Сулҳия АЙНИДДИНОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Фарҳанги мардумӣ дар ҳама давру замон барои устувор гардидани робитаҳои  иҷтимоии миллатҳо мусоидат мекунад. Эҳтиром ба фарҳанги мардум, анъанаҳои миллӣ ва расму оини ниёгон яке аз беҳтарин хислатҳои инсон аст. Тоҷикон аз замони қадим дар гуфтор ва навиштори худ аз ибораю гуфтаҳои халқӣ, аз ҷумла, аз зарбулмасалу мақол истифода мебурданд. Зарбулмасалу мақол барои таъсири барҷастаи воқеият, пурқувват кардани мазмуну андешаи муаллиф ё қаҳрамони асар нақши босазое мебозанд.

Зарбулмасал дар байни халқ бо номҳои масал, мисол, мақол, нақл, қавли бузургон, сухани падарон ва монанди инҳо, машҳур аст. Ҳангоми истифодаи зарбулмасалу мақол гӯяндаи он чунин таъбирҳоро ба кор мебарад: “чӣ хеле ки гуфтаанд…”, “ба гуфти падарон…”, “бузургон гуфтаанд, ки…”, “беҳуда нагуфтаанд, ки…”, “дар урфият мегӯянд, ки…”, “ҳикмате ҳаст, ки…” ва ғайра.

Дар зарбулмасалу мақол воқеа, мушоҳида, панду андарз ба таври мухтасар ифода мегардад. Зарбулмасалу мақолҳо бо навъҳои адабие, ба монанди панду андарз, масал, шугун иртибот дошта, мазмунҳои иҷтимоӣ, афкори фалсафӣ ва андешаҳои ахлоқии инсонро дар бар мегиранд.

Пажуҳандагони  фолклори тоҷик истилоҳи зарбулмасал ва мақолро аз якдигар ҷудо кардаанд. Зарбулмасал ба воситаи санъатҳои бадеие, ба мисли истиора, киноя, ташбеҳ, тавсиф ва маҷоз баён мегардад. Масалан: “Шохи дарахти мевадор хам аст”. Мақол бидуни санъатҳои бадеӣ бо забони содаву равон гуфта мешавад: “Пушаймонӣ суд надорад”, “Меҳнат роҳат аст”. Зарбулмасалу мақол барои панду насиҳати инсон истифода мешаванд. Аз ин рӯ, пажуҳандагони ғарбӣ онҳоро дар аксари маврид ба ҳайси як жанри мустақил, яъне, зарбулмасал (proverbium) баррасӣ менамоянд.

Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки зарбулмасал ва мақол таърихи қадима дошта, ҳатто, дар “Авесто” ва осори форсии миёна, монавӣ, маздакӣ ва ғайра дида мешаванд.

Андарзномаҳои зиёде аз даврони Сосониён то рӯзгори мо боқӣ мондаанд. Баъдан, пажуҳандагони араб низ бархе аз матнҳои зарбулмасалҳоро ба забони хеш тарҷума кардаанд. Зарбулмасал ва мақолҳои форсизабонон аз ҷониби баъзе аз пажуҳандагон гирдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, Муҳаммад Ҳабларӯдӣ дар ин росто китобҳои “Маҷмаъ-ул-амсол” (1639-1640 мелодӣ) ва “Ҷомеъ-ут-тамсил” (1639-1640 мелодӣ)-ро дар кишвари Ҳинд таҳия намудааст. Мавсуф дар маҷмуаи аввал танҳо зарбулмасал ва мақолҳоро зикр карда, дар маҷмуаи дуюм ин навъи ҳикмати халқиро бо матни пурраи осор (ҳикоят, ривоят ва афсонаҳо) овардааст, ки бештари онҳо дар миёни форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон имрӯзҳо ҳам ҷой доранд. Мисол: “Оҳани сардро кӯфтан фоида надорад”, “Дурӯғи маслиҳатомез  беҳ аз рости фитнаангез” ва ғайра.

Маҷмуаи Ҳабларӯдӣ нахустин маҷмуаи зарбулмасалҳои форсизабонон буда, барои пажуҳиши баъдии ин жанри фолклорӣ мусоидат кардааст. Баъдан, дар ин замина китобҳои “Шоҳиди Содиқ”-и Муҳаммадсодиқ бини Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ ва “Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун”-и Муҳаммад Воҷид Алихон (соли 1908 ба забони урду навишта, ба дарӣ тарҷума шудааст) таҳия гардидаанд.

Китобҳои зиёди зарбулмасал ва мақолҳо дар кишварҳои форсизабон гирдоварӣ ва нашр шудаанд, ки дар асоси онҳо метавон рисолаҳои илмии муқоисавӣ таълиф намуда, муштаракот ва тафовутҳои умумӣ ва маҳалии онҳоро нишон дод. Дар адабиёти бадеии форсизабонон ин санъати бадеӣ аз давроне истифода мешавад, ки ба василаи хат сабт кардани осори бадеӣ роиҷ гардид. Намунаҳои хаттии даврони Ашкониён ва Сосониён аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки истифодаи зарбумасалу мақол чун яке аз воситаҳои асосии андарзгӯӣ ва баёни андешаҳои пандуахлоқӣ, ба вежа дар адабиёти паҳлавии аҳди Сосониён (224\226-621), ривоҷу равнақ доштааст.

Дар аҳди Сосониён роҳнамоии мардум ва тарбияи ахлоқии ҷомеаро подшоҳон, вазирон, ҳакимон ва мубадон ба уҳда доштанд. Аз ин ҷост, ки дар андарзномаҳо ва китобҳои тарбиявӣ ҳикматҳои зиёде ворид гаштаанд, ки ба шоҳону вазирон ва мубадони маъруф, назири Ардашер, Хусрави Анӯшервон, Шопур, Қубод, Ҳурмуз, Озарбоди Меҳроспандон ва дигарон нисбат дода шудаанд. Шоҳони сосонӣ ҳангоми нишастан бар тахт ё қабл аз марг ба воситаи хитобаҳои пандомез, васиятномаҳо, панду андарз ва зарбулмасалу мақолҳо ақидаҳои худро доир ба масъалаҳои оини кишвардорӣ, адолату раияпарварӣ, муносибат бо одамон, тарбияи фарзандон ва ғайра изҳор мекарданд.

Дар адабиёти паҳлавӣ андарзномаҳо ва аҳдномаву васиятномаҳои зиёде таълиф гардидаанд, ки саршори зарбулмасалу мақол, панду андарз ва суханони ҳикматомез мебошанд. Масалан, маъхазе, ки доир ба андарзномаҳои паҳлавӣ маълумот дода, матни арабии беш аз даҳ асарро пурра ё интихобан овардааст, “Ал-ҳикмат-ул-холида” ё “Ҷовидонхирад”-и Муҳаммад ибни Яъқуби Мискавайҳи Розӣ мебошад. Дар “Аҳдномаи Ардашер” бошад, дар баробари дастурҳо оид ба кишвардорӣ бо суханоне низ вомехӯрем, ки ба панду ҳикмат ва зарбулмасалу мақол наздикӣ доранд.

Дар аҳди Сосониён, инчунин, ба забони паҳлавӣ андарзномаҳои дигари марбут ба Ардашери Бобакон, аз қабили “Аҳдномаи Ардашери Бобакон ба писараш Шопур”, “Андарзномаи Ардашер ба табақоти мухталифи ҷомеа” ва монанди онҳо, вуҷуд доштаанд, ки матни арабии онҳо, аз қабили “Ниҳоят-ул-ираб фӣ ахбор-ал-форс в-ал-араб”, “Муруҷ-уз-заҳаб” ва ғайра боқӣ мондаанд. Ин андарзномаҳо махзани панду ҳикмат ва зарбулмасалу мақол ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз аҳаммияти тарбиявӣ ва ахлоқии худро аз даст надодаанд.

Далели дигари аз замонҳои пеш вуҷуд доштани зарбулмасалу мақол дар он аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ зимни таҳияи бобҳои “Андарз гуфтани Нӯшинравон сардорони Эронро”, “Панд додани Бузургмеҳр Нӯшинравонро” ва “Панд додани Нӯшинравон писари худ Ҳурмуздро” ва амсоли онҳо зарбулмасал ва панду ҳикматҳое аз забони Анӯшервон ва Бузургмеҳр ва дигарон овардааст, ки сарчашмаи паҳлавӣ дошта, зоҳиран аз матни тарҷумаҳои арабӣ ё матнҳои аслии паҳлавӣ гирифта шудаанд. Ин навъи осори гуфторӣ ҳунару истеъдоди шоирии устод Фирдавсиро сайқал додаанд. Барои исботи ин гуфтаҳо як байт аз “Шоҳнома” меорем:

 

Аз имрӯз коре ба фардо мамон,

Кӣ донад, ки фардо чи гардад замон.

 

Вақте ки мо ин мисраъҳоро мебинем, бегумон мақоли машҳури “Кори имрӯзро ба фардо намон” ба хотирамон мерасад, ки ба қолаби назм дароварда шудааст.

Зарбулмасалҳо чун адабиёти шифоҳӣ муаллиф надоранд, зеро маҳсули фикру андешаи мухталифи инсонӣ дар давраҳои гуногун мебошанд. Ҳатто, зарбулмасалҳову мақолҳое ҳам мавҷуданд, ки аз эҷодиёти шоирону нависандагон гирифта шудааст, вале бо гузашти вақт вирди забонҳо гардида, ба моли халқ табдил ёфтаанд. Масалан, зарбулмасали “Аз мост, ки бар мост”, ки нахуст дар шеъри маъруфи Носири Хусрав дар бораи уқоби мағрур истифода шуда, бо мурури замонҳо ба масали роиҷ дар миёни мардум табдил ёфтааст ва имрӯзҳо касе дар бораи гӯяндаи нахустини он андеша намекунад.

Гирдоварӣ, нашр ва баррасии зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ аз солҳои 20-30 оғоз шуда, дар даҳаи 50, 60, 70 ва 80-и асри ХХ бештару беҳтар гардид. Дар ин даҳсолаҳо на фақат дар матбуот, балки маҷмуаҳои алоҳидаи зарбулмасалу мақолҳо аз ҷониби О. Исматӣ, Ҳ. Карим, А. Мирзоев, А. Болдирев, А. Розенфелд, Р. Амонов, В. Асрорӣ, Б. Тилавов ва дигарон ба табъ расидаанд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. М. Фозилов дар тули солҳо ба гирдоварӣ ва пажуҳиши зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои адабиёти навиштории классик тоҷику форс машғул шуда, натиҷаи кори худро дар чанд ҷилд ба нашр расонидааст.

Пажуҳишгари тоҷик Б. Тилавов дар давоми фаъолияти кории худ, асосан, бо гирдоварӣ, нашр ва баррасии зарбулмасалҳои мардумӣ машғул гардидааст. Соли 1967 ӯ аввалин пажуҳиши муфассал ва дақиқи худро роҷеъ ба зарбулмасалҳои тоҷикӣ зери унвони “Поэтика таджикских народных пословиц и поговорок” рӯйи чоп меоварад. Ӯ дар асарҳои худ зарбулмасал ва мақолро ҳамаҷониба аз ҷиҳати шакл, мазмун, бадеият, услуб ва амсоли ин таҳлил намудааст. Асари дигари ӯ таҳти унвони “Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ: репертуари шифоҳии муосир” (1989) ба таҳлили миқдории ин жанр бахшида шуда, аҳаммияти илмӣ дорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Қ. Ҳисомов ва Ф. Муродов бо роҳбарии Б. Тилавов роҷеъ ба ин жанр рисолаҳои илмӣ таълиф гардид. Бо ташаббуси Б. Тилавов ва ҳамкории Ф. Муродов ва Қ. Ҳисомов дар ҷилди чаҳоруми “Куллиёти фолклори тоҷик” (1986) ба теъдоди 807 зарбулмасали машҳур бо баррасии муфассал ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ чоп гардидааст. Ҷилди панҷуми “Куллиёти фолклори тоҷик” матни зарбулмасалу мақолҳо, рӯйхати гӯяндагон, макони сабт ва номи сабткунандаҳоро, ки дар фонди фолклори тоҷик мавҷуданд, дар бар мегирад. Тибқи маълумоти Б. Тилавов дар фонди фолклори тоҷик беш аз 20 160 матни зарбулмасалу мақол нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз миёни тоҷикони Осиёи Марказӣ сабт шудаанд.

Дар зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ панду насиҳат ва таҷрибаҳои шахсони доно ва тавоно ба таври мухтасар ифода ёфтаанд. Аз ин рӯ, баъзе аз ин зарбулмасалҳо хулосаи масале (афсонае, ҳикояте, нақле) аз ҳодисаҳои зиндагӣ мебошанд. Пажуҳандагон ин гуна зарбулмасалҳоро дар контекст сабт карда, мавриди баррасии илмӣ қарор додаанд.

Бархе аз зарбулмасалҳои тоҷикӣ дар қолаби манзум навишта шуда, аксари зарбулмасалҳои насрӣ низ қофияву саҷъ доранд. Дар зарбулмасалҳо санъатҳои бадеии гуногунро ба кор мебаранд. Тавсиф: “Табиби меҳрубон аз дидаи бемор намеафтад”. Ташбеҳ: “Суҳбати нодон – оташи сӯзон”. Ташбеҳи мураккаб: “Одам аз гул нозуку – аз санг сахт” ва ғайра.

Хусусияти дигари зарбулмасалҳо ин аст, ки онҳо дар шакли ҷумлаҳои умумишахс, номуайяншахс ва бешахс омада метавонанд. Масалан: “Оҳанро дар гармияш мекӯбанд”, “Илоҷи воқеа – пеш аз вуқуъ”, “Обро дида, мӯза каш”. Ин гуна ҳикматҳо, амалан, моҳиятан ва зоҳиран ба ҳамаи шахсияту шумораҳо баробар тааллуқ доранд. Онҳо аз ҷиҳати замон ҳам маҳдуд буда наметавонанд. Онҳо, ҳатто, метавонанд вариантнокии зиёд ҳам дошта бошанд.

Дар охири асри ХХ ва дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, гоҳномаи фарҳанги мардум бо номи “Мардумгиёҳ” ба нашр мерасид, ки дар он намунаҳои зарбулмасал, мақолҳо ва пажуҳишҳо дар бораи ин навъи жанр интишор мегардиданд.

Ҳамин тавр, зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ яке аз манбаъҳои шинохти ҳаёти маънавии мардум ба шумор рафта, барои дақиқтару комилтар омӯхтани ҳаёти иҷтимоӣ, равонӣ ва таърихии мардуми тоҷик аз ҳар нигоҳ ёрӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ба қадру эътибори ин ҳикмати ниёгон бирасем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *