Имрӯз, 20 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи таҳқиқи вазъи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими Академия Ф. Гулмадов гузориш пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни хонандагон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф буда, тақвияти корҳои тарбиявӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн дар ин раванд аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сипас, масъалаи хизматрасонии психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ С. Ниёзӣ маъруза намуда, вазъи кунунии хизматрасонии психологӣ, нақши равоншиносон дар муҳити таълимӣ ва зарурати тақвияти корҳои машваратӣ бо хонандагону омӯзгоронро шарҳ дод.
Дар ҷараёни муҳокима таъкид гардид, ки беҳтар намудани фазои равонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб миёни хонандагон ва баланд бардоштани маърифати психологии иштирокчиёни раванди таълим аз вазифаҳои муҳимми соҳа маҳсуб меёбанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои таҳкими корҳои тарбиявию психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


