ТАЪСИРИ ОМӮЗГОР БА ТАСМИМГИРИИ ХОНАНДАГОН ҲАНГОМИ ИНТИХОБИ КАСБ
Робия ОДИНАЕВА,
муовини директори МТМУ №4-и
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Масъалаи интихоби касб дар ҳама давру замон барои инсон аҳаммияти хосса дошт. Мо аз айёми кӯдакӣ орзуҳои некро дар дил мепарварем ва ояндаи хешро бо он орзуҳо тасаввур мекунем. Саволи асосие, ки дар зеҳни ҳар кӯдак ҷой мегирад, муайян кардани роҳи ҳаёт, яъне, «ман кӣ мешавам?» аст. Дар ин синну сол чунин интихоб осон ба назар мерасад, аммо орзуҳоро амалӣ намудан ба дастгирӣ ва роҳнамоии волидон ва омӯзгорон ниёз дорад.
Дар давраи наврасӣ омилҳои зиёде ба интихоби касб таъсир мерасонанд, аз ҷумла, шароити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ ва андешаҳои атрофиён. Аз ин рӯ, интихоби касб яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули шахсият ба шумор меравад, ки бо раванди худшиносӣ ва дарки имкониятҳои шахсӣ алоқаманд аст. Гарчанде тасмими огоҳонаи интихоби касб бештар дар зинаҳои болоии таҳсил сурат мегирад, заминаҳои он дар синфҳои ибтидоӣ ва дар раванди фаъолияти таълимӣ гузошта мешаванд.
Таҳқиқоти педагогӣ ва равоншиносӣ собит сохтаанд, ки самтгирии касбӣ аз давраҳои ибтидоии ҳаёти инсон оғоз мегардад. Аз ин рӯ, ба синфҳои ибтидоӣ ҳамчун марҳилаи бунёдии ташаккули шахсият дар низоми маориф диққати зиёд дода мешавад.
Дар синни ибтидоии мактабӣ кӯдак ба муҳити нави иҷтимоӣ ворид мегардад ва муносибати ӯ бо ҷаҳони атроф шакли нав пайдо мекунад. Омӯзгор дар ин давра барои хонанда шахсияти муътабар ба шумор рафта, байни кӯдак ва муҳити иҷтимоӣ нақши миёнаравро иҷро менамояд. Маҳз тавассути фаъолияти омӯзгор хонанда бо меъёрҳои рафтор, арзишҳои иҷтимоӣ ва муносибат ба меҳнат шинос мегардад. Аз ин рӯ, таъсири омӯзгор ба ташаккули ҷаҳонбинии ибтидоии хонанда хеле амиқ ва устувор мебошад.
Аз назари равоншиносии синнусолӣ синни ибтидоии мактабӣ марҳилаи ташаккули фаъолонаи қобилиятҳои маърифатӣ, рушди тафаккури мантиқӣ ва ибтидои худбаҳодиҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ин давра хонандагон тадриҷан қобилияти худро дарк намуда, нисбати фаъолияти таълимӣ ва иҷтимоӣ муносибати муайян пайдо мекунанд. Арзёбии омӯзгор дар ин раванд аҳаммияти хос дошта, метавонад ба рушди худбоварӣ ё баръакс маҳдуд шудани имконияти кӯдак таъсир расонад.
Яке аз вазифаҳои муҳимми омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фароҳам овардани муҳити таълимии гуногунсамт ва фаъол мебошад. Ташкили машғулияти амалӣ, корҳои эҷодӣ, вазифаҳои гурӯҳӣ ва супоришҳои таҳлилӣ имкон медиҳад, ки хонандагон худро дар нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва касбӣ санҷанд. Ин таҷрибаҳои ибтидоӣ ба ташаккули тасаввуроти хонандагон дар бораи соҳаҳои фаъолият, арзиши меҳнат ва муносибат ба касб мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни таълим омӯзгор имконият дорад, ки хусусиятҳои инфиродии хонандагонро мунтазам мушоҳида намояд. Майл ба таҳлил, шавқ ба фаъолияти эҷодӣ, қобилияти ташкили фаъолият, малакаҳои муошират ва масъулиятшиносӣ метавонанд ҳамчун нишонаҳои ибтидоии рушди шахсият арзёбӣ гарданд. Муносибати илмӣ ва методии омӯзгор ба ин хусусиятҳо ба ташаккули қобилияти худмуайянсозӣ ва худшиносии хонанда таъсири амиқ мегузорад.
Дар ин раванд муҳити равонии синф низ нақши муассир дорад. Хонандагон дар фазои эътимод, ҳамкорӣ ва дастгирӣ имконият пайдо мекунанд, ки қобилияти худро озодона ба кор баранд. Омӯзгоре, ки муносибати инсондӯстона ва одилона дорад, ба ташаккули ирода, мустақилият ва қобилияти тасмимгирии хонанда мусоидат мекунад.
Бояд дар хотир дошт, ки ҳамкории мактаб ва оила низ аҳаммияти махсус дорад. Муносибати пайваста ва ҳамоҳангшудаи омӯзгорон бо волидон дар бораи пешрафти хонанда, шавқу завқ ва рафтори ӯ заминаи татбиқи равандҳои тарбиявиро тақвият мебахшад. Оила ва омӯзгор ҳамчун субъектҳои тарбия метавонанд ҳамзамон арзишҳои касбӣ, фарҳанги меҳнат ва масъулиятшиносии хонандаро мустаҳкам созанд. Ин ҳамоҳангӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки бо боварӣ ва иттилооти дуруст дар бораи имконияти худ тасмими муфид ва шоиста қабул намояд.
Нақши иҷтимоии омӯзгор низ муҳим мебошад. Дар ҷомеа омӯзгор на танҳо шахсияти таълимдиҳанда, балки намунаи рафтор ва посдори арзишҳои иҷтимоӣ аст. Муносибати ӯ ба касб, бо ҳамкорон ва кӯдакон, инчунин, мавқеи иҷтимоии омӯзгор ба хонанда дарк кардани аҳаммияти фаъолияти инсонӣ ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа омӯзиш медиҳад. Аз ин ҷиҳат, таҳкими сатҳи касбии омӯзгор, такмили малакаҳои методӣ ва ҷаҳонбинии баланди педагогӣ барои татбиқи босамари раванди роҳнамоии ибтидоии касбӣ аҳаммияти хос дорад.
Аз ҷиҳати методӣ омӯзгор бояд усулҳо ва роҳҳои фаъолгардонии хонандагонро истифода барад, ки қобилияти интихоб ва арзёбии имконияти шахсиро тақвият диҳанд. Баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ бо равишҳои эҷодӣ, корҳои гурӯҳӣ ва вазифаҳои амалӣ имконият медиҳанд, ки хонандагон нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва касбиро таҷриба кунанд. Ин таҷрибаҳо ба ташаккули тасаввурот дар бораи соҳаҳои фаъолият боис мешаванд.
Ба андешаи мо, хонандаро бояд бо роҳҳои аёнӣ ва фаҳмо роҳнамоӣ кард, то дарк намояд, ки агар имрӯз ба чизе майл дорад, аз ҳоло оғоз кунад. Омӯзиш, таҷриба ва пайгирӣ имкон медиҳанд, ки ӯ давра ба давра пеш равад ва то хатми мактаб хусусиятҳои касби интихобнамудаашро хуб шиносад.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло мехоҳам аз таҷрибаи шахсӣ дарси намунавиеро дар мавзуи “Интихоби касб”, ки бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ гузаронида шудааст, пешниҳоди устодону омӯзгорон ва хонандагони маҷалла намоям.
Дар марҳилаи омодагӣ ба дарс аз ҳар як хонанда пурсида шуд, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳанд ё чӣ касберо интихоб мекунанд. Хонандагон мувофиқ ба талабу хоҳиш ва орзуҳое, ки дар дил мепарваранд, ҳар кадом дар оянда чӣ пешаеро интихоб карданашонро мегӯянд.
Омӯзгор ҳар як хонандаро бо ному насаб ва касби интихобнамуда ба қайд гирифта, бо дастгоҳи аксбардорӣ расм мегирад.
Сипас, бо ёрии барномаҳои компютерӣ ва зеҳни сунъӣ расми хонандагон дар синну соли калон, дар муҳити корие, ки ба касби интихобнамудаашон мувофиқ аст, омода карда, мешавад. Пас аз он, расмҳоро ба шакли ранга чоп мекунем. Хонандагон бо дидани расми худ дар муҳити корие, ки орзу мекунанд, таассуроти баланд бардошта, дар зершуури онҳо муҳаббат ба касби интихобкарда зиёд мешавад. Ин таъсиррасонӣ талоши онҳоро барои расидан ба орзуҳо зиёд мекунад. Барои он ки рафти дарс хотирмон ва ҷолиб гузарад, сабт намудани он аз манфиат холӣ нест.
Рафти чунин дарси намунавӣ, ки чанде пеш бо хонандагони синфи 3-и МТМУ №4-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронидам, аз ҷониби аҳли эҷоди маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» сабт гардид. Навор баъд аз нашр дар саҳифаҳои иҷтимоии маҷалла дар интернет пазироии хуб пайдо кард.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки агар омӯзгорон чунин таҷрибаҳоро бештар бо ҳамдигар дар миён гузоранд, муҳити таълимӣ боз ҳам фаъол, ҷолиб ва судманд мегардад. Зеро таҷрибаи нек вақте паҳн мешавад, арзиши бештар пайдо мекунад.
Хулоса, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ташаккули заминаҳои тасмимгирии касбӣ нақши бузург доранд. Равандҳои назарӣ ва амалӣ, муҳити равонӣ, истифодаи усулҳои фаъолгардонӣ ва ҳамкории мактаб бо оила имкон медиҳанд, ки хонандагон худшиносу масъулиятпазир тарбия ёфта, бо ҷаҳонбинии васеъ ба оянда қадам бигузоранд. Таваҷҷуҳ ба масъалаи роҳнамоии ибтидоии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ҳамчун вазифаи афзалиятноки низоми маориф бояд дар маркази диққати аҳли соҳа қарор гирад.
PS. Навори намунаи дарс дар мавзуи «Интихоби касб»-ро метавонед бо
истифода аз пайванди зерин тамошо кунед:
