17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *