Маҳноза ТӮХТАЕВА, 
корманди Маркази дарёфт
ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе

 Дигаргуниҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодии давраи истиқлол Тоҷикистонро вориди фазои ҷаҳонии таҳсилот кард ва ҳамзамон, шуури ҷомеаро дар муносибат ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дигаргун сохт. Дар ин замина, дар ду марҳила «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул ва дар амал татбиқ гардид.

Масъалаи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавзуи нав нест. Он ҳанӯз аз қарни XIX таваҷҷуҳи олимону сурдопедагогҳоро ба худ ҷалб намуда буд. Идеяи ҳамгироии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба синфҳои умумӣ нахустин бор дар Фаронса аз ҷониби сурдопедагоги маъруф Александр Бланше ба миён гузошта шуд. Дар соли 1850 ӯ дар шаҳри Париж таҷрибаи ҷолибро роҳандозӣ кард. Дар назди мактабҳои ноҳиявӣ синфҳои махсус барои кӯдакони ношунаво ба фаъолият пардохтанд ва ҳамзамон, кӯдакони сустшунаво ба синфҳои муқаррарӣ бо ҳамсолони шунаво ҳамроҳ карда шуданд. Дар он замон ин таҷриба як навоварии ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, зеро ҷомеа то ҳол ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бештар аз диди тарсу эҳтиёт менигарист, на аз диди ҳамгироӣ ва рушд. Ин тадбири Бланше боис шуд, ки мафҳуми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ба як равиши педагогии ҷиддӣ табдил ёбад ва заминаи ҳуқуқӣ барои баробарии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҳамсолони онҳо ба миён ояд.

Имрӯз мавзуи таҳсилоти фарогир дар низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус, дар пойтахт — шаҳри Душанбе, аз мавзуъҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Агар чанд сол қабл таҳсилоти фарогир бештар ба ҳайси таҷрибаи нав арзёбӣ мешуд, ҳоло он ба қисми ҷудонашавандаи сиёсати маориф табдил ёфтааст. Маҳз таваҷҷуҳи афзояндаи давлат ва сохторҳои марбута боис гардид, ки бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 бо мақсади дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои хонандагони имконияташон маҳдуд (дорои нуқсони шунавоӣ ва гӯёӣ), аввалин маротиба Сурдоолимпиадаи фаннӣ баргузор гардад.

Дар доираи густариши барномаи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Нигора Султонзода чунин изҳори назар дорад: «Мо омодаем, ки ин таҷрибаро дар пойтахт идома ва густариш диҳем. Барои кӯдакони имконияташон маҳдуд муҳим аст, ки дар озмунҳои фаннӣ, варзишӣ ва эҷодӣ ширкат намоянд. Ин ҳам ҷалби онҳоро ба ҳаёти солим осонтар мекунад ва ҳам ба худбоварии онҳо неру мебахшад. Бовар дорем, ки сурдоолимпиадаи имсола ибтидои як ҳаракати бузург барои рушди таҳсилоти фарогир аст. Ин нақшаҳо танҳо ба баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннию варзишӣ маҳдуд намешаванд, балки сухан дар бораи эҷоди як низоми устувори дастгирӣ меравад, ки имкон медиҳад кӯдакон пайваста истеъдоди худро нишон диҳанд. Сурдоолимпиадаи имсола танҳо ибтидои кор буда, мо ният дорем, ки чунин иқдомро густариш ва ба анъана табдил диҳем».

 Дар шаҳри Душанбе айни ҳол чор мактаб-интернат фаъолият мекунанд, ки кӯдакони имконияташон маҳдудро ба таҳсил фаро гирифтаанд.

Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе 143 хонандаро аз синфҳои 1 то 9 фаро гирифтааст, ки аз онҳо 38 нафар духтар мебошанд. Дар ин муассиса, асосан, кӯдакони дорои синдроми Дауна, аутизм ва хонандагони ақлан қафомонда бо дараҷаҳои сабук ва миёна таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи директори муассиса Искандар Қаландарзода фаъолияти варзишӣ яке аз самтҳои асосии рушди хонандагон аст. Танҳо дар чанд соли охир беш аз 40 хонанда дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ширкат кардаанд.

Дастовардҳои байналмилалӣ низ боиси ифтихоранд. Дар солҳои 2024-2025 6 хонанда дар мусобиқаҳои берун аз кишвар иштирок намудааст. Аз ҷумла, панҷ духтар соли 2024 дар олимпиадаи махсуси байнидавлатии Осиё дар намуди баскетбол (стритбол) ширкат намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Моҳи марти соли 2025 хонандаи синфи 8 Равшан Ятимов дар бозиҳои зимистонаи олимпиадаи махсуси умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Турини Италия ширкат намуда, медали нуқра ба даст овард. Илова бар ин, истеъдодҳои наврас дар сатҳи маҳаллӣ низ худро нишон медиҳанд. Масалан, хонандаи синфи 6 Фаридун Нодиршоев дар Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ — Душанбе» дар даври ноҳиявӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Яке аз муассисаҳои махсуси дигари пойтахт, ки нақши муҳим дар татбиқи сиёсати таҳсилоти фарогир дорад, Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе мебошад. Муассиса махсус барои кӯдакони дорои мушкилоти рушд ва қобилияти ақлонӣ пешбинӣ шудааст. Дар он кӯдакони ақлан қафомонда дар се дараҷа — сабук, миёна ва вазнин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шомили ин гурӯҳ бемориҳои гуногун, аз ҷумла, синдроми Дауна, майдасарӣ, аутизм ва дигар ихтилолҳо мебошад.

Шароити зиндагӣ ва таълим дар муассиса аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пурра таъмин шудааст: сарулибос, панҷ вақт ғизо, ҷойи хоб, ҳаммом, ҳоҷатхонаҳои замонавӣ, доруворӣ ва ёрии аввалияи тиббӣ. Ин ҳама имкон медиҳад, ки кӯдакон дар муҳити амну осуда рушд кунанд ва волидон итминон дошта бошанд, ки фарзандонашон зери таваҷҷуҳи ҷиддии давлат қарор доранд. Директори муассиса Эмомалӣ Худоёрзода бо ифтихор таъкид мекунад, ки дастовардҳои варзишии хонандагон дар солҳои таҳсили 2024-2025 назаррас ҳастанд. Дар ин муддат тарбиятгирандагон дар намуди варзишҳои футбол (хурд), тенниси рӯйи миз ва давидан то масофаи 60 метр иштирок карда, соҳиби 17 медал шуданд. Ҳамаи омӯзгорон дар муассиса мутахассисони соҳавӣ — логопедон ва омӯзгорони махсус мебошанд, ки пайваста аз такмили ихтисос мегузаранд.

Мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин фаъолият мекунад. Барои таълим ду низом пешбинӣ шудааст ва хонандагон — 4 синф бо хати брайлӣ ва 4 синф бо хати кириллӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи директори муассиса Зулфия Давлатзода хонандагон бештар дар самти шашка ва шоҳмот муваффақ мешаванд.

Дар Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе зиёда аз 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи иттилои директори муассиса Шафқат Одиназода дар ин мактаб, асосан, кӯдакони кар ва сустшунаво таҳсил мекунанд. Муассиса бо китобҳои таълимӣ ва омӯзгорони соҳа пурра таъмин аст. Ҳамин тавр, хонандагон дар шароити баробар таҳсил мекунанд ва имкони рушд пайдо менамоянд. Ҳамчунин, дар муассиса як гурӯҳи омодагӣ ба мактаб низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҳама ҷолиб он аст, ки соли 2025 34 хонанда дар сурдоолимпиада ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Ин дастовард нишон медиҳад, ки кӯдакони дорои нуқсони шунавоӣ низ метавонанд бо дастгирии дуруст ба майдони рақобатҳои фаннӣ ва илмӣ ворид шаванд.

Метавон гуфт, ки таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад ва барои мустаҳкам гардидан қадамҳои устувор гузошта шудааст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки таҷрибаи муассисаҳои пойтахт ба тамоми кишвар густариш ёбад. Танҳо дар он сурат таҳсилоти фарогир ба ҳар як кӯдак, сарфи назар аз вазъи ҷисмонӣ ва иҷтимоияш, имкони рушд, худшиносӣ ва ширкат дар ҳаёти ҷомеаро фароҳам меорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *