Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳуҷҷати давлатиест, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ моҳияти роҳнамоӣ дорад. Ин санади муҳим дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, тамоми ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа нақши бузург дорад.

Барои мардуми кишвари азизамон паёмҳои солонаи Сарвари давлат аз аҳаммияти хосса бархӯрдор аст. Аз ин рӯ, ҳар фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ҳамасола баргузории онро  бесаброна мунтазир мешаванд, матлаби онро бо таваҷҷуҳи хосса тамошо ва мутолиа менамоянд, мазмун ва мундариҷаи онро бо самимият мавриди омӯзиш қарор дода, дар татбиқ ва амалисозии муқаррароти он фаъолона ширкат меварзанд. Ин бесабаб нест, зеро сухану андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Пешвои муаззами миллат дар бораи таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли инҳо боиси баланд шудани масъулият ва ҳисси миллию ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳар як нафар мегарданд.

Таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба Паём нишонаи ҳамовозиву ҳамрадифии сокинон ба тасмимҳои шоиставу хирадмандонаи Роҳбарияти Олии кишвар буда, намояндагони касбу кори гуногун дар паёмҳои ҳарсола ҳатман нуқтаҳои муҳимми фаъолияти худро пайдо мекунанд, дастуреро барои то Паёми дигар сазовор фаъолият намудан ба даст меоранд.

Паёми навбатии Сарвари давлат ба монанди паёмҳои солҳои қаблӣ саршор аз ғояҳои оқилонаву созанда буда, бо мазмуни баланд, таҳлили амиқ, натиҷагирӣ ва барномарезии мукаммалу дурбинона барои ояндаи дурахшони кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва халқи сарбаланди мамлакат ироа гардид. Хусусияти асосии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар руҳияи созанда доштани он, густариши истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истиқлоли энергетикӣ, суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар ва ғайра, ифода меёбад.

Ин пешниҳодҳои судманд ва зарурӣ гувоҳи онанд, ки Роҳбарияти Олии кишвар набзи замон ва таҳаввулоти технологии ҷаҳони муосирро бисёр дақиқ дарк намуда, раванди рушди иқтисодии кишваррро бо он мутобиқ менамоянд ва дар сурати амалӣ шудани онҳо, дар воқеъ, иқтисоди кишвар ба марҳилаи дигари рушди худ ворид хоҳад шуд, дар сурати қафомонии технологӣ иқтисоди кишвар рақобатпазирии минтақавӣ ва байналмилалии худро аз даст дода, ҷомеа ба масрафкунандаи маҳсулоти берунӣ табдил меёбад.

Президенти мамлакат дар оғози ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон соли таърихӣ буд. Зеро маҳз дар ҳамин сол, моҳи марти соли 2025, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Дигар рӯйдоди таърихӣ — ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Илова бар ин, Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси кишвари мо дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Ташаббуси дигари кишвари мо дар соли 2025 қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» буд.

Гузашта аз ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

 Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб рафта, дар воқеъ, таърихӣ будани соли 2025-ро дар ҳаёти сиёсии кишвар бори дигар собит месозанд.

Давраи ҳисоботии Паём тайи даҳ соли охирро дар бар гирифта, дар раванди он тамоми иқдомоти муҳимму самарабахш, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ карда шуданд, мавриди таҳлили амиқ ва баррасии комил қарор гирифт. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар давраи таҳлилӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, дар умум, 3,4 ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзуда, аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ бошад, аз 70 ба 77 сол расида, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ ба 165 миллиард сомонӣ, яъне, беш аз шаш баробар, рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баланд миёни кишварҳои рӯ ба рушд маҳсуб меёбад. Зимнан, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 — 2030-ро таъмин намоянд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконоти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Зеро пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконоти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хидматрасонӣ табдил дода шаванд.

Дар ин раванд, вазорату идораҳои марбута вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд ва ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла, таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешанд, талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд, корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд ва барои пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки бояд раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш дода шавад. Мақомоти марбута бояд ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.

Президенти мамлакат қайд намуданд, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст, вале ба соҳибкории истеҳсолӣ бошад, ҳамагӣ 38 фоизи он рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ ва дигар ташкилоти қарзӣ супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад ва барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имконоти дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ такмил дода шуда, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ гарданд.

Пешвои муаззами миллат аснои ироаи Паём оид ба мушкилоти мардум дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ сухан ронда, ин ҳолатро натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳ ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, ёдовар гардиданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд ва танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.

Сарвари давлат бо ироаи навиди нек иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд ва моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлоли энергетикии кишвар пурра таъмин мегардад.

Президенти мамлакат қайд намуданд, ки соли 2025-ум сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуда, айни замон татбиқи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва дар соли 2026 бошад, сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

 Ҳамзамон, илова карданд, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва рақобати шадиди зеҳнӣ, рушди илму маориф ба сифати пояи асосии пешрафти ҳар як давлат аҳаммияти калидӣ пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи ин воқеият, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Таваҷҷуҳи пайваста ва сиёсати хирадмандона дар ин самт имкон фароҳам овард, ки низоми маорифи кишвар тадриҷан рушд ёфта, ба сатҳи нав бардошта шавад. Пешвои муаззами миллат дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд ва аз ҳамин сабаб ҳар сол ҳаҷми умумии маблағгузории соҳа беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, зимнан, дар соли 2026 дар маҷмуъ 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли пешин панҷуним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, Президенти мамлакат дастур доданд, барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ карда шавад. Дар ҳамин раванд ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа таъкид доштанд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Зеро ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.

Пешвои миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва бо дарназардошти имконоти иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот, дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо мутаносибан аз 20 то 25% зиёд карда шавад. Дар баробари ин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд ва ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Вобаста ба масъалаҳои марбут ба занон Сарвари давлат қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар масъалаи мазкурро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад ва нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ карда, зимнан, аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Дар ин раванд бо итминон изҳор доштанд, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму оинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла, сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ тазаккур доданд, ки дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда — пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.

Дар фароварди ироаи Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2026 барои мо соли таърихӣ — соли таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оиларо зарур аст, ки бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд ва ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад.

Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон маҳсуб ёфта, дастуру ҳидоятҳое, ки дар назди ҳар як соҳа гузоштанд, бояд чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди соҳаи муайян бошад ва ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Воқеан, сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат барои мо фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад.

Мо бояд аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва ноил шудан ба дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, саҳмгузор бошем.


Мусулмон ЗИЁЗОДА,

прокурори раёсати назорати иҷрои

қонунҳо дар мақомоти назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза

бо коррупсияи Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *