Иноят ФАЙЗУЛЛОЕВА,
ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи рушди
маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Мушкилоти рушди шахсият ва дар ин замина, ташаккули салоҳияти муоширатӣ яке аз масъалаҳои мубраму ҳалталаби дидактикаи забоншиносӣ (лингводидактика) дониста мешавад. Ин мушкилот аз ҳама бештар дар таълими фанҳои филологӣ пайдо мегардад. Ташаккули салоҳияти муоширатии хонандагон, муносибати ташаккули шахсият барои омӯзгори имрӯза аз мавзуъҳои саривақтии таълим дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар таҳқиқоти мо салоҳиятнокӣ, муносибати босалоҳият як системаи консептуалӣ мебошад, ки ба ташаккули салоҳияти муоширатии хонандагон иртибот дорад. Салоҳияти муоширатӣ яке аз салоҳияти асосӣ дониста мешавад, зеро ҳама салоҳияти дигарро, аз ҷумла, салоҳияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва илова бар ин, омодагӣ ба таҳсил ва рушди мустақилонаро фаро мегирад.

 Бояд зикр намуд, ки “салоҳият” на танҳо қобилияти иҷрои корҳои марбут ба фанҳои таълимӣ, балки маҷмуи дониш, малака ва қобилияти дар раванди таълим ташаккулёфта мебошад ва маҳз ташаккули салоҳияти муошират ин равандро тақвият мебахшад. Муҳаққиқон Е. А. Бистрова, С. И. Лвова, Л. В. Черепанова низ дар асарҳои худ салоҳиятро бо маҷмуи дониш, малака, маҳорат аз рӯйи фанҳои умумӣ ва усули фаъолият алоқаманд медонанд.

Ташаккули салоҳияти муоширатӣ дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик бояд дар ҳамгироӣ ба дигар фанҳо бо мақсади дуруст аз худ кардану истифода бурдани забони адабии тоҷикӣ, ҳамчунон, таълим, тарбия ва инкишофи шахсияти хонанда равона карда шавад. Тағйироте, ки ҳоло дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои иртибот ба амал меоянд, баланд бардоштани салоҳияти муоширатии хонандагон ва рушду такомули забонии онҳоро тақозо менамояд. Пас, салоҳияти муоширатӣ масъалаи умда буда, мақсади асосии он, қабл аз омӯхтани забонҳои дигар, ба таври олӣ аз бар кардани забони модарӣ мебошад. Салоҳияти муоширатӣ ин қобилияти хонандаро дар ҳаллу фасли мушкилоти муошират дар ҳаёти ҳамарӯза, муносибати таълимӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангии ҷомеа муайян менамояд.

Низоми имрӯзаи таълим дар назди омӯзгор вазифаи тайёр кардани шахсияти комилро гузоштааст. Ба ин хотир, дар муассисаҳо миёни хонандагон ташаккул додани салоҳияти муоширатӣ, ки дар худ ҳам салоҳияти забонӣ, ҳам иҷтимоиву фарҳангиро фаро мегирад, вазифаи аввалини омӯзгор аст. Албатта, бархӯрдор будан аз дониши замонавии иҷтимоиву маданӣ муҳим аст, зеро бе он ташаккул додани салоҳияти муоширатӣ, ҳатто дар сатҳи маҳдуд ҳам, ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар назди омӯзгор вазифае меистад, ки бояд таваҷҷуҳи бештарро ба самти ташаккули шахсияти хонандагон ва ҳавасманд гардонидани онҳо барои ноил гардидан ба ин мақсад равона намояд. Омӯзгор, хусусан, омӯзгори забони модарӣ, бояд омӯзишро вобаста ба шавқу рағбат ва донишу маърифати хонандагон мувофиқ гардонад. Барои ин, омӯзгоронро лозим аст, ки назар ба таълими дарсҳои анъанавӣ, таълими ғайрианъанавиро мавриди истифода қарор диҳанд, ки ин тақозои асосии муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.

Муҳаққиқ Д. Имомназаров чунин қайд менамояд: «Барои рушди тафаккур ва инкишофи нутқи ифоданоки хонандагон омӯзгорони зиёди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар аз бозиҳо, бахусус, бозиҳои дидактикӣ истифода менамоянд, ки хеле манфиатовар арзёбӣ мегарданд. Истифодаи мақсадноки онҳо ба ташаккули салоҳиятҳои таҳлилӣ, қобилиятҳои эҷодӣ ва фикрии хонандагон ба таври дилхоҳ мусоидат мекунад ва омӯзгорони зиёд аз он самаранок истифода мебаранд. Вале боз ҳам хуб мешуд, агар ин бар мабнои забони адабии тоҷикӣ ба роҳ монда мешуд».

Барои ташаккули малака ва маҳорати муошират бо забони адабии расмӣ ба хонандагон ба забони модарӣ муошират карданро омӯзонидан лозим аст. Ба ин хотир, омӯзгоронро зарур аст, ки ба системаи дарсии худ тағйирот ворид намуда, ба усулҳои инноватсионии ғайрианъанавии таълим, аз қабили видеодарс, саёҳат-дарс, саҳна-дарс, мубоҳиса-дарс ва ғайра бештар рӯ оваранд. Чунин шаклҳои дарс хусусияти муоширатӣ дошта, шавқу рағбати донишомӯзонро дучанд мегардонанд ва мақсади аз бар кардани забони адабиро равшан менамоянд. Дар рафти чунин дарсҳо доираи таассурот ва ҷаҳонбинии хонандагон васеъ гардида, онҳо доир ба фарҳангу дигар арзишҳои миллии худ бештар иттилоъ мегиранд ва эҳтиром зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, чунин дарсҳо ба рушди салоҳиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии онҳо, ки омили асосии ташаккули шахсият маҳсуб меёбанд, мусоидат менамояд.

Албатта, дар ин ҷо саволе бармеояд, ки чаро гузаронидани чунин дарсҳо муҳим дониста мешаванд?

Масалан, зимни барпо шудани видеодарсҳо дар бораи шахсиятҳои бузурги миллат, ҳаводиси фарҳангиву таърихӣ, вохӯриву мусоҳибаҳо бо ашхоси шинохтае, ки ба забони адабии тоҷикӣ ҳарф мезананд, хонандаро як ҳиссиёти фарҳангӣ фаро мегирад ва инчунин, нозукиҳои таълими забону адабиёти миллати худро эҳсос мекунанд. Ҳангоми тамошо ва иштирок дар видеодарс хонанда кӯшиш мекунад, ки мисли қаҳрамонони дидааш озодона сухан гӯяд. Илова бар ин, истифодаи филмҳои ҳуҷҷатӣ ба рушди равонии хонандагон, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ, хотира ва тафаккур мусоидат мекунад. Вақти тамошои филми тасвирӣ дар синф фазои фаъолияти муштараки маърифатӣ ба вуҷуд омада, ҳатто, бепарвотарин хонанда ҳам кӯшиш мекунад, ки мазмуни филмро фаҳмад. Ин ба раванди азхудкунии дониши забониву фарҳанги муошират таъсири мусбат мерасонад.

Дарс-сайёҳат ё дарси экскурсия низ яке аз навъҳои ғайрианъанавии таълим мебошанд, ки барои рушди салоҳиятҳои маърифатии хонандагон аҳаммияти хосса дорад. Хонанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки роҷеъ ба мавзуи ин дарс аз маводди иловагӣ истифода барад, ҷустуҷӯ намояд, аз иттилооти интернетӣ маълумот пайдо кунад. Минбаъд ҳамчун мутахассиси ягон соҳа метавонад дар гуфтугӯйи тамаддунҳо иштирок варзида, фарҳанг, таърих ва адабиёти миллати худро озодона муаррифӣ намояд.

Дарс-саҳна ё нақшбозӣ яке аз усулҳои асосӣ ва самарабахш дар таълими забону адабиёти тоҷик мебошад. Истифодаи осори адибон дар дарсҳо, бо ҳамдигар ба забони адабӣ гуфтугӯ намудани қаҳрамонҳо — хонандагон ва ё нақшофарон малакаи бенуқс талаффуз кардани калимаву ибораҳоро инкишоф дода, салоҳияти фарҳангиву маърифатӣ, эстетикӣ ва дар пояи он салоҳияти муоширатӣ ва истеъдоди эҷодии хонандагонро ташаккул медиҳад. Дарс-саҳна кори эҷодӣ аст. Чунин намуди кор фикрронии хонандагонро инкишоф дода, таваҷҷуҳи онҳоро ба адабиёт бештар намуда, фонди луғавии онҳоро ғанӣ мегардонад. Дар натиҷа салоҳияти муоширатии хонандагон низ ташаккул меёбад.

Ташкил кардани дарси муколама ё мусоҳиба яке аз шаклҳои асосии ташаккули салоҳияти муоширатии хонандагон ҳисоб меёбад. Чунин дарсҳо хеле шавқовар буда, хонандагон онро осон ва хушҳолона аз худ мекунанд. Хонандагон малака ва маҳорати гузаронидани суҳбатро дар доираи мавзуъҳои гуногун соҳиб мегарданд.

Омӯзгор бо гузоштани саволҳои мушаххас мавзуъҳои гуногунро истифода бурда метавонад. Мавзуъро бояд чунон интихоб намояд, ки мавод хусусияти муоширати мутақобиларо доро бошад, яъне, ҳарду тараф рӯйи ин мавзуъ суҳбат ва ё худ муколама карда тавонанд ва фазои табодули афкор ҷорӣ карда шавад.

Гузаронидани чунин дарсҳо аз омӯзгорон тайёрии ҳаматарафаро талаб мекунад. Хонандагон бояд мустақилона ба гузаронидани мусоҳибаҳо омодагӣ бинанд. Мусоҳибаҳо бояд танҳо бо забони адабии тоҷикӣ сурат гиранд ва саволҳоро худашон ба забони адабии тоҷикӣ интихоб намоянд. Ҳангоми интихоб ба саволҳои аз ҳама муҳим ва мазмуннок бештар афзалият дода шавад.

Омодагӣ ва гузаронидани чунин дарсҳо шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба забони модариашон зиёд менамояд. Дар натиҷаи истифодаи сарчашмаҳои гуногун, фарҳанги забони тоҷикӣ ва дигар луғатҳо донишу маърифати хонандагон зиёд мешавад.

Бояд гуфт, ки аслан муошират дар ҳар забон дар заминаи назарияи фаъолияти нутқ, яъне, гуфтор, гап задан ва суҳбат кардан инкишоф меёбад. Зеро маҳорати гуфторӣ яке аз ҷузъҳои асосии салоҳияти муоширатӣ ба шумор меравад ва ин маҳорат бе донистани қоидаҳои грамматикии сохти шакл, ибораҳо ва муоширати шифоҳӣ бо забони адабӣ ба даст намеояд. Дар робита ба ин, забоншиносон ҷузъиёти зерини салоҳияти муоширатиро нишон додаанд:

— грамматикӣ ё лингвистикӣ, яъне, дониши мунтазам роҷеъ ба қоидаҳои грамматикӣ, воҳидҳои забонӣ, таркибҳои луғавӣ, ки воҳиди лексикии баёнро дигаргун мекунанд;

— иҷтимоӣ-лингвистикӣ, яъне, қобилияти истифода карда тавонистан дар интихоби шакл ва воситаи муошират вобаста ба мақсади лаҳзаҳои муошират;

— дисскурсивӣ – салоҳияти бомантиқ суҳбат кардан, яъне, қобилияти истифода кардани гуфтори мантиқӣ дар лаҳзаҳои хондан ва гӯш кардани нутқ;

— салоҳияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, яъне, донистани вижагиҳои забон, анъана, расму оин, одоб, истифодаи дурусти иттилоот дар муошират.

Барои рушди тафаккур ва дар хонандагон инкишоф додани нутқи ифоданок аксари омӯзгорон аз бозиҳои дидактикӣ, амсоли “Эҷоди матн”, “Эҷоди калима” ва ғайра истифода мебаранд. Бозиҳо барои инкишофи нутқи шифоҳӣ хеле самарбахш мебошанд. Бахусус, бозиҳои грамматикӣ, лексикӣ, фонетикӣ ва амсоли онҳо. Ин бозиҳо вазифаҳои функсионалӣ доранд, ки ҳадаф ташаккули қобилияти истифодаи сохторҳои забонӣ дар муошират мебошад. Онҳо хеле зиёданд ва ҳар яке бо мақсади дуруст кор фармудани ягон ҳиссаи нутқ ташкил карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, истифодаи усули фаъол нисбат ба усулҳои анъанавӣ раванди тафаккури хонандагонро инкишоф дода, онҳоро ба фаъолияти мунтазами эҷодӣ водор месозад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки бо забони адабӣ бо мақсади ташаккули малака ва маҳорати муоширати равшану пурмазмун омода бошанд. Забони адабии тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дорост ва омӯзгорон бояд барои пешрафти мунтазами ин забони кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар ин ҷода омӯзгоронро мебояд:

— барои ташаккул додани салоҳиятҳои муоширатии хонандагон аз усулҳои фаъоли ғайрианъанавӣ бештар истифода баранд;

— зимни таҳияи дарсҳои забони тоҷикӣ бештар ба истифодаи технологияи инноватсионии таълим такя намоянд;

— дар истифодаи технологияи инноватсионӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз ҳуҷуми фикрӣ (ангезиши зеҳн), мубоҳисаҳои гурӯҳӣ, иншо, эссе, бозиҳои дидактикӣ, харитаи андешаҳо ва таҳқиқи матн бештар истифода баранд.

Бояд қайд кард, ки маводди хусусияти лингвистӣ-кишваршиносӣ, лингвистӣ-фарҳангӣ, лингвистӣ-этнографидошта воситаи тавонои баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон барои аз худ кардани забони модарӣ мебошад. Бинобар ин, аснои таълим зиёд истифода кардани маводди фарҳангӣ-таърихӣ ва кишваршиносӣ натиҷаи судманде дода, дониш, маҳорат, малака ва дар маҷмуъ, салоҳияти муоширатии хонандагонро дар самти кишваршиносӣ ва лингвистӣ ташаккул медиҳад.

Хулоса, таҳқиқоти пайвастаи мо нишон медиҳанд, ки ташкили чунин навъи дарсҳо барои омӯзгорон қобили қабул аст ва ин раванди ташаккули маҳорати муоширати хонандагонро таъмин мекунад. Донишомӯзон низ бояд зимни таълими забони тоҷикӣ дониш, малака ва маҳорати лексикӣ, грамматикӣ ва нутқиро ба таври ҳирфаӣ соҳиб гарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *