Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар хотимаи соли тақвимӣ ба Маҷлиси Олӣ ва халқи кишвар ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муфассал ва барномаи мукаммали рушд самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро дар муддати муайян таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, бо вазифагузориҳои ояндабинона, санҷидашуда ва ҳадафманд дурнамои низоми давлатдориро мушаххас месозад. Ҳамасола халқи сарбаланду сарфарози кишвар бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ Паёми солонаи Роҳбари давлатро бесаброна мунтазир мешаванд ва лаҳзаи ироаи онро барои хеш хотирмон медонанд. Гирди ҳам омадан ва тамошои дастаҷамъонаи паёмҳои Пешвои миллат нишон аз муҳаббати мардум бар Сарвари хирадпешаву маърифатпарвари давлат аст. Чунин муносибати мардум бесабаб нест, зеро Пешвои миллат дар паёмҳои хеш дар баробари таҳлилу хулосабарориҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба равандҳои анъанавӣ, маънавӣ, ахлоқиву маърифатӣ дар ҷомеа ва масъалаҳои муҳимми ташаккули миллат — худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯс- тиву ҳувиятгароии шаҳрвандон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат бо маҳорати баланди сухансанҷиву суханварӣ ҳар самту соҳаро муфассал ва бо овардани далелу рақамҳо ҳамаҷониба таҳлил менамоянд. Муҳтаво, мундариҷа ва моҳияти матни паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тасаввури шунаванда-бинанда раванди рушду такомули давлатро ба таври комилу возеҳ таҷассум месозанд. Ба ибораи дигар, паёмҳои солонаи Сарвари давлат навиду пайғоме аз ояндаи дурахшони давлат ва миллат мебошанд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа шуд, бо фарогири хусусият ва масъалаҳои дар боло зикршуда, натиҷаҳои рушди кишварро тайи даҳсолаи ахир мавриди таҳлил қарор дод. Нишондодҳои Паёми имсола гувоҳи онанд, ки давоми солҳои 2015-2025 кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва ташаккул ворид гардидааст. Дар ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ натиҷаҳо чандин баробар афзоиш ёфтаанд, ки ин натиҷаи заҳмату талоши сокинони шарафманди кишвар ва ҳамзамон, бозгӯи тақвияти низоми давлатдорӣ мебошад.

Иқтисоди пешрафта такягоҳи асосии давлат дар масири рушд аст. Тараққиёти умумии давлат дар асоси маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ки фарогири ҳама ҷанбаҳои тавлидоти иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошад, натиҷагирӣ мешавад. Баланд гардидани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нишондиҳандаи асосии пешрафти давлат дониста мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми имсола бо овардани омору арқоми дақиқ даҳсолаи охирро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин арзёбӣ карданд: «Тайи даҳ соли охир, яъне, дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт».

Аз чунин нишондодҳои баланд ва дастовардҳои назаррас бармеояд, ки новобаста аз омилҳои таъсиргузори дохилӣ ва берунӣ, талошҳои ҷиддии Ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ҳадафҳои бузург марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодаанд ва кишвар ҳадафи фатҳи қуллаҳои навбатиро дар назди худ гузоштааст. Барои расидан ба ҳадафҳо ва пирӯзиҳои нав, ба таъкиди Пешвои миллат, бояд ба самти «…гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта» ва «рушди сармояи инсонӣ» эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Барои гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта ва рушди сармояи инсонӣ тақвияту рушди соҳаи муҳим ва афзалиятнок – илму маориф зарур дониста шуда, ин соҳаи калидӣ дар Паёми имсола мавриди таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор гирифт. Тавре аз муҳтаво ва масъалагузорӣ бармеояд, маориф дар баробари соҳаи иҷтимоӣ будан, ҳамзамон, омили асосии рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти маънавии давлат ҳисоб меёбад. Бо дарки ин зарурати муҳим Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи соҳаро бо ин ҷумлаҳо шуруъ намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Дар воқеъ, ҷомеа замоне ба саодату нусрат ва пешрафти мукаммал мерасад, ки сатҳи маърифату дониш дар он баланд бошад ва давлат ҳамон вақт қудратманд мегардад, ки шаҳрвандонаш бо тавоноии зеҳнии баланд ҳадафу ғояҳои судманди ба пешрафт нигаронидашударо амалӣ созанд. Таҷрибаи таърихӣ ва назми бо илму технология асосёфтаи замони муосир низ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки нақш ва аҳаммияти соҳаи илму маориф ва донишу маърифат то чӣ андоза дар тақвияти мавқеи давлат бузург аст. Чунин мулоҳизаронӣ ва андешаи Сарвари давлат, ки хусусияти инфиродӣ гирифтаанд, наметавонад тасодуфӣ бошад, зеро Пешвои миллат дар сиёсатгузориҳои хеш аз оғози роҳ соҳаи илму маорифро самти афзалиятдор шумурда, таваҷҷуҳро ба он пайваста тақвият додаанд. Пешвои миллат хуб дарк менамоянд, ки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад. Аз ин ҷиҳат, баҳри амалисозии ислоҳоти маориф, баланд бардоштани сифати таҳсил, тақвияти пойдевори зеҳнии ҷомеа ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа маблағгузориро дар самти илму маориф ҳамасола зиёд менамоянд. Ин сиёсат идома хоҳад ёфт, зеро ба таъкиди Президенти мамлакат: «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад». Ҳамзамон бо ин, бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи илму маориф аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз зиёд мегардад, ки ин гувоҳи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳа аст. Ин нишондиҳандаҳо далели сиёсати ҳадафмандона ва пайгиронаи давлат дар самти тақвияти соҳаи илму маориф ва рушди захираҳои инсонӣ мебошанд.

Давлат ва Ҳукумати кишвар дар баробари зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории соҳа ба сифати идоракунӣ ва натиҷабахшии хароҷот дар ин самт низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат зарурати бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро ба миён гузоштанд ва гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатиро ҳамчун талаботи замон арзёбӣ карданд.

Албатта, пешрафти давлат дар робита бо зиёд гардидани аҳолӣ масъалаҳои навро дар назди соҳаи маориф ба миён мегузорад, ки ҳалли саривақтии онҳо рушди муназзам ва якмароми соҳаро таъмин месозанд. Яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи маориф мавҷуд аст, ҳамасола зиёд гардидани шумораи хонандагон ба шумор меравад. Зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурати сохтани муассисаҳои нави таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ, фароҳамории шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таҳсилро ба миён меорад. Вобаста ба ин зарурат ва талабот дар асоси Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамасола дар гӯшаву канори мамлакат — аз пойтахти кишвар то дурдасттарин деҳот биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо инфрасохтори замонавӣ, таҷҳизоти муосир ва шароити мусоиди таҳсил сохта, ба истифода дода мешаванд. Президенти мамлакат дар Паём ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин иброз доштанд: «Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».

Тавре дар боло ишора намудем, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба равандҳои анъанавӣ, масъалаҳои маънавӣ ва ахлоқиву маърифатӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Қисми ахлоқӣ ва иҷтимоии Паём ба масъалаи масъулияти волидон ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзандон бахшида шудааст. Мусаллам аст, ки таълими босамар бо тарбия тавъам буда, бе тарбияи дуруст расидан ба ҳадафҳои таълим ғайриимкон аст. Асоси тарбияи фард дар оила шакл гирифта, минбаъд дар муҳити ҷомеа ва мактаб такомул меёбад. Яъне, дар ташаккули ахлоқу одоб ва тарбияти дурусти ҳар фард оила (волидон), ҷомеа (муҳити иҷтимоӣ) ва мактаб (омӯзгор) нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат ба зарурати ҳамгироии боз ҳам бештари ин се ниҳоди иҷтимоӣ ва муҳити тарбиягари инсон таъкид дошта, ба волидону омӯзгорон ва аҳли ҷомеа чунин муроҷиат намуданд: «Мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд».

Бояд гуфт, ки ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатии соҳаи маориф ба тарбияи насли донишманд, дорои ҷаҳонбинии баланд, забондон, соҳибмаърифат, ботарбия ва ватандӯсту хештаншинос нигаронида шудаанд. Дар ин замина, ташаккули ҷомеаи маърифатпарвар, хирадгаро, донишманд ва дур аз таассубу хурофот ҳадаф ва дурнамои дарозмуддат ҳисоб меёбад. Тавре ки Президенти мамлакат таъкид доштанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди миллат ва ҳар шаҳрванди кишвар арзишҳои миллӣ, асолат, ҳувият, мафҳумҳои Ватан, истиқлол, озодӣ, ваҳдат ва сулҳу суботро амиқан дарк намуда, муқаддас шуморанд.

Бояд гуфт, ки инкишофи тамоми самту соҳаҳои давлатдорӣ аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Яъне, бе илму маорифи пешрафта ҷомеа, давлат ва миллат наметавонад рушди устувори хешро таъмин созад. Аз ин ҷост, ки соҳаи мазкур дар меҳвари паёмҳои солонаи Сарвари давлат қарор мегирад.

Метавон гуфт, ки натиҷа, хулоса, пешниҳод ва вазифагузориҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дар самти илму маориф иброз доштанд, барои пешрафти соҳаи илму маориф, рушди сармояи инсонӣ, ташаккули шахсияти комил, тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд гардидани маърифати шаҳрвандон ва дар умум, барои бунёди ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.

 

Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,

«Маърифати омӯзгор»

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *