Барно САИДОВА,
омӯзгори кафедраи психологияи умумидонишгоҳии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ
Ба ифтихори 30-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тарбияи ватандӯстӣ падидаи ҷамъиятиву сиёсӣ буда, аз ибтидои ташаккули тамадунҳои инсонӣ таваҷҷуҳи олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва ҳукуматдорони замонро ҷалб намудааст. Рукни асосии рушди ҷамъияти муосир бо эҳёи худшиносии миллии халқи тоҷик, ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тавсиф меёбад. Бинобар ин, тамоми низоми омодасозии наврасону ҷавонон дар тарбияи худшиносӣ, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳимояи Ватан ва арзишҳои волои давлатдории миллӣ равона карда шудааст.
Масъалаи тарбияи ватандӯстӣ дар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангу нафаси баланди меҳанпарварӣ, ки реша аз таърихи беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик дорад, бо руҳи замони муосир тавъам гардида, тасвири муборизаи озодихоҳонаи халқи тоҷикро баҳри расидан ба соҳибистиқлолӣ, ки неъмати нодиру бебаҳост, дар бар гирифтааст. Суруди миллиро хурду калони мамлакат бо ифтихор, даст ба рӯйи сина месароянд. Иқдоми ватандӯстонаи муассисаҳои таълимӣ аст, ки он аз ҷониби хонандагон пеш аз оғози дарс мунтазам қироат карда мешавад. Ин раванд шаҳодат аз он аст, ки ҳар фарди худогоҳи тоҷик бо замзамаи Суруди миллӣ худро соҳиби фарҳанги баланди ватандорӣ ва молики ҳар пораи хоки марзи аҷдодӣ медонад. Ин тасаввур дар шинохти амиқу бештари Ватан, муқаддас донистани он, шоистаи дастгирӣ ва ба сифати равияи хештаншиносӣ дар марҳалаи кунунии замони муосир муҳим мебошад.
Ҳадафу ғояи меҳварии Суруди миллӣ аз шинос шудан бо марҳалаҳои таърихии муборизаҳои истиқлолхоҳонаи миллати тоҷик, умеду эътиқод ба марзи ниёӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ҷумла, мисраъҳои
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
далолат ба пос доштани таърих, парчам ва ояндаи пойдори кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад!
Хондани Суруди миллӣ ва дигар ашъори ватанпарастӣ меҳру муҳаббати Ватанро дар қалби ҳар як хонанда афзун намуда, шукӯҳу барҷастагӣ ва азамати кишвари куҳанбунёди тоҷикро бештару равшантар таҷассум менамояд. Аҳаммияти таърихиву ватанпарваронаи Суруди миллӣ, қабл аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки мо ба ваҳдату муттаҳиддии халқи тоҷик якпорчагию бақои ин марзу буми аҷдодӣ, раванди бунёдкорию созандагӣ баҳри пешрафту рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш ва талош меварзем. Бинобар ин, пос доштани арзишҳои миллӣ бениҳоят дар ташаккули ҳисси волои ватандӯстии насли наврас нақши беназирро иҷро менамояд.
Агар аз лиҳози забоншиносӣ ва маънавӣ низ таҳлил кунем, «Тоҷикистон, Ватан, зодгоҳ» ва монанди инҳо калимаҳои зебо ва хуҷастае мебошанд, ки бо шуниданашон хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар падид меоянд. Педагоги машҳур В.А. Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «инсон», «маънои зиндагӣ», «қарзи фарзандӣ», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат» «садоқат» алоқаманд мекунад. Воқеан ҳам, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як миллат ва инсонҳои он ва модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин имкон фароҳам овардааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Тавре шоир мегӯяд:
Ҳама сар ба сар сар ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва аз шири поки модар донистааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Агар ба масъалаи ватандорӣ аз лиҳози қудсият назар андозем, дар олам чанд муқаддасоти ҷовидонӣ ва беназир мавҷуд аст, ки Модару Ватан аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳисси волои ватандӯстӣ то дараҷаест, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон ва гадоияшро болотар аз шоҳии хоки бегона медонанд. Аз ин эҳсоси воло бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Ва бояд дарк кард, ки оромиву шукӯҳ, пешрафту тараққӣ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти баланди ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошаду дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон гардад, нозу неъмат фаровон мешаваду муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд. Муҳаббат ба Ватан, асосан, дар давраи кӯдакӣ зуҳур меёбад ва минбаъд дар заминаи тарбият ва омилҳои дигари муассир такмил пайдо мекунад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан дил мебандад, ки бе он наметавонад, ки хушбахту бахтиёр бошад. Ватандӯстӣ волотарин хислати инсон аст, садоқат ба Ватан бошад на дар суханпарокании бемаврид, балки саъю кӯшиш дар роҳи хидмат кардан ба он мебошад. Ифтихори мо-омӯзгорон аст, ки шогирдони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба марзу буми ниёгон тарбия намоем. Онҳоро ончунон ба воя расонем, ки шиори ҳамешагии зиндагиашон чунин бошад:
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ҳамчунин, тарбия ва инкишофи инсон ҳанӯз аз овони кӯдакӣ шуруъ шуда, дар ҳар як давраи синнусолӣ махсусиятеро ба худ касб менамояд. Ин хусусиятҳо сабабҳои ба вуҷуд омадан ва шакл гирифтани бисёр сифатҳои шахсӣ, ба монанди гапдароӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, хоксорӣ, ҳаётдӯстӣ ҳушёрию зиракӣ, нотарсӣ, чолокӣ ва ғайраҳо мегардад. Дар баробари ин, омили асосии баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тавассути донистани фарҳангу таърихи хеш, пос доштани арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад.
Омӯзгори барҷаста И.П. Павлов таъкид мекард, ки таълиму тарбия ҳосилшавии алоқаҳои наву мураккаб ва системаҳои онҳо мебошад. Тараққиёти психикии кӯдак аз тараққиёти системаи асаб ҷудо нест, худи системаи асаб, дар навбати худ, вобаста ба шароити берунӣ, дунёе, ки кӯдак дар он зиндагӣ ва амал мекунад, инкишоф меёбад. Ба ҳамин тариқ, қувваҳои пешбарандаи тараққиёти кӯдак хусусиятҳои модарзодии системаи асаби ӯ не, балки алоқаҳои нави асабӣ мебошанд, ки дар натиҷаи ҳаёту фаъолияти ӯ дар шароити муайяни ҷамъиятӣ ҳосил мешаванд. Ин ба он ишора мекунад, ки дар инкишофи кӯдак шароити ҷамъиятӣ-таърихӣ ва тарбия аҳаммияти пешбаранда доранд. Пас, ҳар як падару модар ва омӯзгору мураббиро лозим аст, ки дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон нақши арзишманд дошта бошанд.