Ҳ. ТАЛАБШОҲ,
“Маърифати омӯзгор”
Илм маҷмуи донишҳои мукаммали инсонӣ буда, маҳсули тафаккур ва коркардҳое мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва дар умум, ояндаи дурахшони инсоният равона шудааст. Илми муосир аз рӯйи хусусиятҳояш ба тамоми самтҳои ҳаёти инсонӣ: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ таъсири худро мерасонад. Бузургии илм аст, ки имрӯз кашфиёту дастовардҳои олимон ба ҳаёти мо ва умуман, ба тақдири тамаддуни инсонӣ дигаргуниҳои амиқ гузоштаанд. Илм василаест, ки давлату миллатҳо бо дастовардҳои илмӣ зиндагияшонро тағйир дода, саодати инсониро соҳиб мешаванд.
Бештари мутахассисону коршиносон ба он назаранд, ки имрӯз мақом ва моҳияти илм дар даврони мо дар қиёс бо замонҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфта, дар тамоми давлатҳои олам мавқеи беш аз пеш шоиста пайдо намудааст. Илми ҷаҳонӣ дар қарни 20 таҳаввулоти ҷиддиро сипарӣ намуда, ба тамоми бахшҳои зиндагии инсон ворид шуд. Имрӯз манзараи илмии олам дар тафовут аз қарнҳои пешин дигар шуда, ҷаҳони зудтағйирёбанда ба илм низ ҳамин хосиятро бахшидааст. Аз ин рӯ, дарки ашёву зуҳурот дар илмҳо ба куллӣ дигаргун шуда, фаҳмишҳои анъанавӣ метавонанд дигар ба марҳалаи кунунии рушди илму техника созгор набошанд. Дар ин замина идеалҳои илмӣ низ тағйир пазируфта, онҳо бештар ба шароити иҷтимоию фарҳангӣ вобастагӣ пайдо кардаанд. Дар илми муосир таҳқиқоти байнифаннӣ тавсеа ёфта, ҳамгироӣ ва ё баръакс, таҷзияи илмҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тамоми равандҳои зикршуда, инчунин, истифодаи ҳамагонии технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми самтҳои илм ва дигаргуниҳои илмӣ нақши илмро дар ҳаёти инсон ва нақши инсонро дар рушди илм хеле муҳим гардонида, онро ба ҳаёту мамоти инсоният ва бақои тамаддуни инсонӣ дар рӯи Замин мубаддал сохтаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони Истиқлоли давлатӣ илм дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷойгоҳи хосса касб намуда, махсусан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Бузургон гуфтаанд, ки ниҳоли илм дар замини фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мерӯяд. Имрӯз илму дониш ва технологияҳои инноватсионӣ ба муҳаррики рушди ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконоти васеъро фароҳам кардааст.
Ҳаётро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Ин нуктаро Роҳбари давлат барҳақ таъкид кардаанд, ки “Илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад. Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад… Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад”.
Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад. Рушди илму маънавиёт аз таълими густурдаву низоми мукаммал вобастагӣ дорад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба ин нукта таъкид намуданд: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.
Яке аз олимони бузурги бахши табиатшиносӣ В. И. Вернадский хеле хуб гуфтааст: “Тавассути илм ва техника инсон ба қувваи махсуси геологӣ табдил ёфт, чаро ки инсон тамоми сатҳи Заминро дигаргун сохт ва ҳатто, ба биосфера таъсири амиқ гузошт. Илова бар ин, инсон дар сурате инсони ҳақиқӣ мегардад, ки аз тариқи эҷодкорона азхуд кардани мерос бо наслҳои гузаштаи одамон дар радифи ҳамбастагии таърихию фарҳангӣ қарор дошта бошад”.
Амалӣ намудани ин иқдоми созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад. Барои боз ҳам тақвият бахшидани илм дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ байни аҳолӣ, ривоҷ додани ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» эълон карда шуд, ки он ҳамасола ба як шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба рушди илм ва таваҷҷуҳ ба он соҳа чунин иброз намуда буд: “Бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кор ширкат меварзанд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии неруи илмии муҳаққиқон самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст…”.
Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тайи чанд соли охир озмунҳои «Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Навовари беҳтарин» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор мешавад.
Шоистаи зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту суханрониҳояшон ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ — маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, зарурати пешрафту рушди ин соҳаҳои муҳимро таъкид мекунанд ва бо ташаббусҳои наҷибу беназирашон, ба монанди эълони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба таври бесобиқа боло бурдани андозаи маоши кормандони соҳаи илму маориф дар рушду нумуи бештари илми тоҷик саҳми мондагор гузоштаанд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат олимони заҳматпешаи ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илми тоҷик саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, балки самарабахш гардонидани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хосатан оммависозии илм ва дастовардҳои он низ тақозо карда мешавад.
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи илми тоҷик гиромӣ дошта мешавад. Дар ин рӯз конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, мизи мудаввару нишастҳои илмӣ ва озмуну ташаббусҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ташкили ин иқдомҳо бештар оммавӣ гардонидани илм дар ҷомеа мебошад.
Мутахассисону коршиносони соҳа ба он назаранд, ки дар шароити муосир оммависозии илм аҳаммияти худро гум накарда, ҳоло ҳам метавонад дар мубориза бо ҷаҳолат ва тафаккури ғайриилмӣ нақши муҳимро иҷро кунад. Аз ҷониби дигар, ба шарофати оммависозии донишҳои илмӣ робитаҳои ҷомеа бо илм густариш ёфта, ин амал таваҷҷуҳи доираи васеи аҳли ҷомеаро ба ҷаҳонбинии илмӣ ҷалб месозад… Аз ин рӯ, корҳои олимон ва муассисаҳои илмӣ дар самти оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ бояд бо назардошти қоидаҳои муайян сурат гирад. Бояд гуфт, ки оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ ҳам ба илмҳои табиатшиносию техникӣ ва ҳам ба илмҳои гуманитарӣ дахл дорад. Аз ин рӯ, масъулияти роҳбарони илмҳои гуманитарӣ дар ин кор имрӯз бештар аз пештар аст. Бо ҳамин сабаб, дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бояд ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, дастовардҳои даврони истиқлол, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмию дунявӣ, муқовимат ба паҳншавии таассубу хурофот ва афкори ифротии динӣ, фаҳмонидани таърихи миллат, моҳият ва манфиатҳои давлатдории миллӣ ва масъалаҳои дигари амсоли онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Илм яке аз самтҳои фаъолияти эҷодии инсон вазифаи коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои объективӣ оид ба воқеиятро иҷро намуда, онро ҳамчун тарзи махсуси дарёфти донишҳо, низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунанда оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ буда, на танҳо ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки ба сифати нишондиҳандаи асосии фарҳанг ва кафолати рушди муваффақонаи он низ баромад мекунад.
Донишмандон қалби инсонро раиси ҷумлаи узвҳо хондаанд ва ин раёсатро на барои қуввату бузургии қалб, балки ба хотири илму маърифат гиромӣ донистаанд. Бузурге чунин фармудааст: «Қалби инсон раиси аъзои ӯст. Раёсати қалб ба хотири қувваташ нест, зеро устухон аз қалб дида қавитару маҳкамтар аст. Раёсати қалб ба хотири бузургии он нест, чунки рони пой аз қалб дида бузургтар аст. Раёсати қалб барои тезию нозукии он нест, чунки нохун аз қалб дида бориктару тезтар аст. Пас, бидон, ки раёсати қалб дар бадани инсон танҳо ба хотири илму маърифат аст».
Воқеан, илм ба мисли чашмаест ширину зулол, ҳар кӣ аз он нӯшид, лаззату ҳаловати онро дарёфт ва ҳеҷ чизи дигарро аз он ширинтару лазизтар наёфт. Машғулияти инсон дар талаби илм лаззату ҳаловате дорад дар айни ҳол ва саодате дорад дар оянда.