Панҷшанбе НАЗАРШО, 
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоби
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Об бузургтарин захира дар рӯйи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 миллион км2 бошад, аз он 361 миллион км2 ё худ 70%-и қисми онро об дар бар мегирад.
Об қисми асосии ҷисми зинда буда, дар равандҳои ҳаётӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. 70 дарсади бадани одамро об ташкил дода, ҳифзкунандаи узвҳои муҳим, нигоҳдорандаи ҳарорати бадан, ёрирасони табдилёбии ғизо ба энергия ба ҳисоб рафта, функсияҳои муҳимми ҳаётиро ба кор мемонад.
Об сарвати бебаҳои олами ҳастист. Тавре маълум аст, ҳаёт аввалин маротиба дар об пайдо шуда, баъдан ба хушкӣ паҳн шудааст. Яъне, сарчашмаи асосии ҳаёту зиндагонӣ дар рӯйи Замин об аст.
Об дорои сохтори мураккаб буда, молекулаҳои он хосияти ҷудонашавандагӣ доранд. Об дар табиат дар се ҳолати муқаррарӣ мавҷуд аст: моеъ, сахт ва буғ. Ба ғайр аз об, дар сайёра ҷавҳаре нест, ки дар ин се ҳолати муқаррарӣ вуҷуд дошта бошад. Лаҳзае тасаввур кунед: агар об намебуд, сайёраи Замин як макони холӣ аз организми зинда ва биёбони хушку холиро мемонд.
Инсоният қисми асосии обро барои кишоварзӣ ва саноату хоҷагӣ истифода мебарад. Ҳоло ҳар шаҳрванди мамлакатҳои мутараққӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 300 то 400 литр об сарф мекунад, ки дар баъзе давлатҳо ин нишондиҳанда то 1045 литр мерасад. Тибқи ақидаи олимон барои тандурустии инсон дар як шабонарӯз 2 литр об кифоя мебошад. Ғайр аз миқдор, сифати об низ набояд сарфи назар шавад, чунки аз 3/4 ҳиссаи бемориҳо ва 1/3 ҳиссаи ҳодисаҳои фавт вобаста ба манбаи об аст. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар бо сабаби истеъмоли оби ифлос ба касалиҳои гуногун дучор шуда, аз дунё мегузаранд.
Имрӯз норасоии оби тоза ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохта, яке аз мушкилиҳои асосии инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар Осиё зиёда аз 1 миллиард, Африқо 350 миллион ва Амрикои Лотинӣ зиёда аз 100 миллион нафар аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Аз рӯйи ҳисобҳо дар ҷаҳони имрӯз зиёда аз 1,5 миллиард нафар аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд.
Боиси хушбахтӣ ва шукргузорист, ки кишвари мо дорои захираи бузурги обӣ буда, дар ҳудуди мамлакат 947 дарё, 1300 кӯл ва 9139 пирях мавҷуд мебошад. Захираи оби Тоҷикистон ба 98,6 км3 баробар буда, аз ҷиҳати захираи об дар миқёси ИДМ дар ҷойи дуюм мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираи бузурги обӣ дар сиёсати байналмилалӣ дар саргаҳи ташаббус ва иқдомоти вобаста ба обу иқлим қарор дорад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашмаҳои бузурги оби тоза, бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, аз андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст. Офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфта, тайи 5–6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ 25% зиёд шудааст.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генералии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуд ва дар доираи он моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид, ки дар он ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагони ташкилоти гуногун аз 54 мамлакати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо пешниҳоди башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ду даҳсола 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ пайдо намуд, ки ин мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардошт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез дидан намуда, обҳои Тоҷикистонро неъмати бебаҳо хонд: «Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо доллар сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст». Инчунин, А. Гутерриш дар бораи нақши Пешвои миллат дар масъалаи об чунин иброз намуд: «Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза Роҳбарияти Олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзуи ҷаҳонии об аҳаммияти хосса зоҳир менамоянд».
Дар умум, масъалаи об барои инсоният бисёр пураҳаммият мебошад. Моро мебояд дар хотир дошта бошем, ки муносибати оқилона ба ин неъмати табиат барои ободии Тоҷикистони азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри ободӣ ва шукуфоии ватанамон аз пешниҳод ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат ҳаматарафа пайравӣ ва пуштибонӣ намоем.
