МЕТОДИКАИ ТАШКИЛ НАМУДАНИ ҶАМЪИЯТИ ХИМИКОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Маҳмадамин МАҲМАДАМИНОВ,
Сироҷиддин БАНДАЕВ,
устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷамъияти илмии хонандагон ҷамъияти озоди ихтиёрии омӯзгорон ва хонандагонест, ки барои амиқтар омӯхтани дастовардҳои фанҳои табиатшиносӣ, техникӣ, санъат, инчунин, баҳри инкишофи тафаккури эҷодӣ, мустақилияти фикрӣ, муносибати худтаҳлилкунӣ, аз худ намудани малакаҳо ва маҳорати корҳои таҳқиқотӣ-илмӣ кӯшиш менамоянд.
Ба барномаи кории ҷамъияти химикони муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи фаъолият ғайр аз фаъолияти маҳфилҳои алоҳида чорабиниҳое, ки ҳамаи ин маҳфилҳоро муттаҳид менамоянд, дохил карда мешаванд. Чунин ҷамъият оиннома ва нишони худро таҳия мекунад. Ба нақшаи фаъолиятҳо, масалан, расонидани ёрӣ ба якдигар дар вақти иҷрои кор, таҳқиқоти якҷоя, таҷҳизонидани синфхонаҳо, тайёрӣ ба шабнишинӣ, нашри газета ва ғайра, дохил шуда метавонад. Ҳамаи ин масъалаҳо бояд дар ҷаласаи умумии ҷамъияти илмии муассисаҳои таълимӣ тасдиқ карда шаванд. Ба гурӯҳҳои химикони ҷавон бояд шурое роҳбарӣ кунад, ки ҳайати он аз намояндагони ҳамаи бахшҳо ё роҳбарони маҳфилҳо, узви кумитаҳои муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони химия ва намояндаи ташкилоти сарпараст иборат мебошад.
Дар нақшаи мавзуии ҷамъияти химикон чорабиниҳои алоҳида ва ҳисоботе тавсия карда мешаванд, ки дар ҷаласаҳои шуро (моҳе 1-2 маротиба баргузор мегардад), пешниҳод карда мешаванд. Дар маҷлисҳои умумӣ корҳои тамоми ҷамъият ва шуъбаҳои алоҳидаи он муҳокима мегардад. Ҷаласаҳои умумии ҷамъияти химикони ҷавон бояд на бештар аз як маротиба дар 2–3 моҳ гузаронида шаванд. Дар охири сол ҷамъомади ҷамъбастии умумӣ (ҷаласа) барпо мегардад.
Мақсад ва вазифаҳои ҷамъият
Мақсад:
— дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам овардани шароит барои корҳои худинкишофёбӣ, худмуайянкунии касбӣ бо истифодаи шаклу усулҳои нави таълим;
— муайян намудани хонандагони болаёқат, дастгирӣ намудани фаъолияти таҳқиқотии онҳо.
Вазифа:
— ҷалби хонандагон ба фаъолиятҳои илмӣ ва мусоидат ба оммавӣ гардонидани донишҳо;
— ба низом даровардани фаъолияти илмии хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
— инкишофи фаъолияти маърифатӣ ва қобилияти эҷодии хонандагон;
— шинос кардани хонандагон ба шакл ва усулҳои таҳқиқоти илмӣ;
— ташаккул додани малакаҳои кор ба адабиёти илмӣ, маҳорати интихоб, такмил ва ба низом даровардани иттилоот, муайян намудан ва мураттабсозии масъалаҳои таҳқиқотӣ ва навиштани корҳои илмӣ;
— ташаккули малакаҳои муҳосибавӣ бо баромадҳо дар чорабиниҳо, таъсир расонидан ба самти худинтихобкунии касбӣ ва худтасдиқкунии хонандагон;
— фароҳам овардани шароит барои васеъ намудани муҳити муоширати омӯзгорону хонандагон, инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва коммуникатсионии онҳо.
Мазмун ва шаклҳои корҳои ҷамъиятии хонандагон аз таҳияи лоиҳаҳо ва гузаронидани таҳқиқот, иштирок дар чорабиниҳои зеҳнӣ, олимпиадаҳо, озмунҳои эҷодӣ ва конференсияҳои сатҳи гуногун, мусобиқаҳои интернетӣ, семинарҳо, лексияҳо, гузоришҳои эҷодӣ, мубоҳисаҳо ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳи таълимӣ, ба монанди экскурсия, намоишҳо, викторинаҳо ва ғайра, иборат аст.
Иштироккунандагони ҷамъияти хонандагон. Уҳдадорӣ ва ҳуқуқи онҳо
Аъзои ҷамъият хонандагони синфҳои 8–11 ва омӯзгороне мебошанд, ки хоҳиши иштирок намудан дар корҳои илмӣ-таҳқиқотиро доранд.
Аъзои ҷамъият чунин ҳуқуқҳоро доро мебошанд:
— мавзуъҳоро мувофиқи манфиатҳои худ интихоб намоянд.
— барои гузаронидани таҳқиқот аз базаи моддию маънавӣ ва иттилоотии муассиса истифода баранд;
— барои иҷрои кори хаттӣ, агар роҳбар дошта бошанд, аз омӯзгорони салоҳиятдошта тақриз гиранд;
— аз роҳбарон ва мушовирон мунтазам ёрии методӣ гиранд.
Уҳдадориҳои аъзои ҶХ:
— гузаронидани таҳқиқот мувофиқи талаботи тасдиқнамудаи муассисаи таълимӣ;
— риояи реҷаи кор мувофиқи барномаи кори таҳқиқотӣ;
— давра ба давра ҳисобот додан дар маҷлиси муассисаи илмӣ-таълимӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқот;
— таъмини бехатарии пурра ва истифодаи эҳтиёткоронаи маводди химиявӣ ва маълумотӣ-информатсионии муассисаи таълимӣ, инчунин, муассисаҳои ёрирасон (озмоишгоҳҳо).
Аз рӯйи ҷамъбасти конференсияи илмӣ- амалӣ иштироки фаъолона ва муваффақиятҳои эҷодӣ дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аъзои ҷамъият бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуда, барои истироҳат ба осоишгоҳҳо фиристода мешаванд.
Ташкили кори муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
Мақомоти олии ҷамъияти химикон маҷлиси умумӣ мебошад ва он дар аввали соли хониш барпо мегардад. Он самтҳои афзалиятноки корро мушаххас карда, нақшаи кории ҷамъияти химиконро барои 1 сол тасдиқ менамояд. Ба роҳбарии ҷамъият аз ҳайати омӯзгорони касбии муассисаҳои таълимӣ (фанни химия) ва ёвари он аз ҳисоби хонандагон интихоб карда мешаванд. Раиси ҷамъият бо роҳи овоздиҳии синфҳои 8–11 ба таври пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Раёсати ҷамъиятро шурои он ташкил мекунад. Ба ҳайати шуро омӯзгорони фанҳои химия, биология, тарбияи ҷисмонӣ ва волидону олимони соҳа шомил карда мешаванд.
Шуро ба корҳои зерин назорат мекунад:
— нақшаи кориро тасдиқ мекунад;
— кумитаи ташкилӣ ва гузаронидани конференсияҳои амалии дарпешистодаро интихоб ва ташкил менамояд;
— хонандагони навро ба ҳайати ҷамъият қабул менамояд.
Ташкили кори шуро ва таҳлили масъалаҳои ҷорӣ тавассути раиси ҷамъият ва мувофиқат намудани он бо роҳбари мактаб, олимони ҷавон, омӯзгорони фанҳои химия, биология, тарбияи ҷисмонӣ ва ғайра, ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи ҳамаи корҳо дар конференсияи илмӣ- амалӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Сентябр:
- Ҷаласаи ҷамъият;
- Таҷрибаҳои шавқовар аз химия барои хонандагон;
- Экскурсия ба корхонаҳои химиявии наздик ба муассисаҳои таълимӣ;
- Мулоқот бо олимони соҳаи химия;
- Суҳбат оид ба мавзуи «Технологияи ҳозиразамон дар истеҳсолоти химиявӣ»;
- Тайёр намудани сураталбом ва презентатсияҳо.
Октябр:
- Ҳафтаи химия;
- Вохӯрӣ бо олимон;
- Ҳимояи рефератҳо оид ба мавзуи “Реаксияҳои каталитикӣ”;
- Экскурсия ба муассисаҳои химиявӣ (наздик ба муассисаи таълимӣ);
- Суҳбат ба хонандагони синфҳои 5–7 оид ба мавзуи «Аҷоиботи химия»;
- Гузаронидани маҳфили «Зарифон»;
- Таҷрибаҳои шавқовар барои хонандагон;
- Викторина оид ба пайвастагиҳои органикӣ;
- Баровардани газета;
- Гузаронидани ҷаласаи умумии «Ҷамъияти химикон»;
- Баромад дар конференсияи «Аҳаммияти химия дар хоҷагии халқ»;
- Экскурсия ба донишгоҳҳои аграрӣ.
Ноябр:
- Гузаронидани конференсия бо хонандагони синфи 8 оид ба мавзуи «Синфҳои пайвастагиҳои химиявӣ»;
- Нашри газетаи «Саёҳат ба мамлакати химия»;
- Ҳимояи корҳои амалӣ оид ба мавзуи «Ҳосил намудани ҳидроген дар лаборатория»;
- Суҳбат оид ба мавзуи «Химия дар хоҷагии қишлоқ»;
- Таҷрибаҳои шавқовар барои хонандагони синфҳои 7–8;
- Гузаронидани маҳфили «Зарифон» барои хонандагони синфи 8.
Декабр:
- Конференсия оид ба мавзуи «Қонуни бузурги табиат» барои хонандагон;
- Ҳимояи реферат оид ба мавзуи «Электролиз» дар якҷоягӣ бо физикони ҷавон;
- Суҳбат бо кормандони корхонаи манзил оид ба мавзуи «Аҳаммияти химия дар хоҷагии қишлоқ»;
- Гузаронидани таҷрибаҳои шавқовар;
- Баромад оид ба назарияи А.М. Бутлеров.
Январ:
- Гузаронидани олимпиадаи муассисаи таълимӣ;
- Суҳбат оид ба мавзуъҳо: «Пластмассаҳо дар хоҷагии қишлоқ», «Назарияи квантӣ дар химия», «Бандҳои химиявӣ».
Феврал:
- Викторина барои хонандагони синфи 9;
- Ҳимояи кори амалӣ оид ба мавзуи “Ҳосил намудани оксиген дар озмоишгоҳ”;
- Конференсияи хонандагони синфҳои 9 оид ба мавзуи «Химияи ватанӣ»;
- Суҳбат – «Пайвастагиҳои ҳидрогении ғайрифилизӣ».
Март:
- Суҳбат барои хонандагони синфҳои 5–8 оид ба мавзуи «Химия ва экология»;
- Гузаронидани маҳфили «Зарифон» барои хонандагони синфи 8;
- Мусобиқаи дониши хонандагони синфҳои 8 оид ба мавзуи “Қонуни даврӣ ва системаи даврии Д.И. Менделеев»
Апрел:
- Ҳимояи реферат оид ба мавзуи «Коррозияи филизот ва мубориза бар зидди он»;
- Ҳимояи реферат оид ба мавзуи «Силитсий ва пайвастагиҳои он»;
- Баровардани газетаҳои “Филизоти нодир”;
- Суҳбат оид ба мавзуи “Химия ва экология”;
- Баромадҳо: “Муваффақиятҳои илмҳои химия ва техника”. “Суръати реаксияҳои химиявӣ”. “Мушкилии хӯроквориҳои синтетикӣ”.
Май:
- Суҳбат оид ба мавзуи “Гурӯҳи филизоти ишқорзаминӣ”;
- Ҳимояи рефератҳо оид ба мавзуъҳои “Баргардандагии реаксияҳои химиявӣ”, “Хосиятҳо, сохт ва нақши сафедаҳо дар ҳаёт”, “Назарияи диссотсиатсияи электролитикӣ”.
Дар давоми сол бояд чунин корҳо иҷро карда шаванд:
- Чоп намудани 4 маҷалла;
- Тайёр намудани албом;
- Чоп намудани 4 рӯзнома;
- Гузаронидани экскурсияҳо;
- Гузаронидани машғулияти хонандагон дар лабораторияи таҳлилӣ ва лабораторияҳои органикии донишгоҳҳо (вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии муассисаҳо интихоб карда мешаванд);
- Ташкил намудани шуъбаҳо (сексия)-и химияи шавқовар: химияи илмӣ-таҳқиқотӣ; электорӣ; ҳалли масъалаҳои мушкил; лаборантҳо; таҳлилгарон; илмӣ-амалӣ; экскурсионӣ (саёҳатӣ); китобхона.
Яке аз вазифаҳои асосиии Ҷамъияти химикон баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мебошад. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фоиданок ба Ҷамъияти химикон зарур аст. Роҳбарии корҳои фоиданоки ҷамъиятиро бояд ситод идора намояд ва тамоми ин чорабиниҳоро бояд ба нақша гирифта, иҷрокунандагонро интихоб намуда, ба иҷрои онҳо ба воситаи хонандагон назорат намояд. Дар баробари ин, дар хотир доштан лозим аст, ки шаклҳои фаъолияти фоиданок бояд гуногун бошанд, то ки ҳар як хонандае, ки ба химия шавқ дорад, дар ҳамаи корҳо иштирок намояд. Дар вақти додани супориш аъзои ҷамъият ё ситод бояд бо ҳамроҳии омӯзгорони химия, бо шахсоне, ки ба ин вазифа гузошта шудаанд, маслиҳат карда, рафти корро бо онҳо муҳокима намоянд. Албатта, ба ҳар хонанда барои эҷодкорона меҳнат кардан имкон додан лозим аст.
Хулоса, ташкил намудани Ҷамъияти химикон дар муассисаҳои таълимӣ тақозои замон аст. Ин ҷамъият ба омода намудани мутахассисони соҳаи химия, ки барои рушди илми Ватани азизамон лозиманд, мусоидат мекунад. Дар баробари ин, ташкили Ҷамъияти химикон дар интихоби касб ба хонандагон ёрӣ мерасонад.
