Мижгона РАҲМОНОВА,
сармураббии кӯдакистони №3,
ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Кӯдакӣ ширинтарин лаҳзаҳои умри инсон аст ва ҳамаи инсонҳо ба гузашта назар меафкананду айёми бачагии худро ба ёд меоранд. Дар чунин лаҳзаҳо, бешубҳа, дар зеҳни худ ҳиссиёту андешаҳои дурахшонеро, ки бо кӯдакистон ва мактаб алоқаманданд, ба хотир меоранд.

Мураббӣ ва муаллим! Яқин аст, ки хотираҳои гармтарини айёми бачагӣ, оғози зиндагии пурбору ширини инсонҳо маҳз бо ин калимаҳо алоқаманданд. Мураббӣ кӯдакро дар остонае пешвоз мегирад, ки ӯ дар айёми ширини кӯдакӣ қарор дораду аз нутқи бурро, сирру асрори дунё ва аз олами илму маърифат бехабар аст. Мисли як варақи сафеди бедоғу олоиш. Мураббиро “модар” гӯем ҳам, хато намекунем, зеро ҳар як кӯдак, ҳар як наврасро бо меҳри бузурги модарона таълим медиҳад. 

Ҳар инсон дар зиндагӣ, аз ҷумла, дар интихоби касб роҳи худро дорад. Хушбахттарин инсон он касест, ки дар зиндагӣ аз интихоби кардаи худ пушаймон намешавад.

Роҳи мураббӣ шудан, ба олами таълиму тарбия ворид гаштанам душвору тулонӣ буд, вале бо боварӣ мегӯям, ки гузашти айём дурустии интихобамро исбот сохт. Ин ба ман имкон дод, ки дар соҳаҳои дигар фаъолият бурда, баъдан кори худро дар кӯдакистон оғоз кунам.

Дар ҷараёни фаъолияти худ дар кӯдакистон ва кор бо бачаҳо дарк кардам, ки ба фаъолияти мураббӣ баҳо додан душвор аст. Зеро хушбахтии кӯдакон ва тақдири ояндаи онҳо маҳз аз хирад, сабру таҳаммул ва таваҷҷуҳи мураббиву омӯзгор ба олами ботинии онҳо сарчашма мегирад.

Барои ман мураббӣ ё омӯзгор будан ин мазмуни ҳаётам гардид. Ман барои мураббӣ будан кор намекунам, балки бо касби худ ҳамнафасу ҳамдил ҳастам, онро дӯст медорам ва содиқона баҳри иҷрои рисолатам заҳмат мекашам. Имрӯз пешаи ман як қисмати бузурги ҳаётамро созмон медиҳад, зеро он бароям олами нав — ҷаҳони кӯдаконро кушод. Дар оғози ворид гардиданам хеле душвор буд, вале баъдан бо кӯдакон забон ёфтан, шодӣ кардан, хавотир шудан ва бо онҳо ҳамнаво шуданро омӯхтам.

Кӯдакон аҷоиб ҳастанд ва дунёи оинавор поку дили бузург доранд. Ҳамаи онҳо як шеваи ноби ширини худро дар қалби кӯчаку тафаккури бузургашон мепарваранд. Олами ботинии онҳо шавқовару зебо ва беғубор аст. Кӯдакон мекӯшанд, ки калонсолонро барои фикр кардан, мулоҳиза бурдан, хулоса баровардан маҷбур кунанд. Ҳар як кӯдак як ҷаҳони ба худ хос ва дидгоҳи хосса дорад. Яке овози хубу бурро дошта бошад, дигаре рассоми боистеъдод ва дигаре ҳозирҷавобу мушоҳидакори беҳтарин аст.

Ман ба он ақидаам, ки ҳар як падару модар бояд ба истеъдоди кӯдаки худ бовар кунад ва барои ташаккули он замина гузорад. Мураббиён ба кӯдакон меҳрубонӣ карданро меомӯзонанд ва қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф медиҳанд.

Ман вазифаи худро ҳангоми кор бо кӯдакон дар он мебинам, ки кӯдакро аз нав насозаму аз нав тарбия накунам, балки ӯро дарк намоям, ин инсони хурдакакро тавре ки ҳаст, бипазирам, лаёқату истеъдодашро инкишоф диҳам ва шахсияти кӯдакро бо дониш, маҳорат, эҳсосот ва таҷрибаи ҳаётӣ ғанӣ гардонам. Албатта, ин кори осон нест, мушкил аст.

Имрӯзҳо бо иродаи қавӣ ва талоши амиқ пайи ҷустуҷӯи роҳҳои бартараф кардани муаммоҳои пешомадаи педагогӣ мебошам. Ба пиндори банда, мураббӣ ва муаллим дар тарбияи насли нав ҳуқуқи хато карданро надоранд. Зеро аз рӯйи мантиқи илмӣ, агар як табиб иштибоҳ кунад, зарар ба як нафар мерасад, агар як муҳандис иштибоҳ кунад, зарар ба як бино ва ё иншоот ворид мешавад, вале агар мураббӣ ё омӯзгору тарбиятгар хато кунад, як миллат ё як ҷомеаи бузург ба мушкил мубтало мешаванд. Барои ин, мураббиён ва омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста дониши худро такмил диҳанд ва аз муваффақиятҳои касбии худ лаззат баранд.

Бинобар ин, ман низ кӯшиш мекунам, ки то ҳадди имкон кӯдаконро аввал худам омӯзам ва сипас, онҳоро дониш омӯзонам. Дар ҷараёни машғулиятҳо усули фаъоли таълим, воситаҳои техникӣ ва аёнияти нав ба навро истифода намоям, зеро ин маводди таълимӣ барои бедор кардани завқи кӯдакон ҷиҳати донишандӯзӣ замина мегузорад.

Кори хуби мураббӣ бештар аз муоширати ҳамарӯза бо волидон, бобову бибӣ ва дигар хешовандон вобаста аст, ки онҳо низ муносибати инфиродии худро талаб мекунанд.

Ҳаёти мураббӣ саҳифаест, ки аз хандаи кӯдакон, шеъру суруд, бозӣ ва рақси кӯдакон иборат аст.

Мураббӣ ва ё муаллим будан дар шароити муосир рисолати душвор ва пурмасъулият мебошад, зеро барои як мураббӣ ё омӯзгор на танҳо донишу таҷрибаи ҳамаҷониба, балки сабри беандоза, дар ҷустуҷӯи пайвастаи дониш будан ва навгониву навоварӣ дар фаъолият зарур аст.

Мураббӣ шахси дилсӯзу кӯдакдӯстдор аст ва ин меҳрубонии худро бедареғ ба кӯдакон бахшидааст. Бесабаб нест, ки бачагонро “гули ҳаёт” ва мураббиёнро “боғбон” меноманд. Меҳнати мураббиро метавон ба кори боғбон баробар кард, ки ба ҳар як ниҳоли боғ бо эҳтиёт ва аҳаммияти махсус муносибат мекунад.

Ҳамин тавр, дар фаъолияти ҳаррӯзаи мураббӣ муҳаббат ва дарки шахсияти кӯдак лозим аст, зеро дар фазои меҳру муҳаббат хусусияти ахлоқии ҳар як кӯдак зоҳир мешавад ва шахсияташ ташаккул меёбад.

Ба андешаи ман, муаллим хислатҳои шоистаи зиёд дорад ва маҳз бо ҳамин пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некаш аз дигар одамон фарқ мекунад ва ҳамеша барои халқ намунаи ибрат аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *