Набӣ ҚОДИРОВ,
мутахассиси шуъбаи инноватсия
ва масъалаҳои психологии таҳсилоти
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 як ҳуҷҷати бунёдии стратегӣ ҳисоб меёбад, ки дурнамои рушди давлатро дар марҳилаи нави таърихӣ муайян кард. Паём дар шароите ироа гардид, ки мардуми кишвар барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд. Аз ин рӯ, тамоми нуктаҳои он хусусияти созанда дошта, ба рушди устувори кишвар, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳамоварии шароити зиндагии арзандаву шоиста барои ҳар як шаҳрванд нигаронида шудаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаву ҳадафҳои панҷсолаи минбаъда (2026-2030) чунин  изҳор доштанд: «Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад».

Дар Паёми Сарвари давлат чун паёмҳои солҳои қаблӣ ба соҳаи илму маориф ва масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҷомеа ҳисобида, барои пешрафти он сол то сол иқдому ташаббусҳои бузургро амалӣ мегардонанд. Диққати асосӣ дар Паёми имсола бештар ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ва таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ зоҳир гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди мактабу маориф аз падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаҳои нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.

Таваҷҷуҳи махсус дар Паёми солонаи Президенти кишвар ба соҳаи маориф, ҳамчун кафили ояндаи босаодати миллат зоҳир гардид. Президенти кишвар эълон доштанд, ки бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳавасмандсозии аҳли илму адаб ва боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, аз моҳи сентябри соли 2026 маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, мураббиёни кӯдакистонҳо 25% ва музди меҳнати дигар кормандони соҳаи маориф ва устодони донишгоҳҳо ба андозаи 20% баланд бардошта шавад. Ин ислоҳоти молиявӣ дар соҳаи маориф барои ҷалби мутахассисони ҷавон ва боло бурдани сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар меҳвари Паёми таърихиву сарнавиштсози Пешвои миллат масъалаи беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва гузариши босуръати иқтисод ба марҳилаи рақамӣ қарор дошт. Сарвари давлат бо таҳлили амиқи вазъияти иҷтимоӣ дастур доданд, ки ҳадди ақалли музди меҳнат дар кишвар ба таври назаррас афзоиш дода шуда, ба 1300 сомонӣ расонида шавад. Ин тадбир дар якҷоягӣ бо индексатсияи на камтар аз 15%-и нафақаҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии таваррум (инфлятсия) ба буҷаи оилаҳо ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманд равона шудааст.

Дар бахши энергетика, ки сутуни асосии иқтисоди миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар Паёми солонаи Президенти кишвар таъкид шуд, ки ҷумҳурӣ ба марҳилаи ниҳоии расидан ба истиқлоли энергетикӣ наздик мешавад. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад тамоми эҳтиёҷоти дохилии худро аз ҳисоби манбаъҳои худӣ таъмин намояд. Идомаи босуръати сохтмони НБО «Роғун» ҳамчун иншооти аср ва сарчашмаи асосии неруи барқ, мавқеи кишварро дар арсаи энергетикаи минтақавӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Ҳангоми ба кор даромадани агрегатҳои нав ва афзоиши иқтидори истеҳсолӣ Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки талаботи дохилиро пурра қонеъ созад ва ба содиркунандаи асосии неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя табдил ёбад.

Ҳамзамон, Паём ба зарурати диверсификатсия (тағйирпазирӣ, гуногуншаклӣ)-и манбаъҳои энергетикӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар ин замина, ба истифода додани иқтидорҳои нави энергияи офтобӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳамчун қадами муҳим арзёбӣ мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз пешсафони содироти «энергияи сабз» дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда кишвар мавқеи худро дар минтақа устувор месозад.

Ин равандҳо бо ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ва иқлими сайёра комилан мувофиқат мекунанд. Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги пиряхҳо ва манбаи асосии оби минтақа мебошад, бо сиёсати худ дар соҳаи энергетика нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист бояд ҳамзамон пеш бурда шаванд.

Дар арсаи сиёсати хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан, бо Ҷумҳурии Қирғизистон баҳои баланд дода, онро заминаи муҳим барои суботи минтақавӣ арзёбӣ намуданд. Ҳалли масъалаҳои марзӣ бо роҳи гуфтушунид ва созиш ба таҳкими эътимод байни давлатҳо мусоидат мекунад ва барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.

Тоҷикистон бо ин мавқеи худ бори дигар собит намуд, ки ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз»  аст. Ин сиёсат ба ҳамкориҳои судманд бо тамоми ҷаҳон равона шуда, имкон медиҳад, ки кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта бошад ва аз таҷриба, технология ва сармоягузории хориҷӣ баҳра гирад. Бо чунин равиш, Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод ва фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳи Тоҷикистонро ба сӯйи як давлати пешрафта, рақамӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор равшан намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба самтҳои афзалиятнок – аз илму маориф, фарҳанг то иқтисоду энергетика, Паёми Президенти кишвар ҳамчун як роҳнамо барои тамоми ҷомеа хидмат мекунад.

Аз нишондодҳои Паём бармеояд, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯйи тақкими иқтисод, рушди устувори иҷтимоӣ ва ҳамгироии созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меравад. Дар ҳамин замина, ҳар як иқдом ва ташаббусе, ки дар Паём ироа шудаанд, ба таҳкими суботи миллӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *