Ситора ШОДИЕВА,
унвонҷӯи кафедраи назария ва адабиёти
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ

Донишҳои гуфтории мардум қисми бузурги фарҳанги ҷомеа ва як бахши маданияти миллӣ маҳсуб шуда, адабиётро зебоӣ ва каломро ширинӣ ато менамоянд. Дар ин нигошта таъсири унсурҳои фолклорӣ дар ашъори устоди шеъри муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ таҳлил шудааст, ки барои омӯзгорони забону адабиёт ва фарҳангшиносию мардумшиносӣ дорои манфиати хос мебошад.

Дар адабиёти гуфторӣ дубайтӣ таърихи қадима дошта, як қисмати назми халқиро дар қатори рубоӣ ва суруду тарона ташкил менамояд. Дубайтӣ қолаб ва вазни махсуси худро дошта, барои ибрози андеша ва истифодаи донишҳои мардумӣ жанри муносиб мебошад.

Дар адабиёти муосири тоҷик дар инкишоф ва такомули дубайтӣ устодон А. Лоҳутӣ ва М. Раҳимӣ нақши намоён бозидаанд. Нақши Лоиқ Шералӣ низ дар ин замина барҷаста мебошад. Дар маҷмуаи дубайтиҳои устод, ки бо номи “Резаборон” дар соли 1976 нашр шуд, аз унсурҳои фолклорӣ фаровон истифода шудааст. Ӯ пеш аз “Резаборон” дар маҷмуаи “Соҳилҳо” (1972) силсилаи рубоиҳоро бо номи “Ҷоми Хайём” ба нашр расонида буд. “Резаборон” дуюмин силсилаи шеърҳои устод Лоиқ аст, ки дар қолаби ин жанр иншо шудааст. Метавон гуфт, ки Лоиқ Шералӣ бо “Резаборон”-и хеш ҷойи дубайтиро дар адабиёти тоҷик устувор сохт. Мо дар дубайтиҳои устод таъсири адабиёти гуфториро бармало ҳис мекунем.

Дар шеъри “Духтари рустоӣ” Лоиқ аз дубайтиҳои халқӣ истифода карда, симои духтари рустоиро, ки маҳбубаш ба ҷанги Гермон рафтааст, тасвир менамояд:

Ба хилватгоҳҳои дашту саҳро,

Ту мехондӣ: “Ҷавонам, ман ҷавонам.

Илоҳо, бишканад дасти камонсоз,

Ки аз дасти камон бехонумонам”.

Устод Лоиқ дубайтиҳоро пурра наовардааст, вале ин дубайтиҳо чунон машҳуранд, ки хонанда худ ба маънои ниҳонии он пай мебарад:

Сарак мечидию медидӣ гоҳе,

Сари ёрат чунон афтода дар хок.

Сари кӯҳи баланд истода гоҳе,

Варо фарёд мекардӣ зи афлок.

Шоир ибораи “сари кӯҳи баланд”-ро беҳуда ёдрас накардааст, чунки дубайтиҳои мазкур бо “сари кӯҳи баланд” оғоз мешаванд. Масалан:

Сари кӯҳи баланду давдавонам,

Камон дар китфу ханҷар дар миёнам.

Илоҳо, бишканад дасти камонсоз,

Ки аз дасти камон бехонумонам.

Дар фолклори тоҷик дубайтиҳои зиёде вомехӯранд, ки бо ибораи “сари кӯҳи баланд” оғоз мешаванд. Лоиқ “сари кӯҳи баланд”-ро монанди кӯҳистониён сарбаландӣ, ҳимматбаландӣ медонад, ки аз зулму ситам ба кӯҳсор паноҳ бурдаанд:

Сари кӯҳи баланд най мезанам ман,

Шутур гум кардаам, пай мезанам ман.

Шутур гум кардаам бо бори кошӣ,

Гуле гум кардаам, балки ту бошӣ. 

Лоиқ ба назми мардумӣ, хусусан, ба дубайтӣ дилбастагии зиёде доштааст ва аз он таъсир бардоштааст. Дубайтиҳои навиштаи Лоиқ ё худ шеърҳое, ки дар қолаби дубайтӣ сурудааст, услуби омиёна дошта, онро аз дубайтиҳои халқӣ фарқ кардан душвор аст:

Агар фармуди он якто намешуд,

Гуноҳ аз Одаму Ҳавво намешуд.

Агар як дин ҷаҳонро пок медошт,

Дигар дин дар ҷаҳон пайдо намешуд.

Инро муқоиса кунед бо:

Агар боди ҳаво пайдо намешуд,

Даҳони ғунчаи гул во намешуд.

Агар Лайлиро медоданд ба Маҷнун,

Дар олам ошиқӣ расво намешуд.  

Тавре мебинем, устод Лоиқ дар дубайтиҳои худ мазмунро бозтоби нав додааст. Дар контексти шеъри Лоиқ дубайтиҳо мазмуни дигари иҷтимоӣ, саҳеҳтар ва маънавӣ пайдо кардаанд. Лоиқ фаротар аз мазмуни аслӣ меравад ва олами кӯчаки гӯяндаро ба олами фалсафӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва аз зоҳир ба ботин мебарад:

Гаҳе чун шуълаи оташ дамидам,

Гаҳе дар фикри бешу кам тапидам.

Маро ҳарчанд модар зод аввал,

Худамро боз сад бор офаридам.

Дар рубоиёти Лоиқ низ масъалаи унсурҳои фолклорӣ ба таври возеҳ дида мешавад. Ҳарчанд дар адабиёти муосири тоҷик ҳамаи шоирон рубоӣ сурудаанд, аммо силсилаи рубоиёти “Ҷоми Хайём”-и Лоиқ Шералӣ таҳти таъсири рубоиёти Хайём суруда шудаанд. Лоиқ, ба қавле, ҷоми Хайёмро ба майи ноби тозаву тари рубоӣ саршор гардонид. Агарчи Лоиқ аз Хайём таъсир бардоштааст, вале дар бархе аз рубоиёташ таъсири адабиёти гуфторӣ низ ҳис карда мешаванд. Мо инро дар ибораву таъбироти халқӣ, корбурди мақол ва зарбулмасалҳои халқӣ ва рубоиёти алоҳида дида метавонем:

Халқӣ:

Сабзиназанак дар қади пастат ҷонам,

Дар чалаи нуқрагини дастат ҷонам.

Лоиқ:

Сабзинанигор ҳотамат хоҳам буд,

Ҳамқисмати ҳар бешу камат хоҳам буд.

Донам, ки ҳамеша дӯстат хоҳам дошт,

Як боркаши бори ғамат хоҳам буд.

Дар назми халқӣ калимаҳое, ба монанди “сабзина”, “сабзиназанак”, “сабзинаҷавон”, “сабзинадухтар” бисёр вомехӯрад. Вожаи “сабзинанигор”-ро Лоиқ дар пайравии вожаҳои болоӣ офаридааст.

Халқӣ:

Садбарги сафеди саҳариро чӣ кунам?

Ман бе ту ҳаёту зиндагиро чӣ кунам?

Мардум зи Худо умри дароз металабанд,

Ман умри дарози ғамқатиро чӣ кунам?

Лоиқ:

Ман шебу фарози роҳҳоро чӣ кунам?

Бе дарди ту солу моҳҳоро чӣ кунам?

Бе дарди ту шеърҳои ман бедарданд,

Бе сӯзу гудоз оҳҳоро чӣ кунам? 

Суруд ва тарона низ аз қадимтарин жанрҳои фолклорие мебошанд, ки собиқаи таърихияшон ба олами бостон мерасад. Аз ҷумла, М. Наршахӣ чунин овардааст: “Мардуми Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳост. Чунонки дар ҳамаи вилоятҳо маъруф аст ва мутрибон онро суруд сохтаву мегӯянд ва қавволон онро “Гиристани муғон» хонанд ва ин сухани зиёда аз се ҳазор сол аст”.

Суруду тарона дар ашъори Лоиқ низ ҷойгоҳи хоссае доранд. Шоир ба баъзе шеърҳояш сарлавҳаи сурудро муносиб дида, чунин номгузорӣ кардааст: суруди некӣ, суруди модар, суруди туннелкорон, суруди Душанбе ва ғайра. Ногуфта намонад, ки ҳар матне, ки тавассути сози мусиқӣ суруда мешавад, суруд аст. Албатта, масъалаи жанри суруд баҳсталаб мебошад. Чунки ғазал ё рубоӣ дар адабиёти навишторӣ жанрҳои мустақил ба шумор мераванд. Вале ҳангоми суруда шудан, онҳо дигар ғазал ё рубоӣ нестанд. Суруд қоидаву қонунҳои дохилии худро дорад, ки аз оҳанги мусиқӣ ва овоз иборат аст. Матн пойбанди мусиқӣ ва лаҳни овозхон мегардад ва аз доираи таъсири адабиёт мебарояд ва сабку хусусиятҳои тозае касб мекунад. Шояд аз ин ҷост, ки як матнро метавон ба чандин услубу лаҳн сароид, ки дар ҳар кадоме мусиқӣ тағйири оҳанг мекунад.

Дар адабиёти навишторӣ “суруд” ва “тарона” ҳамчун истилоҳи адабӣ шинохта нашудааст, вале Лоиқ ин гуна шеърҳояшро “суруд” ва “тарона” номидааст. Шояд ба он хотир бошад, ки ин суруду таронаҳо бо оҳанг сароида мешаванд ва ё ки кӯшиши Лоиқ барои ҳамчун истилоҳ шинохтани онҳост. Лоиқ дар баъзе шеърҳояш “ушшоқ” ё “ғазал” ном гузоштааст. Масалан, “Ушшоқи Душанбе” ё “Ушшоқи Исфара”, ки бегумон дар пайравӣ ба “Ушшоқи Самарқанд”-и Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, ки бар матни ғазали Зебуннисо оҳанг бастааст, номгузорӣ шудаанд. Ушшоқҳои Лоиқ ғазаланд, ғазалҳои “Ғазали боғбони пир”, “Ғазале барои худ”, “Ғазали дарё” тамоман ғазал (ба истилоҳи адабӣ) нестанд, вале навъи дигар шеъранд, аз қабили шеъри нав ё нимоӣ.

Метавон зикр намуд, ки баъзе шеърҳои Лоиқ тамоман суруд нестанд, вале онҳоро низ оҳанг баста буданд. Барои мисол шеъри “Суғдиён ҳар гоҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд” хусусияти тарона ё сурудро надорад, вале аз ҷониби дастаи як замон маъруфи “Суғдиён” (солҳои 80-уми асри 20) суруда мешуд.

Таронаҳои “Имони дил” ва “Хосияти дукокула” дар пайравӣ ба таронаҳои халқӣ навишта шудаанд. Худи Лоиқ онҳоро дар поварақ “моли мардум” ё “байти халқӣ” гуфтааст:

Ишқат имони дилам, қиблаи имони дилам,

Зулфи чун силсилаат, силсилаҷунбонидилам.

Санаме санаме, дара бикшо манаме,

То ба кай пушти дарат, ҳалқа бар дар занаме.

Лоиқ аз таронаҳои халқӣ илҳом гирифтааст, вале тағйироте ба онҳо ворид сохтааст. Таронаи халқӣ, аслан, чунин аст:

Эй санам, эй санам! Дара бикшо манам,

То ба кай пушти дарат, ҳалқа бар дар занам.

Таронаи Лоиқ ба андаке тағйирот оҳанги дигар, оҳанги илтиҷо касб кардааст. Дар таронаи халқӣ оҳанг аз илтиҷо дида, бештар ба таҳдид монандӣ дорад.  Таронаи “Хосияти дукокула” ҳамон оҳангу сабки гӯиши мардумиро нигоҳ доштааст:

Хосияти дукокула,

Ба рӯм задӣ барги гула.

Ба рӯм задӣ барги гула,

Куштӣ ҳазор булбула.

Чӣ бо итоб меравӣ, чӣ ба шитоб меравӣ?

Дили ман об кардаву барои об меравӣ.

Таронаи “Наврӯзӣ” низ бар асоси таассурот аз таронаи халқист, вале каме оҳанги дигареро дорост:

Наврӯз лола орад,

Май дар пиёла орад.

Пайғоми навбаҳорон,

Ба кӯҳу ёла орад.

Наврӯзи навбаҳорон, бар

дӯстон муборак!

Ҷашни гулу муҳаббат, дар

бӯстон муборак! 

Бо чунин равиш, Лоиқ сабки омиёна ва сабки шеъри касбиро бо ҳам пайванд кардааст. Таронаҳои Лоиқ ҳоло ҳам суруда мешаванд ва ҳаловату ширинӣ, гувороию дилчаспии онҳо ба руҳ, ба дил ва ба ҷон роҳат мебахшанд ва қисме аз он таронаҳо мардумӣ шудаанд. Таронаи “Шаб ба хайр”, ки ҳанӯз соли 1977 Баҳодур Неъматов ба он оҳанг баста буд, то ҳол дар ҳар базм ҳамчун суруди хотима ё фарҷоми базм садо медиҳад ва кайҳост, ки мардумӣ шудааст. Ба қавли фолклоршинос В. Асрорӣ: “Ҳамоҳангии сурудҳо бо набзи замон, бо сабки халқӣ навиша шудани онҳо ва ба оҳанги мусиқӣ доро будани онҳо хусусияти халқияти онҳоро ифода кардаанд”.

Бо дарназардошти мулоҳизоти болоӣ метавон хулоса кард, ки устод Лоиқ Шералӣ дар ашъори худ аз мазмун ва муҳтавои жанрҳои маъмули адабиёти гуфторӣ, мисли дубайтӣ, рубоӣ, суруд ва таронаҳои мардумӣ ба таври фаровон истифода бурдааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *