Бахтиёр РАҲМОНОВ,
раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти
минтақаи Кӯлоб,
полковники мустаъфӣ
Инсонҳои меҳнатқарин ҳамеша дар пешбурди тамоми соҳаҳо нақши калидӣ доранд. Дар ин нигошта кору рӯзгори яке аз омӯзгорони ботаҷриба ва шинохтаи ҷумҳурӣ – Аслбӣ Шарипова, ки дар самти мактабу маориф заҳмати фаровон кашида, бо номи «Духтари Ватан» шинохта шудааст, тасвир мегардад. Умед дорем, барои ҷавонон манбаи омӯзишу ибрат хоҳад буд.
Аслбӣ Шарипова 16 сентябри соли 1940 дар ноҳияи Муъминобод, дар оилаи хидматчӣ — Шарифхӯҷа Абдураҳимов, ки умри бобаракаташро ба нафъи мардум ва кишвари худ сарф намудааст, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1947 бо сабаби идомаи кори давлатӣ падари Аслбӣ ба ноҳияи Даштиҷум сафарбар мешавад ва қаҳрамони мо синфи якумро бо ҳаваси бепоён дар ноҳияи болозикр оғоз мекунад. Он мактаб нимобод буд, вале дар чашми Аслбӣ Шарипова, ки хоҳиши беандозаи таҳсил дошт, чун қаср менамуд. Дар ин мактаб низ хондани ӯ дер давом накард. Аслбӣ бо сабаби ивази ҷойи кори падар дар ноҳияи Муъминобод ва сипас, дар шаҳри Кӯлоб таҳсилро идома дод.
Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 1959, ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил ва унвони баланди донишҷӯиро сазовор мегардад. Он солҳо ин толеъ ба ҳама насиб намегардид. Хушбахтона, солҳои донишҷӯӣ ӯ тавонист, сатҳи дониш, услуби самараноки азхудкунии мавзуъҳо, истеъдоду маҳорати роҳбариро омӯзад. Духтаракони ҳамкурс ва аз бахшу факултетҳои дигари донишгоҳ аз ӯ маслиҳат пурсида, дар таҳсилу коргузории худ истифода мекарданд. Омӯзгорони донишгоҳ ба ҳунар, истеъдод, маҳорат ва дараҷаи донишаш қоил буданд. Донишу рафтори ӯ эҳтиромашро дар миёни аҳли донишгоҳ боло бурда буд, аз ин рӯ, роҳбарият ба ӯ вазифаи назорат аз болои донишомӯзии духтаронро ба зиммааш гузошта буд. Бисёр китобу асарҳо, мақолаву таҳияҳои илмӣ-филологиву таърихии классикону муосирони тоҷикро шабу рӯз мутолиа мекард, ақидаҳои илмиву ҳаётиро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ пайваста ёддошт менамуд.
Мавсуф донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори забону адабиёт оғози кор мекунад. Пас аз як соли фаъолият, соли 1967 ба вазифаи мудири кӯдакистони №2-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуда, то соли 1975 дар ин даргоҳ кори таълим ва тарбияро самаранок пеш мебарад. Масъулиятшиносӣ, дараҷаи дониш, такмили сатҳи илм, тариқи корбарӣ ва таҷрибаи ҳаётиашро ба инобат гирифта, ӯро роҳбарияти шаҳру вилояти Кӯлоб, аввал, ба ҳайси директори китобхонаи вилоят дар шаҳри Кӯлоб, сипас, дар мактабҳои №1, №11-и шаҳри Кӯлоб директор таъйин мекунанд. Соли 1979 ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб таъйин гашта, ин масъулиятро бо дуои неки устодаш – Шариф Саидов қабул ва кори мустақилонаи давлатиро оғоз намудааст.
Дуруст аст, ки кор дар ин маснад осон набуд: вақти бештар, ташвишу чораандешии зиёдро талаб мекард. Дар он рӯзҳо дар сохтори давлатию ҳизбӣ намояндагони миллату халқҳои зиёди давлати собиқ Шуравӣ фаъолият мекарданд. Мактабҳои таълимашон ба забони русӣ, узбекӣ ё дузабона дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳо буданд. Мутаассифона, мактабу кӯдакистонҳо камшумор буду барои эҳтиёҷоти мардумро қонеъ гардондан теъдоди муассисаҳои таълимию тарбиявиро зиёд кардан зарур буд. Аслбӣ Шарипова таҳлили воқеии соҳаро дар назди роҳбарияти аввали шаҳру вилоят масъалагузорӣ мекард. Таъмини шароити кору зиндагӣ, ҳолати иҷтимоӣ, аз қабили хона барои кормандони соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузошт. Дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияи собиқ вилояти Кӯлоб омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, информатика ва ғайра намерасиданд. Ҳамаи ин мушкилиҳо аз масъули соҳаи маориф дурбинӣ, кордонӣ, масъулияти баландро талаб мекард. Аслбӣ Шарипова, ки пойдевори устувори таҷрибаи роҳбарӣ дошт, аз уҳдаи ин санҷишҳо бо дастгирии бевоситаи илмӣ-методии ҳамкорон бомуваффақият мебаромад. Ӯ дар баробари қобилияти баланд, боз сабру таҳаммул дошт. Аз мушкилӣ намеҳаросид ва ҳикмати “Мушкиле нест, ки осон нашавад”-ро ҳамеша такрор мекард.
Меҳнати ҳалол, кӯшишу ғайрати беандоза, натиҷаҳои кори содиқона ба ӯ эътибори хосса бахшид. Ба таҷрибаву қобилияти ӯ эътимод карда, соли 1980 Аслбиро ба маснади муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъйин карданд, ки дар симои зан-модари тоҷик сарпарастии коргузориву амалисозии соҳаи иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо ҷавонон, занон, оила, дин, ҳифзи иҷтимоиро дар бар мегирифт. Худаш мегуфт, ки “касе аз уҳдаи роҳбарӣ дар соҳаи маориф мебарояд, дар ҳар соҳаи дигар муваффақ мешавад”. Мардуми диёр ба ӯ эътимод намуда, дар се марҳалаи интихоботи вакилӣ ба ӯ ҳамраъйӣ карданд ва ӯ низ баҳри пешравии ҳаёти сокинони шаҳр заҳмат мекашид. Аслбӣ Шарипова дар ин мақом то соли 1986 кор карда, боз ба кори таълиму тарбия бармегардад. Ӯро ба ҳайси директори мактаби №9-и шаҳри Кӯлоб таъйин карданд, ки то соли 1992 ифои масъулият карда, ба нафақаи меҳнатӣ мураххас мешавад.
Шогирдон ба аёдати муаллимаи азизу маҳбубашон Аслбӣ Шарипова зуд-зуд рафта, аз ӯ машварат мепурсанд. Муаллима дар ҳар нишасту суҳбат омӯзиши донишҳои замони муосир, пайравӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва меҳнати поку заҳмати содиқонаро ба ҳамсуҳбатон таъкид мекунад. Инчунин, риояи танзими расму оин, ба бар намудани либосҳои миллӣ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон ва ҳимояи марзу бум, сулҳу суботи кишвар, рушду равнақи хоҷагии халқи диёрамон аз мавзуъҳои ҳамешагии суҳбаташ мебошад.
Аз мазмуну муҳтавои рӯзномаву маҷаллаҳои даврии кишвар бохабар буда, ба мутолиаи китобҳо машғул мебошад. Китоби дӯстдоштаву рӯйимизияш шоҳасари безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» аст. Гуфтан бамаврид аст, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сохторҳои марбутаи он бо собиқадори варзидаи соҳаи маорифу маданияти кишвар Аслбӣ Шарипова доимо дар тамос буда, мунтазам аз машварати пири кор баҳраманд мешаванд. Таъкид бояд кард, ки муаллима Аслбӣ Шарипова бо ҳарфи калон УСТОД, ЗАН ва МОДАР аст. Ӯ дар радифи бонувони номвару хидматкарда ба Ватан меистад.
Ҳукумати мамлакат хидматҳои ин зани оқила, модари мушфиқ, омӯзгори варзидаро ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 ӯ ба нафақаи меҳнатии дараҷаи «Барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор дониста шуд. Ҳамчунин, хидматҳои Аслбӣ Шарипова бо мукофоти зиёди давлатӣ, унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Инчунин, дар маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб гӯша бо гузориши корномаву расмҳои муаллима ҷой дода шудааст.
Хушбахтона, дар замони истиқлол занону модарон дар ҳама соҳаҳо фаъолона кор намуда, дар пешбурди соҳаҳои муҳим ва рушди кишвар саҳмгузор мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳо ва мақоми Зан-Модар дар ҷомеа дар асоси қонунҳо танзиму мушаххас шуда, ҳамеша бонувон аз дастгириҳои давлатӣ баҳраманд мешаванд. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар баромадҳояшон оид ба мақоми Зан-Модар ва бузургиву манзалати ӯ суханронӣ намуда, ба насли ҷавон ҳамеша падарона машварат медиҳанд, ки ба қадри модарони азизамон бирасем, эҳтиромашонро ба ҷо орем ва дуои неки модарро ҳамеша сазовор гардем.
