22 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди рӯзафзуни соҳаи маориф омили муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, таъмини сифати таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифат ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа маҳсуб меёбанд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки бо роҳхат дар соли 2025 ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода гузориши муфассал пешниҳод намуда, оид ба вазъи иҷрои санади мазкур, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дод.
Дар идома, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ С. Сироҷзода оид ба вазъи фаъолияти робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъруза намуда, аз густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва ҷалби грантҳо иттилоъ дод.
Сипас, масъалаи вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта аз ҷониби сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Ассомиддинзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба шароити таҳсил, таъминоти моддию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбия дар ин муассисаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 мудири бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илм С. Зиёзода баромад намуда, аз пешрафтҳо, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои минбаъда иттилоъ дод.
Ҳамчунин, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба рафти ташкил ва баргузории курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон суханронӣ намуда, аҳаммияти такмили пайвастаи малакаҳои касбии омӯзгоронро таъкид кард.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда, тақвияти назорат аз болои татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

