ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» — КАФИЛИ СОҲИБМАҚОМИИ ОМӮЗГОРОН ДАР ҶОМЕА
Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Маърифати омӯзгор”,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШСУХАН
Барои устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар соли 2025 дар хотираҳо чун соли муваффақияту комёбиҳои беназир сабт гардидааст, зеро маҳз дар ин соли пурфайзу баракат, ба ғайр аз дастоварду пешравиҳои рӯзафзуни миллати тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳо, ҳамчунин, пайғоми неки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» даррасид ва қалби ҳазорон машъалафрӯзони роҳи донишу маърифатро шод гардонд. Воқеан, қабули қонуни мазкур паёми нишотбахшу шодиафзоест, ки пас аз тай намудани зинаҳои гуногуни таҳлилу баррасӣ, он ҳамчун офтоби дурахшон ба осмони маърифату меҳан нурпошӣ намуда, олами маънавияти моро боз ҳам рӯшании бештар бахшид.
Тавре огоҳ ҳастем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ — 1 сентябри соли 2024 зарурати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорро таъкид намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки лоиҳаи қонунро таҳия ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод кунад. Дар асоси ин ибтикори мондагор ва ташаббуси беназири Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва барои баррасиву қабул пешниҳод шуд. Лоиҳаи қонун пас аз муаррифӣ ва баррасӣ 15 октябри соли 2025 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт. 15 декабри соли 2025 палатаи болои Парлумони кишвар – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, дар ин бора қарор қабул кард. 17 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» — ро имзо намуданд ва пас аз интишори расмӣ он мавриди амал қарор гирифт, ки ин рӯйдоди фараҳбахшу таърихӣ тамоми аҳли маорифи кишварро хушнуду хуррам, ҳавасманд ва ба ояндаи боз ҳам дурахшони тарбиятгарони насли ватандӯсту ватансоз – устодону омӯзгорон боварманд гардонд. Дар навиштаи мазкур андешаҳо — ҳамовозиву сипосмандӣ перомуни ин пайки сурурбахш — қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дарҷ гардидааст.
МАВҚЕИ ОМӮЗГОР ДАР ОСОРИ БУЗУРГОНИ КЛАССИК ВА МУОСИР
Дар таърихи тамаддуни башар — аз замоне, ки ӯ мақому ҷойгоҳи хешро дар олами ҳастӣ дарк кард, ба сатҳи ибтидоии худшиносӣ расид ва тафаккуру андешаро бар қолаби илму дониш даровард, нақши омӯзгор – муаллим ҳамчун тарбиятгари насли оянда, интиқолдиҳандаи саводу дониш, маърифату маънавият, ҷаҳонбинии густарда, шаклдиҳандаи зеҳн ва мафкурасози инсон аз худ дарак дод. Дар ҳама давру замон ва дар фарҳангу тамаддуни тамоми халқу миллатҳо бузургиву ҷойгоҳи пойдори омӯзгорро эътироф менамуданду шаъну шарафашро ҳифз карда, ба шахсияти муътабараш эҳтиром мегузоштанд. Бо дарки ин аҳаммияти бузург гузаштагони хирадманду хирадпешаи мо дар осори мондагори хеш ба мақому манзалати устод, муаллим, омӯзгор чун равшангару ҳидоятгар ва роҳнамои ҳаёту зиндагӣ арҷгузорӣ намуда, сатрҳои пандомезу пандомӯзи фаровон навиштаанд. Агар ба мероси адабӣ ва фалсафии гаронқимати ниёгон-гузаштагонамон назар афканем, мебинем, ки мафҳуми “устод” — “омӯзгор” ҳамеша бо маърифати волои маънавӣ, камолоти инсонӣ ва ташаккули ҷомеаи солим тавъам будааст. Қофиласолори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳикмати амиқи иҷтимоӣ таъкид менамояд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Ҳамин андешаи пурбори устод Рӯдакӣ баёнгари он аст, ки омӯзишу тарбия танҳо дар чаҳорчӯби синфу дарс маҳдуд намегардад, балки тамоми зиндагӣ худ мактаби бузурги инсонсозист. Омӯзгор он касест, ки чашми шогирдро ба дарки таҷрибаи рӯзгор боз менамояд, ӯро ба андешидан, хулоса баровардан ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудан раҳнамоӣ месозад.
Камоллидини Биноӣ мақому ҷойгоҳи муаллимро аз падар боло дониста, чунин таъкид мекунад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Дар адабиёти муосири тоҷик низ ба қадру манзалати устодону омӯзгорон таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда мешавад. Шоири номвар Сафармуҳаммад Айюбӣ дар васфи фидоиёни олами таълиму тарбия бо ҳисси баланди ифтихор ин сатрҳоро сурудааст:
Пандатон дар гӯш, дар дилҳо баҳор,
Роҳи донишро намудем ихтиёр.
Мо ҳама дорем бо сидқу вафо,
Бо Шумо-омӯзгорон ифтихор!
Шоири навҷӯву тозагӯ Ҷаҳони Андеша бо ишора бар бузургиву мондагории мақоми омӯзгор бо эътимоди қавӣ иброз медорад, ки “дар сархати лавҳи башар” номи устодону муаллимону омӯзгорон ҷовидонист:
То ҷаҳон боқист, монад ҷовидон
Номи ту дар сархати лавҳи башар.
Эй муаллим, устод, омӯзгор,
Ҷаври ту болост аз меҳри падар.
Ин таманно баҳри туст, омӯзгор,
Доимо бошад ба комат рӯзгор!
Ҳамин тавр, дар анъанаи фарҳангии гузаштагон ва бузургони муосир омӯзгор ҳамчун шоҳсутуни асосии ташаккули ҷомеаи хирадпарвар арзёбӣ мегардад. Ин мероси маънавии аҷдоди маърифатпарвару илмдӯсти мо заминаи идеявии таҳкими мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар асл идомаи ҳамин анъанаи таърихӣ ва эҳёи арзишҳои аслии миллист.
ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Соҳаи маориф дар сиёсати давлатии кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятноку меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ масъалаи таҳкими низоми таълим, арҷгузорӣ ба омӯзгор ва фароҳам овардани шароити муосир барои илмомӯзии наврасону ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ қарор гирифт. Пешвои миллат ҳамчун сарвари маорифпарвару хирадгустар баланд бардоштани мақоми омӯзгорону устодонро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор дода, дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: “Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд”.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои соҳаи маорифи мамлакат марҳилаи нави рушдро оғоз бахшид. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, бо сабаби кашмакашҳои дохилӣ ва рӯйдодҳои фоҷиабори он айём, соҳаи маориф ба мушкилоти ҷиддӣ: нооромӣ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, камбуди инфрасохтор, норасоии кадрҳо, вазъи иҷтимоии душвори омӯзгорон ва коҳиши имконияти таълимӣ рӯ ба рӯ буд. Аммо бо талошу кӯшиш ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар давоми солҳои соҳибихтиёрӣ тадриҷан заминаҳои устувори рушди соҳа фароҳам оварда шуданд ва маориф рушд кард, инкишоф ёфт ва ба пешрафтҳои назаррас ноил шуд.
Яке аз дастовардҳои назаррас бунёд ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар саросари кишвар мактабҳои нав сохта шуда, муассисаҳои куҳна азнавсозӣ гардиданд. Ин иқдом имкон дод, ки ҳазорон хонанда дар шароити беҳтар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бунёди биноҳои муосир бо синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои таъмин бо таҷҳизоти техникӣ муҳити мусоиди омӯзишро фароҳам оварданд.
Ҷорӣ гардидани технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим низ аз ҷумлаи пешрафтҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои компютерӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ ва истифодаи воситаҳои электронии таълим сифати дарсҳоро боло бурданд. Дар ин ҷараён рисолату вазифаи омӯзгор низ боло рафт. Акнун омӯзгор аз манбаи ягонаи маълумот ба роҳнамои кор бо иттилоот табдил ёфт.
Ислоҳоти сохторӣ низ ба рушди маориф мусоидат намуда, барномаҳои таълимӣ такмил ёфтанд ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосир боз ҳам густариш ёфт. Хонандагони тоҷик дар озмуну сабқатҳои ватаниву байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, бо дастовардҳои шоиста дар баланд бардоштани мақому манзилати мактаб, Ватани хеш дар арсаҳои байналмилалӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Дар самти таҳсилоти олии касбӣ низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо дар кишвар зиёд гардида, ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, барномаҳои муштараки таълимӣ роҳандозӣ гардиданд. Ин раванд имкон дод, ки насли ҷавон — мутахассисони тоҷик бо илму дониш ҳамаҷониба мусаллаҳ гардида, ба талаботи бозори ҷаҳони муосир мутобиқ шаванд.
Баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон тадриҷан ба беҳбудии вазъи касбии онҳо таъсир расонд. Афзоиши марҳилавии музди меҳнат, фаро гирифтан ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба таҳкими маҳорату қобилияти касбии муаллимон мусоидат намуданд. Ҳамаи ин пешрафтҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои бесобиқа ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат марҳилаи рушду навсозиро муваффақона паси сар намуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро заминаи калидии рушди устувори кишвар арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки пешрафти ҷомеа аз сатҳи илму маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобаста аст. Дар ин замина, омӯзгор ҳамчун меҳвари асосии ин раванд шинохта мешавад. Дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои марбут ба маориф ҳамеша ҷойгоҳи хосса доранд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиду бозсозии мактабҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, таъмини таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ, компютерҳо, такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат амалӣ мегарданд. Дар солҳои охир садҳо муассисаи таълимии замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнӣ сохта шуда, бо иштироки бевоситаи Пешвои маҳбубамон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои омӯзгорон тадриҷан тақвият ёфтааст. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ (16. 12. 2025) Президенти кишвар эълон намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026, дар баробари дигар самту соҳаҳо, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 дарсад, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 дарсад зиёд карда шаванд.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ, консепсияҳо дар самти рушди рӯзафзуни соҳаи маориф гувоҳи онанд, ки омӯзгор ҳамчун қишри калидии ҷомеа эътироф шудааст. Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” бори дигар бозгӯи мақому мартабаи волои устод-муаллим дар кишвари офтобиямон мебошад.
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР»
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» марҳилаи муҳим дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ин санад омӯзгорро ҳамчун субъекти калидии низоми таълим муаррифӣ намуда, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва кафолатҳои иҷтимоии ӯро мушаххас менамояд.
Дар моддаи 1-и қонун мафҳумҳои асосии истифодашуда дар ин санад чунин шарҳу тавзеҳ ёфтаанд:
1) омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия машғул мебошад;
2) мақоми омӯзгор – вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар ҷомеа;
3) омодасозии омӯзгор – раванди тайёркунӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи омӯзгор;
4) бозомӯзӣ — таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав гузаронда мешавад.
Яке аз самтҳои муҳимму асосии қонун муайян намудани ҳуқуқҳои омӯзгор мебошад. Дар он таъмини шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи шаъну шараф, такмили ихтисос ва дастгирии иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Ин муқаррарот заминаи мувофиқро барои баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон фароҳам меорад. Аз ҷумла, дар моддаи 5-и қонуни мазкур омадааст, ки омӯзгор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:
1) аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ барои иҷрои фаъолияти омӯзгорӣ таъмини шароити заруриро талаб намояд;
2) муносибати эҳтиромонаро нисбат ба касби худ аз ҷониби таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) талаб намояд;
3) шакл ва усулҳои таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот интихоб намояд;
4) дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ иштирок намояд;
5) бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ озмоишҳои илмию педагогӣ гузаронида, таҷрибаи пешқадамро дар амал татбиқ намояд;
6) дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагонро дар раванди таълиму тарбия мустақилона ва воқеъбинона баҳодиҳӣ намояд;
7) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ барояд;
8) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузарад;
9) барои навовариҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар фаъолияти таълимӣ ҳавасманд гардонида шавад;
10) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ машғул шавад;
11) дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузорад;
12) дар шароити муассисаҳои таълимӣ ва ё хона ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ машғул шавад;
13) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон узви иттифоқи касабаи кормандони соҳа бошад;
14) дар кори идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, фаъо¬лияти кори шуроҳо ва комиссияҳо, иштирок намояд;
15) ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
16) шахсонеро, ки ба раванди таълиму тарбия дахл надоранд, ба дарс роҳ надиҳад;
17) ҳангоми расидан ба синни нафақа дар сурати хоҳиш доштан фаъолияти омӯзгориро идома диҳад;
18) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
Баланд бардоштани сатҳи касбият, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, таъмини сатҳу сифати баланди таълим, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки ба зиммаи омӯзгор гузошта шудаанд. Риояи мувозинат миёни ҳуқуқ ва масъулият мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи ӯро мустаҳкам месозад. Дар иртибот бо ин, дар қонун уҳдадориҳои омӯзгор низ дақиқ муайян шудааст. Дар моддаи 6-и санади мазкур равшану возеҳ қайд гардидааст, ки омӯзгор бояд:
1) раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
2) ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, роҳ надиҳад;
3) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд;
4) шаъну шарафи таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро эҳтиром намояд;
5) барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои зарурӣ андешад;
6) дар фаъолияти меҳнатӣ қоидаҳои пӯшидани либосҳои тавсияшударо риоя намояд;
7) дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад;
8) бо таълимгирандагон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд;
9) аз таълимгиранда барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обуна ба нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ маблағ талаб накунад;
10) ҳангоми баҳодиҳии сифати таҳсилот меъёри баҳогузориро риоя намояд;
11) уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мавқеи пойдору устувори омӯзгор омили муҳимми рушди миллӣ мебошад. Ҷомеае, ки омӯзгори худро эҳтиром мекунад ва ҳуқуқи ӯро ҳифз менамояд, барои пешрафти дарозмуддат заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Қабули ин қонун натиҷаи мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор буда, он ҷойгоҳ, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд, зеро дар осори бузургон агар омӯзгор ҳамчун чароғи маърифат ва машъалафрӯзи ҷомеа ситоиш ёбад, дар ин санад ӯ ҳамчун субъекти дорои кафолати ҳуқуқӣ эътироф мегардад.
Дар партави ин иқдоми беназир ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маорифпарвару маърифатгустари миллат бо эҳсоси бепоёни сипосу миннатдорӣ мо — кормандони соҳаи маориф бояд тамоми кӯшишу талоши хешро барои рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат равона намуда, дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми сазовор гузорем.
