағгузории давлатӣ дар асоси шумораи воқеии донишҷӯён ва меъёри муқарраргардидаи хароҷот ба як нафар донишҷӯ муайян карда мешавад.

Дар доираи ин механизм маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба ҳаҷми хидматрасониҳои таълимии амалан пешниҳодшаванда ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона мегарданд.

Меъёри маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ дар асоси сохтори хароҷоти муассисаи таҳсилоти олӣ ташаккул ёфта, хароҷот барои пардохти музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон, таъминоти таълимӣ-методӣ ва иттилоотӣ, нигоҳдорӣ ва рушди пойгоҳи моддӣ-техникӣ, инчунин, хароҷоти идоракунӣ ва умумии хоҷагидориро дар бар мегирад.

Аҳаммияти маблағгузорӣ ба сари ҳар як нафар донишҷӯ барои низоми таҳсилоти олӣ, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ зоҳир мегардад, зеро ҳаҷми маблағгузорӣ мустақиман аз шумораи донишҷӯёни таҳсилкунанда вобаста мебошад. Ин ҳолат ба коҳиши хароҷоти ғайрисамаранок, оптимизатсияи барномаҳои таълимӣ ва такмили сохтори фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат мекунад.

Маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ ба васеъ гардидани мустақилияти молиявӣ-хоҷагидории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рушди идоракунии стратегӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарият барои натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ мусоидат менамояд.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Ҳамчунин, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда мешавад.

Танҳо дар 5 соли охир бо дарназардошти соли 2026 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 135 фоиз зиёд гардид, ки ин мутаносибан ба соли 2022 — 20%, соли 2023 — 20%, соли 2024 — 40%, соли 2025 — 30% ва соли 2026 — 25% рост меояд.

Муҳтавои санади сарнавиштсози миллат равшан нишон медиҳад, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва молияи давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромадии буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имкони сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *