Умриддин ЮСУФӢ, 
мудири шуъбаи таърихи адабиёти
Институти забон ва адабиёти ба номи
Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ,
доктори илми филология
Яке аз нигоштаҳои хубе, ки ахиран дар бораи тасҳеҳи чанд байти нав аз Одамушшуаро Рӯдакӣ интишор ёфт, мақолаи доктор Масъуди Қосимӣ бо номи «Муаррифӣ ва тасҳеҳи чанд байти нав аз устод Рӯдакӣ» [3, 141-153] мебошад. Андешаҳои муаллиф дар мавриди усули дарки маонӣ, хонишу ислоҳ ва нақду назари дақиқи ашъори шоирони давраи оғозини адабиёти форсии тоҷикӣ, мисли Рӯдакӣ ва ҳамасронаш, бавижа, дар масъалаҳое чун ноқису пароканда будани ашъор, адами иртиботи маъноии абёт дар меҳвари амудии шеър, кашидагӣ ва мушаддад шудани калимот ва сакта, ки хосси шеъри ин давра аст, номаълум будани талаффузи саҳеҳи луғот ва маънии онҳо, ҷойгузин шудани луғоти роиҷу сода ба ҷои луғоти куҳан тавассути котибон дар давраҳои баъд, ки баъзан боиси номафҳум шудани абёт шудааст, таҳрифу таснифи луғоти куҳан ба сабаби адами ривоҷ ва маҳҷур будани онҳо дар давраҳои баъд, вуҷуди калимоти гӯйишӣ ва таъбироти куҳан, вуҷуди луғоти эронии шарқии миёна дар забони он давра ва аз байн рафтани онҳо дар давраҳои баъд ба сабаби нуфузи калимоти форсии муодили онҳо ва мансуб будани ашъор ба шоирони мухталиф ҷолиб ва боиси мулоҳизаанд.
Таъкиди ин нукта низ бамаврид аст, ки мавсуф ҳамроҳи Сайидрасули Мусавӣ ва Азиз Мирбобоев ашъори устод Рӯдакиро бо номи «Девони Рӯдакӣ» чоп карда [3], ки гувоҳи хадамоти шоистаи ӯ дар рӯдакишиносӣ мебошад. Вале сарфи назар аз ин, дар мақолаи мавриди гуфтугӯ, ба назари мо, чанд мушкиле вуҷуд дорад, ки тавзеҳу тасҳеҳи онҳо зарур мебошад.
Дар навбати аввал бояд гуфт, ки бозёфти ин байти нави устод Рӯдакӣ ба донишманди тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобиддинов тааллуқ дорад. Аз ҷумла, С. Шаҳобуддинов ин пораи иқтибосро дар мақолаи худ чунин меорад: «Ба қалам китоби раҳмон набисанд ва шароеъ баён кунанд ва (ба) шамшер гардани бегонагон зананд ва хун ба ноҳақ резанд ва ба қалам наққошон нақш кунанд ва хулафову салотин иҷрову мушоҳира ва атову сила ба қалам тафриқа кунанд, камо қола Ар-Рӯдакӣ (ҳамчунон ки Рӯдакӣ гуфт); ба назди амири Хуросон даромад ба рӯзи Наврӯз, фӣ ядиҳи қаламун ва сайфун ва қола (дар дасти ӯ қаламею шамшере ва гуфт):
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба даст бувад мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан бе ба замон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдо ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ.
Фаамараҳу биалфи динорин (пас дастур дод, то ба ӯ ҳазор динор бидиҳанд)» [5, 66]. Ва баъдан, менависад, ки ин иқтибосро аз тафсири ношинохтае, ки мутааллиқ ба асри VI ҳиҷрист, баргирифтааст. Ин ахбор на танҳо ба мақолаи М. Қосимӣ, балки ба бахши «ҳошия ва тавзеҳот»-и «Девон»-и Рӯдакӣ низ интиқол ёфтааст [2, 210].
Нуктаи аввал ин аст, ки муфассири «Тафсири Қуръони карим»-е, ки М. Қосимӣ ношинохта меномад, маълум буда, ӯ чунин ном дорад: Яъқуб ибни Абунаср ибни Обид Ал-Кӯшонӣ. Ӯ, инчунин, фақеҳи машҳури рӯзгори хеш буда, дар асри XII зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ин нусхаи мунҳасир ба фарди тафсири ӯ таҳти шумораи 1394 дар Ганҷинаи дастнависҳои Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Ин нусха дар асри XV бо хатти настаълиқ китобат шуда ва маънои онро дорад, ки дар тули сесад сол пас аз марги муаллиф дар миёни мардум маъруф буда.
Сипас, мураттибони «Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Рӯдакӣ» Расул Ҳодизода ва Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ин қитъаи наврӯзии сухансарои панҷрӯдиро дар охири бахши рубоиёт ҷой додаанд, вале дар бахши “Таълиқот” ишора кардаанд, ки ин рубоӣ нест, балки қитъа аст” [1, 335]. Аз ҷумла, донишманди тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ишколи вазнро, ки дар мисраи дуюм дида, ба гунаи зер тасҳеҳ кардааст:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ!
Ба сухан ме ба замон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ.
… тасҳеҳи мазкур ба чопҳои “Девон”-и Рӯдакӣ ва «Сурудаҳои Рӯдакӣ», ки аз ҷониби Алии Равоқӣ ахиран анҷом гирифтааст [6], айнан интиқол ёфтааст.
Нуктаи дуюм ва асосӣ он аст, ки ба пиндошти М. Қосимӣ таркиби «ба сухан бе ба замон бош» нодуруст аст ва ӯ аз тасҳеҳи қиёсии Алии Муҳаммадӣ ҷонибдорӣ карда, онро чунин шарҳу баст медиҳад: таркиби «…ба сухан ме ба замон бош”, яъне: дар шеър: (мегӯям, ки) ба забон (замона) мебош (умрат дароз бод!)» [3,145]. Ин пиндошт ба ин далел иштибоҳ мебошад, ки ҳама касоне аз ин қарина ҷонибдорӣ кардаанд ё нусхаро надидаанд ва ё онро дуруст нахондаанд, зеро сурати аслии ин мисраъ дар нусхаи хаттии тафсири мазкур чунин сабт шудааст:
Ба сухан не, ба замон бошу ба шамшер бирез.
Дар сурати ин гуна хониши шеъри Рӯдакӣ, ба андешаи мо, маънои аслии мисраи мазкур намоён мешавад, ки шоир ба мухотаби хеш (амир) муроҷиат карда, гуфтааст, ки «ба сухан не, ба амал бояд шамшер бигирӣ, то хуни аъдо бирезӣ». Афзун ба ин, таркиби «ба замон будан», ки Рӯдакӣ гуфта, маънии «забон»-ро, чунонки М. Қосимӣ пиндошта, адо намекунад. Ва ин «забон»-ро аз куҷо дарёфта, маълум нест, вақте ки шоир ҳам вожаи «сухан» ва ҳам вожаи «қалам»-ро зикр карда, зарурат ба таъкиди «забон» намемонад. Ба андешаи мо, таркиби «ба замон бош» маънии ҳамросто будан бо замон ё рӯзгор ва амал кардан мутобиқ бо воқеаву ҳодисоти замона ё рафтор намудан дар ҳолу ҳавои шароити кунунӣ ва вазъи замона, дарки имрӯз ва фарзанди замон буданро мефаҳмонад. Ва вожаи «мебош» низ маънии «умрат дароз бод»-ро намедиҳад.
Ва нуктаи сеюм, он эроде, ки М. Қосимӣ ба тасҳеҳгарони қабл аз худ гирифтааст, дуруст мебошад ва мо низ аз ин андешаи ӯ ҷонибдорӣ мекунем. Ӯ менависад: «Иборати “то ба даст (-и ту) бувад”-ро ба шакли “то ба дастат бувадо”-ҳамон гуна, ки муҳаққиқони тоҷик низ овардаанд, метавон донист, вале банда барои он ки тағйири зиёде дар асли дастнавис надиҳам, онро ба шакли аввал, яъне, “то ба даст(-и ту) бувад” забт кардам, зеро феълҳои дуъоӣ усулан дар охири ҷумлаву мисроъ меоянд, на дар миён». [3, 145]. Пас, шакли дурусти ин қитъаро, чунонки дар нусхаи тафсир омадааст, меоварем ва дар мисраи дуюм тасҳеҳи донишманди эронӣ Масъуд Қосимиро мепазирем:
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дасти ту бувад мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан не, ба замон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ!
Моҳияти асосии қитъаи Рӯдакӣ ба фаро расидани Наврӯз ва армуғонҳои ин ҷашн иртиботи мустақим дорад. Дар рӯзгори Рӯдакӣ таҷлили ҷашни Наврӯз дар дарбори Сомониён маъмул будааст ва сухансарои панҷрӯдӣ, ки Маликушшуарои ин боргоҳ буд, ҳангоми иди баҳор ба “Мири Хуросон” се чиз: сухан ва шамшеру қалам туҳфа карда ва муҳимтар аз ҳама, онҳоро ба тасвири бадеӣ гирифтааст. Ба назари мо, ин ҳадоёи устод Рӯдакӣ дар рӯзи Наврӯз рамзи хос дорад, бад-ин далел, ки “шамшер” рамзи “қудрат”, “тавоноӣ”, “адолат”, “ҷанг”, “шуҷоат” ва “ҳукумат” буда, он хосси подшоҳон аст. Афзун ба ин, “шамшер” дар адаби форсӣ маънои “ҳифозат”-и марзу бумро низ дорад.
Ҳадяи “қалам” низ ба подшоҳ самбули “доноӣ”, “андеша”, “фарҳанг” ва “омӯзиш” аст. Донишманди мутабаҳҳири (аллома) араб Абуусмон Умар ибни Баҳр ал-Ҷоҳиз (159/766-255/869) дар “Китобу-т-тоҷ”-и хеш фасли хурде бо номи “Дашниҳои (армуғонҳои) Наврӯзу Меҳргон” дорад, ки имрӯз асли паҳлавияш низ пайдо шуда, ҳарчанд дар бораи қалам ишорати мустақим накардааст, вале ба ин нукта таъкид меварзад, вақте ки мардум, аз ҷумла, ромишгарону дабирон ба дарбори шоҳ меоянд: “Сурудхонон суруд ҳадя мекунанд, суханварон сухан…”[8]. Ва чунонки дар қитъаи мавриди гуфтугӯ дида мешавад, нахустин армуғони наврӯзии устод Рӯдакӣ низ “сухан” буда, “Сухан овардаму…”
Туҳфа кардани “шамшеру қалам” дар адабиёти куҳани порсӣ намоде аз таодул миёни амал (шамшер) ва андеша (қалам) буда, дар зоти худ як навъ даъват ба зиндагии бошаҳомат ва хирадро низ ифода мекунад. Муроди Рӯдакӣ аз фарохони подшоҳ, пеш аз ҳама, ба андешаи мо, мудаббир будан ба вақти набард аст. Чунонки ба масал дар ин маврид гуфтаанд: “Шамшер агар ба адл занад, мояи амният аст ва қалам агар ба садоқат нависад, мояи саодат аст”. Яъне, ҳадафи шоир аз ҳадяи “шамшеру қалам” ба подшоҳ он аст, ки сол ба соли тадбир ва азамату шаҳомат мубаддал гардад. Ҳамин маънӣ дар қитъаи Рӯдакӣ, чунонки ба мушоҳида мерасад, ба таври равшан тасвир шуда, ки ӯ шоҳро ба сухан шефта шудан на, балки ба амал даъват мекунад.
Чунонки аз навиштаи Умари Хайём дар “Наврӯзнома” бармеояд, дар мавриди ҳадяҳои наврӯзӣ ба подшоҳ оини вижа вуҷуд доштааст: “…рӯзи Наврӯз нахуст кас аз мардумони бегона мубади мубадон пеши малик омадӣ…” [7, 34]. Ва рисолати мубади мубадон дар он буда, ки ба подшоҳ “дашниҳои наврӯзӣ” тақдим кунад. Дар феҳрасти ин дашниҳо Умари Хайём “шамшеру давоту қалам”-ро махсус таъкид кардааст. Нуктаи муҳимми гузориши Хайём он аст, ки оини ҳадоёи наврӯзӣ “ба иборати эшон, яъне, ба забони порсӣ” (Наврӯзнома, 34) бо ситоишу ниёиши подшоҳ сурат мегирифта ва шумораи ҳадоё тибқи навиштаи ӯ аз “…ҷоми заррини пурмай ва ангуштариву дирамеву диноре хусравонӣ ва як даста хавиди сабзруста ва шамшере ва тиру камон ва давоту қалам ва аспеву бозе ва ғуломе хубрӯй…” [7, 34] иборат будааст.
Хулоса, устод Рӯдакӣ, вақте ки ба назди мири Хуросон бор ёфта, аз ин шумораи дашниҳои наврӯзӣ ба расми идӣ фақат “сухан” ва “шамшеру қалам”-ро туҳфа карда, ба сухани дигар, намоди Наврӯзро ба ҷой оварда ва фазилату манзилати сухан ва қаламро барҷаста ба риштаи тасвир кашидааст. Ва муҳимтар аз ҳама, дар охири қитъаи хеш ба як нуктаи зариф ишора карда, дар ивази туҳфаи худ аз шоҳ “ба тавқеъи қалам” рӯзӣ талабида, ки дар шумори оинҳои наврӯзӣ ҷой доштааст.
Адабиёт:
- Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ (Матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва эҳтимоми профессор Расул Ҳодизода ва доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Пайванд, 2008.- 614 с.
- Девони Рӯдакӣ. — Душанбе: Бухоро, 2015. — 334 с. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда.
- Қосимӣ М. Муаррифӣ ва тасҳеҳи чанд байти нав аз устод Рӯдакӣ. Дар китоби «Ёдномаи устод Рӯдакӣ». -Душанбе: Шаҳпар, 2014. — с. 141-153.
- Рӯдакӣ. Девони Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. Ба кӯшиши Сайидрасули Мусавӣ, Масъуди Қосимӣ, Азиз Мирбобоев. -Душанбе: Пайванд, 2000. — 189, +8.
- Сайиднуриддин Шаҳобиддинов (1384) «Ду байти нав аз осори Рӯдакӣ», вижаномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли шашум, шумораи 8-9, Душанбе, сафҳаи Рӯдакӣ 65-68.
- Сурудаҳои Рӯдакӣ. Пажуҳиши Алии Равоқӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, чопи аввал, 1399/2020. – 773.
- Хайём Умар. Наврӯзнома. Душанбе: Адиб, 2012, 352 с.
- Ҷоҳиз Абуусмон Умар ибни Баҳр. Дашниҳои наврӯзӣ. Суханшиносӣ, №2, 2024.
