Мусоҳиб Муҳаммад ҒАНИЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи «Пайрав»
Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳимми илми муосир ба ҳисоб рафта, пайдоиш ва рушди он ба нимаи дуюми асри ХХ рост меояд. Бо пешрафти илми информатика ва техникаҳои ҳисоббарор, зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳае ташаккул ёфт, ки ҳадафаш моделсозии (яъне, сохтани намунаи рақамие, ки хусусиятҳои асосӣ ва рафтори объекти воқеиро барои таҳқиқ такрор мекунад) равандҳои зеҳнии инсон ва татбиқи онҳо дар компютерҳо мебошад. Имрӯз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун васеъ истифода мешавад. Омӯзиш, таҳлил, хулосабарорӣ ва қабули қарор аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки зеҳни сунъӣ имкони иҷрои онҳоро фароҳам месозад.
Бо дарназардошти аҳаммияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ ва таъсири он ба рушди ҷомеа, мо бо хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (таҳсилкардаи зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктори PhD), мутахассиси соҳаи автоматонии системаҳои коркарди иттилоот, барномасози ҳирфаӣ Рамазон Нурзода мусоҳиба оростем. Умедворем, ки хонандаи гиромӣ пас аз мутолиаи он маълумоти зарурии муқаддимавиро, ки барои ҳар як истифодабарандаи зеҳни сунъӣ зарур аст, гирифта, дар омӯзиши минбаъда аз он самаранок истифода мебарад ва ин донишҳои назариро дар таҷрибаҳои зиндагӣ бар манфиати ҷомеа амалӣ менамояд.
– Зеҳни сунъӣ чист? Лутфан, таърифи илмии онро бо забони сода шарҳ диҳед.
– Зеҳни сунъӣ яке аз шохаҳои пурбор ва босуръат рушдёбандаи илми информатика мебошад, ки ба компютерҳо имкони иҷрои вазифаҳоеро, аз қабили омӯзиш, хулосабарорӣ, идрок ва монанди инҳоро медиҳад, ки одатан ба фаъолияти зеҳнии инсон хос мебошанд. Бо ибораи дигар, зеҳни сунъӣ барномаи компютерии махсусе мебошад, ки бар хилофи барномаҳои маъмулӣ, метавонад хулосаҳои наверо барорад, ки дар дастури ибтидоии онҳо мустақиман навишта нашудаанд. Ин барнома қобилияти омӯзиш ва мутобиқшавиро дорад.
– Чаро имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини илм ва технология табдил ёфтааст?
– Зеро зеҳни сунъӣ марҳилаи навбатии ташаккули илму технология аст, ки аз он канорагирӣ кардан ғайриимкон мебошад. Мо бояд ба ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамқадами замон рушд кунем. Далели равшани он дар зиндагии рӯзмарра қобили мушоҳида аст. Вақте компютер ва ё интернет пайдо шуд, башарият аз технологияҳои куҳна даст кашида, ба онҳо рӯ овард. Имрӯз навбати зеҳни сунъӣ аст. Метавон суръати баланди иҷрои равандҳоро сабаби дигари муҳим будани зеҳни сунъӣ арзёбӣ кард, зеро дар бозори меҳнат ва дунёи тиҷорат суръат ҳамеша омили калидии муваффақият ба шумор меравад.
Дар тасдиқи ин гуфтаҳо, мегӯям, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсуси Тоҷикистонро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ» қабул намуд, ки аҳаммияти ҷаҳонии ин технологияро собит месозад.
– Зеҳни сунъӣ аз барномаҳои одии компютерӣ бо чӣ фарқ мекунад?
– Дар барномаҳои одии компютерӣ тамоми дастурҳо ва алгоритмҳои корӣ пешакӣ муайян ва навишта шудаанд; барнома аз доираи ин дастурҳо берун баромада наметавонад. Бартарии зеҳни сунъӣ дар он аст, ки баръакси барномаҳои анъанавӣ, метавонад масъалаи матраҳшударо мустақилона таҳлил намуда, хулоса барорад ва ҳатто, қарорҳое қабул кунад ё амалиёте иҷро намояд, ки дар дастури умумии онҳо пешбинӣ нашуда буданд.
– Зеҳни сунъӣ дар кадом соҳаҳо бештар истифода мешавад?
– Имрӯзҳо ин технология зина ба зина ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла, маориф, васоити ахбори омма (ВАО), тиб, иқтисодиёт ва кишоварзӣ ворид шуда истодааст. Тасаввур кардани ояндаи ин соҳаҳо бе истифодаи зеҳни сунъӣ ғайри имкон аст. Инчунин, соҳаи ҳарбӣ аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ васеъ истифода мебарад. Одатан, дар кишварҳои абарқудрат технологияҳои пешрафта нахуст дар саноати ҳарбӣ татбиқ шуда, пас аз муддате дастраси омма мегарданд.
– Дар кадом соҳаҳо истифодаи зеҳни сунъӣ бояд маҳдуд ё таҳти назорати ҷиддӣ бошад?
– Ба андешаи ман, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои ҳарбӣ ва тиб. Чунки истифодаи нодуруст ё хатои алгоритмҳо дар ин бахшҳо метавонад ба оқибатҳои нохуш ва ҳатто фоҷиабор оварда расонад. Бинобар ин, раванди таҳия ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ин самтҳо бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошад.
– Кадом мисолҳои одии истифодаи зеҳни сунъиро дар ҳаёти ҳаррӯза дидан мумкин аст?
– Мисолҳои равшане, монанди таҳия ва коркарди тасвиру видеоҳо, навиштани матн ва ҳуҷҷатҳои корӣ, таҳлили маълумоти оморӣ, ёрӣ дар навиштани рамзҳои барномавӣ (кодҳо) ва ғайра, дар зиндагии рӯзмарраи мо дида мешаванд.
– Чӣ гуна метавон истифодаи зеҳни сунъиро ба манфиати ҷомеа равона кард?
– Барои ин, пеш аз ҳама, бояд фарҳанги дурусти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан, интернет ва зеҳни сунъиро омӯхт. Мутаассифона, имрӯз аксари наврасону ҷавонон аз имконоти ин технология ба таври маҳдуд истифода мебаранд (масалан, танҳо барои сохтани расму видеоҳои фароғатӣ). Ҳол он ки мо метавонем аз иқтидори васеи зеҳни сунъӣ истифода бурда, самаранокии фаъолияти худро дар илм, таълим ва истеҳсолот баланд бардорем.
– Оё зеҳни сунъӣ метавонад барои инсон ё ҷомеа хатар эҷод кунад? Ин хатарҳо дар чӣ зоҳир мешаванд?
– Албатта, метавонад. Ин мавзуест, ки солҳо боз мутахассисонро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Хатарҳо метавонанд навъҳои печида, аз қабили дастдарозии рақамӣ, паҳн кардани маълумоти дурӯғ ва намудҳои сода, монанди ихтисори ҷойҳои корӣ дошта бошанд.
– Чӣ гуна метавон аз зеҳни сунъӣ ба таври дуруст, бо дарки масъулият ва бехатар истифода бурд?
– Пеш аз ҳама, истифодаи мо бояд мақсаднок бошад. Онро барои иҷрои вазифаҳое истифода барем, ки маҳсулнокии кори моро афзояд. Сониян, ҳангоми истифодаи абзорҳои гуногуни зеҳни сунъӣ бояд эҳтиёткор бошем ва маълумоти махфии шахсӣ (монанди рақамҳои корти бонкӣ, рамзҳо ва ғ.)-ро ба ин системаҳо ворид насозем. Зеро қаллобон метавонанд аз ин маълумот суистифода кунанд.
– Оё зеҳни сунъӣ метавонад мустақилона қарор қабул кунад ё ҳамеша ба инсон вобаста аст?
– Бале, метавонад, аммо дар доираи он маълумот ва алгоритмҳое, ки инсон ба он омӯхтааст. Ба ибораи дигар, ҳадаф ва мақсади ниҳоиро инсон муайян мекунад ва зеҳни сунъӣ роҳҳои расидан ба онро дар доираи имконоташ интихоб менамояд.
– Оё зеҳни сунъӣ қобилияти эҷодкорӣ дорад ё танҳо маълумоти мавҷударо такрор мекунад?
– Зеҳни сунъӣ қобилияти эҷодкорӣ дорад, вале ин эҷодкорӣ бар пояи коркарди маълумоти мавҷуда асос ёфтааст. Ин маънои онро надорад, ки чизи нав эҷод намешавад. Монанди шабакаҳои асаби майнаи сари инсон, ки маълумоти гирифтаро таҳлил карда, идеяи нав месозанд, зеҳни сунъӣ низ аз омезиш ва таҳлили миллиардҳо маълумот метавонад назарҳои комилан навро пешниҳод кунад.
– То чӣ андоза метавон ба қарорҳо ва тавсияҳои зеҳни сунъӣ бовар кард?
– Ин аз навъи масъала вобаста аст, вале тавсияҳои зеҳни сунъӣ бояд ҳамеша санҷида ва таҳлил карда шаванд. Сифати ҷавоб аз маҳорати истифодабаранда низ вобастагӣ дорад. Мо бояд ба система дастур диҳем, ки маълумотро танҳо аз сарчашмаҳои муътамад ва бо далелҳои асоснок пешниҳод кунад.
– Оё рушди зеҳни сунъӣ метавонад боиси коҳиш ё аз байн рафтани баъзе ҷойҳои кории инсон гардад?
– Бешубҳа. Имрӯз талабот ба баъзе касбҳо коҳиш ёфта истодааст. Дар оянда бисёр вазифаҳоро роботҳо ва системаҳои автоматӣ ишғол хоҳанд кард. Ба назари ман, бо рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, норасоии қувваи корӣ аз байн меравад ва шояд мо шоҳиди як навъ «феодализми рақамӣ» шавем, ки дар он захираҳои табиӣ, ба монанди замин ва об арзиши асосӣ пайдо мекунанд, зеро истеҳсолот ва хидматрасонӣ автоматӣ мешаванд.
– Барои кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла, Тоҷикистон зеҳни сунъӣ чӣ имконотро фароҳам меорад?
– Имконот хеле васеъ ҳастанд. Зеҳни сунъӣ ба мо имкон медиҳад, ки самаранокии корро баланд бардошта, мавқеи худро дар бозори нави меҳнати ҷаҳонӣ пайдо кунем. Мо метавонем илм омӯзем, технологияҳои муосирро аз худ кунем ва аз раванди ҷаҳонишавии рақамӣ ақиб намонем.
– Оё истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад вобастагии инсонро ба технология зиёд кунад?
– Бале, ин эҳтимол вуҷуд дорад. Аммо аз нигоҳи дигар, вақте кореро, ки иҷрояш 5 соат ё 2 рӯзро талаб мекунад, метавон бо ёрии зеҳни сунъӣ дар 5 дақиқа анҷом дод, ин оқилона аст. Мисли он ки бо пайдоиши тракторҳо деҳқонон аз меҳнати дастии вазнин наҷот ёфтанд. Зеҳни сунъӣ низ мисли «трактори ақлонӣ» аст, ки корҳои вазнини зеҳниро бар дӯш гирифта, фаъолияти майнаи сари моро осонтар ва самараноктар мекунад.
– Ба назари шумо, ояндаи зеҳни сунъӣ чӣ гуна хоҳад буд?
– Сенарияҳо ва эҳтимолиятҳои зиёде: аз ҳамбастагии комили инсон ва мошин гирифта, то мухторият (автономия)-и пурраи системаҳои сунъӣ вуҷуд доранд. Оянда аз он вобаста аст, ки мо имрӯз чӣ гуна онро танзим ва меъёрҳоро барои он ҷорӣ мекунем.
– Ба хонандагоне, ки мехоҳанд бо зеҳни сунъӣ кор кунанд ё онро биомӯзанд, чӣ тавсия медиҳед?
– Ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму донишҳои нав бошед. Бо ҳар як абзори нави зеҳни сунъӣ, ки пайдо мешавад, шинос шавед ва фикр кунед, ки он чӣ гуна метавонад кори шуморо дар ҳаёти рӯзмарра осон кунад. Аз ин технологияҳо самаранок истифода бурда, дар ҳаёти худ ва ободии Ватан саҳм гузоред.
