А. ЗАРИФӢ,
омӯзгор

Дар ҳошияи ёддошти академик Саймумин Ятимов “Марде шоиста ва зиёие
       истисноӣ ё достони ғаму шодӣ” (рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 01.12.2025)

Офатэҷод аст сози зиндагӣ, ҳушёр бош…

Дарси ибрати таърих ҳушдор медиҳад, ки аз хатову шикастҳо ҷиддан биомӯзӣ, то дигар бор бар банд наафтӣ. Аммо инсон, ки парвардаи муҳити иҷтимоӣ асту таъсирпазири ҳодисоти вақт, бо руҳияву хилқати гуногун, хато паси хато мераваду панд фаромӯш менамояд. Бадбахтона, дар сарнавишти тоҷикон аз бомдоди таърих то кунун чунин панд напазируфтанҳо зиёд будаву сабаби шикаст паси шикастҳо гардидааст.

Пешниҳоди ёддошти академик Саймумин Ятимов “Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ” ба ҷомеа дарси бузургест, то бо мулоҳиза бихонем, андеша намоем ва ба муҳтавои он бирасем. Зеро “Гар футур ояд бар сақфи манор, Чашми умеди бақояшро мадор!”, — фармудаанд пирони кор. Ин ҷо «сақфи манор»-и миллат аҳли зиёи он, равшанфикрони ҷомеа дар назар аст, ки солҳои навадуми асри XX бархе аз онҳо рисолати хешро натавонистанд дуруст ба сомон расонанд, то аз “имтиҳони бузурги таърих” бигзаранд. Набудани тафаккури ягонаи миллӣ ва “…дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштан…” интихоби роҳи дурусти ояндаи миллатро аз ихтиёри онҳо бигирифт.

Фоҷеаи бузург сари он аст, ки баъди ҳазорон соли маҳрумият аз ҳокимияти сиёсӣ миллат Истиқлоли деринтизорро дар охири садаи XX дарёфт, вале руҳи миллӣ дар дилу дидаи аксари аҳли зиёи он даврон фурӯғи кам дошт.

Дар матлаби муаллиф ҳақиқати талхи солҳои 90-ум далерона баён гардидаву иллат ошкор шудааст. Дар байни аҳли зиёи он замон мавҷи ошкоргӯӣ ва гуногунандешӣ аз меъёр гузашта буд. Матбуоти хусусӣ ва ғайридавлатӣ минбари таҳқиру бадномкунӣ, санги маломатафканӣ гардида буд. Азбаски ҳувияти миллӣ ва асолати ориёӣ дар зери чанги таърих монда буд, аҳли зиё, донишмандон, адибон, ҳунармандони театру кино дар “дуроҳаи буронӣ” қарор доштанд. Таҳқиқу баррасии ин масъала кори саҳлу осон нест, зеро он замон ҳама сару калобаи хешро гум карда буданд.

Дар тимсоли профессор Раҳими Мусулмониён нишон додани намунаи он раҳгумзадагони солҳои 90-ум ва бо тафсил ҳикоят аз дараҷаи дониш ва ҳолати пушаймонии як нафар зиёии гумроҳшуда ё дақиқан фиребхӯрда, дарси ибрат аст, то аҳли зиё, равшанфикрону ворастагони арсаи илм, сиёсат, иқтисоду иҷтимоъ, инчунин, ходимони дин дақиқан бидонанд, ки лағзиши пойи аҳли зиёи як давр, чӣ фоҷеае бар сари миллат меорад. Пас, чӣ ҳоҷати гуфтор аз калавандагию бар дом афтодани ҷавонони бедониши зудбовар ва бехабар аз бозиҳои сиёсату риёкории душманони миллат.

Пешниҳод ва бозрасии ин матлаби мӯшикофона, дақиқан, пажуҳиши равоншиносӣ дар масъалаи сабаб, омил ва такондиҳандаҳои ҷанги нангини таҳмилӣ дар солҳои 1992-1997-ум дар Тоҷикистон аст ва таҳқиқоти густурдаеро дар ин замина аз ҷомеашиносон талаб дорад. Зеро устод С. Ятимов дар симои як нафар зиёии тоҷик — Раҳими Мусулмониён чун шабеҳсимо (прототип)-и дар дуроҳа афтодан, калавандагӣ, гумроҳ шудан, иштибоҳи хешро дарёфтан ва пушаймон гаштани садҳо зиёии солҳои 90-умро ба қалам дода, ки масъалаи андак несту пажуҳиши хоссаю касбиро тақозо дорад. Зеро дар он даврони пурталотум олимону донишмандони асилзодае низ буданд, ки бо камоли хирад ва вусъати андеша оқибати ин фоҷеаи ба сари миллат меомадаро дарк намудаву ҷавонони хунгарму сарсариро бо панду андарз ва насиҳати падарона боз медоштанд, ки ҳақ бар ҷониби онҳо буд.

Устоди бузург ва муҳаққиқи тавоно, профессор Худоӣ Шарифов дар он даврони пурошӯб солорона пайи пажуҳиши шаҳкитоби “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ буданд ва ба мо — донишҷӯён ҳамчун куратори гурӯҳ таъкид мекарданд, ки вазифаи шумо хондан аст, ҳушёр бошед, то ба доме наафтед!

Дар ин радиф устоди зиндаёд Саид Ҳалимов ҳамеша чун асилзодаи ориёӣ бо ғуруру тоҷикияти хос барои наафтидани донишҷӯёни сабуксар ба ин вартаи баркандаи душманони миллат ҳушдор медоданд ва бисёр афсурда гашта буданд, ки ин истиқлолу ин озодии фарорасида бар тоҷикро дасти диндорон буғӣ менамояд. Ишқи Ватану ғурури ватандорӣ ва ҳимоят аз бузургони миллат дар серталабии устод Маҳмадамин Маҳмадаминов дар он даврон барои донишҷӯён дарси ибрат буд, зеро ин устоди якрӯю ҳақгӯ бар зидди чанд носипоси худбохта дар ҳимояи осори бузургони миллат, устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва чандин чеҳраҳои ҷонфидои адабу ҳунари солҳои 20-уму 40-уми асри XX бархоста, истодагарӣ менамуд. Донишманди ҷаҳондида Худойназар Асозода фоҷеаи он солҳоро фоҷеаи навбатии наслҳои ориёӣ медонист ва бисёр дилтанг буд. Устоди серталаб ва ҳақиқатпараст М. Норматов, ки бисёр гарму сарди рӯзгорро дида буд, макру риёкории майдондорони гирдиҳамоиҳоро ошкор намуда, сахт танқид менамуд ва донишҷӯёни ба он майдонҳо рафта ё бурдаро муҷозот менамуд. Сафи ин гуна зиёиёни родмард ангуштшумор буд.

                                          Чашм бикшову бубин асрори даҳр…

Дар ёддошти хеш С. Ятимов ҳадафмандона аз тамошои боғи “Ниёварон” ва “Тахти сангин” дар Эрон ёдоварӣ намуда, ба хонандаи закӣ ишора доранд, ки тоҷикон он қадар бар бузургони таъриху адабиёти гузаштаи хеш дилбастагӣ доранд, ки ҳеҷ халқу миллати дигаре ба он баробар шуда наметавонад. Нигоштани он ҳама воқеоти ҳамсафарӣ бо профессор Раҳим Мусулмониён дар шаҳрҳои Теҳрону Қазвин ва Исфаҳон барои дарёфти хокҷойи Убайди Зоконӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҳикмате дорад, омӯхтанӣ.

Ҳикмати аввал он аст, мо — тоҷикони кӯҳистон таърихан аз он асилзодагони ориёӣ ҳастем, ки дар хуну рагу пайи хеш асолату ҳувияти миллиро нигоҳ доштаем. Агарчи борҳо ҷабри таърихро зи дасти ғосибон дидаем. Шеъру адабу ҳикмату мусиқӣ чун равғане дар чароғи ҳастӣ ва зиндадорандаи руҳи миллии мо буда, моро бо гузаштаи пурифтихор мепайвандад. 

 Баёни ҳикояти сарсониҳо барои дарёфти ҷойи хоб дар меҳмонхонаи шаҳри Исфаҳон лоиқи андеша аст, то бознигарӣ намоем аз эътиқоду боварҳои кӯр-кӯрона то парастишу ситоишҳои девонавор аз футуҳот (дар асл забткориҳо)-и ғосибону душманони бунёдсӯзи хеш!? Пас, инқилоб дар мафкурасозии миллӣ мебояд, то ҳақро аз ботил, худиро аз бегона фарқ бинмоем ва дар эътиқоду боварҳо то ба ифрот нарасем!

Ҳикмати навбатӣ он аст, ки “Номи Абуалӣ ибни Сино бо фаҳм, дарк ва умқи зеҳнияти миллати тоҷик ва тоҷикият тавъам аст. Ӯ ҳувияти миллии мост!”. Нигоштани ин ҳикмат ва ошкорсозии ин ҳақиқати таърихӣ пажуҳиши барҷастаест, дар шинохти он абармарди таърих, ки моро барои бедорӣ, ворис будан ва посдорӣ ҳидоятгар аст. Алломаи давру замонҳо, нобиғаи беназир Сино ворастаи давру замонҳо, бар ҳама хурофоту пиндорҳои бепоя пушти по зада, асилзодаи ориёист, ки бо маниши озодагон некихоҳи оламиён аст. Ёдоварӣ аз ӯ баёни хиради ба фалак расидаи тоҷик ва таконе бар бедорӣ, баҳри расидан бар гумкардаҳои хеш аст.

Тафаккури паст, бедонишӣ, дур мондан аз омӯзиши илмҳои дақиқу техникӣ ҷомеаро ба саргумӣ бурда, пойбанди ҷаҳолату хурофот мегардонад.

Дар давроне, ки ҷаҳон чу вулқон меҷӯшад ва арзишҳои миллию фарҳангӣ қурбони манфиатҳои абарқудратҳост, тааммул сари ин ёддошти ҳикматбор ва ҳушдордиҳанда, барои аҳли зиё ва ҷавонони ояндасози миллат дарси ҳушёрӣ ва табли бедорист, то ба худ омада, барои эҳё ва посдории арзишҳои фарҳангу тамаддуни ориёӣ якдилона талош биварзем. Ягона роҳи наҷот, мондагорӣ ва меросбардорӣ ин аст, дигар роҳе нест! Ҳақ бар ҷониби озодамарди ориёӣ Носири Хусрав аст, ки фармуда:

                                     Шиносои вуҷуди хештан шав,

                                      Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Хулоса, академик С. Ятимов бо касбияту дидгоҳи хос, дар ин матолиби ҳикматбор мӯйро аз хамир ҷудо намуда, дар мафкурасозии ориёии миллат тарҳу лоиҳаи сохтмони кохи мондагории тоҷикро бо арзишҳою асолати миллӣ ва хилқати озодаманишӣ бино намуда, ки рисолати пайвандгарӣ бар тамаддуну фарҳанги бештар аз ҳафтҳазорсолаи ориёист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *