С. ҶОНОНОВ,
устоди кафедраи ҷомеашиносии
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон,
профессор
Дар асри XXI, ки онро «Асри иттилоот» унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон ба тафаккури ҷомеа бисёр амиқ ва нишонрас аст. Расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд, аз ин лиҳоз, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гардидааст. Зеро иттилоот дар шароити кунунӣ танзимшаванда ва ё идорашаванда буда, дар ҳолатҳои лозима ҳамчун фишанг ва ҳатто, ҳамчун силоҳ низ истифода мешавад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазодди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроти номатлубаш ҳамчун вабои хатарнок доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, зарурати дарки амиқ ва пешгирии ҳамаҷонибаро талаб менамояд.
Афзоиши зуҳуроти терроризми байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи сайёраи мо боиси афзоиши назарраси таблиғот ва интишори ғояҳои террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ташкили экстремизм ва терроризми иттилоотӣ гардидааст. Воситаи асосии чунин фаъолияти харобиовар имкониятҳои ҳамеша нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошанд. Дар даҳсолаи охир мисолҳои таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар интернет мушоҳида мешаванд, ки ҳеҷ марзу бум надоранд.
Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба миллиардҳо доллар мерасад.
Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ мегардад, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам шуда, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, сарбории зиёдро ба буҷаи кишварҳо ворид месозад.
Яке аз роҳҳои муосире, ки ақидаҳои мардумфиребонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иттилооти ҳадафмандонаи созмонҳои ифротгаро, ки бар зидди якпорчагии давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳамбастагии миллат равона гардида, оқибат ба содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби шахсони кундфаҳму кӯтоҳандеш мегардад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад.
Дар сурате, ки мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотии муғризонаи душманони созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти давлату миллат таъсири манфӣ расонад. Мисоли равшани он, ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир мебошанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдонҳо, анҷом додани амалҳои гуногун ва ғайраҳо сурат гирифтааст.
Дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии тарҳрезишаванда, ҳар як узви ҷомеа бояд посухҳои муносиб диҳад, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Мо набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафӣ ва хомӯширо пеша кунем. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад. Ҳар яки мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқотҳои ҷудогона оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои хеш таъкид карда буданд, ки: «Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Тавре маълум аст, раванди инкишофи босуръати технологияи муосир, дар баробари пешравиҳо, як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе аз дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки инсоният кашф кардааст, имрӯз ба амнияти худи сокинони сайёра хатар эҷод намуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки зиёд гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ давлатҳоро водор сохтааст, ки ба амнияти иттилоотии худ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Роҳбари давлат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расидааст. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоъ ворид шуда, коркард мегардад, ки дар дохили он маводу хабарҳои пурғалат ва бардурӯғ (фейк) низ зиёд мебошанд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба ҷойи густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ табдил шуда, вазъи кишварҳо ва ҷомеаҳоро ноором менамоянд.
Дар ин раванди набардҳои иттилоотӣ, ки ҷиҳати нооромии кишварҳо равона шудааст, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустиродаву гумроҳ ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракии сиёсии ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, кишвари моро ҳамчун низоми давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳифз мекунад ва арзишҳои миллию таърихии кишвари моро барои ҳазорсолаҳои оянда солиму ҷовидон нигоҳ медорад.