ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР МУТОБИҚНАМОИИ НОҲИЯҲОИ КӮҲСОР БА ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ: ТАЪРИХ ВА РАВАНДҲО
Номвар ҚУРБОН,
мудири лаборатория дар Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, дотсент,
Муҳайё ҲОТАМОВА,
устоди ДП ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд,
номзади илмҳои фалсафа
Мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва коҳишёбии пиряхҳо, ки масоили мураккабу ба ҳам алоқаманд мебошанд, барои тамоми кишварҳои ҷаҳон хатарнок арзёбӣ мегарданд. Аз ин рӯ, гармшавии глобалии иқлим, афзоиши хатари офатҳои марбут ба обу иқлим ба мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим дар миқёси ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 1979 нахустин Конфронси ҷаҳонӣ оид ба иқлим баргузор гардида, дар натиҷаи он Барномаи ҷаҳонии иқлим қабул карда шуд. Дар асоси ин барнома, Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) соли 1988 Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлимро (IPCC) таъсис доданд. Гурӯҳи мазкур аз соли 1990 доир ба мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим гузоришҳоеро таҳия менамояд, ки фаъолияти Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлимро (UNFCCC) ҳамчун созишномаи байналмилалии асосӣ дар ин самт тақвият мебахшанд. Гузоришҳои арзёбии ҳолат ва дурнамои иқлими ҷаҳонӣ солҳои 1990, 1995, 2001, 2007, 2014 ва 2022 интишор ёфтаанд ва ҳамаи онҳо хусусияти антропогенӣ доштани гармшавии глобалии иқлимро ҷонибдорӣ менамоянд. Зиёда аз ин, аввалин ҷаласаи байналмилалӣ дар бораи тағйирёбии иқлим соли 1966 дар шаҳри Лос-Анҷелес бо иштироки олимони ИҶШС ва ИМА баргузор гардид, ки зимни он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили устувории яхҳои баҳрии ноҳияҳои қутбӣ дар шароити тағйирёбии антропогении иқлим равона гардид. Сипас, солҳои 70-уми асри гузашта дар доираи «Созишномаи ИҶШС ва ИМА дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист», дар шаҳрҳои Тошканд (1976), Ленинград (1977), Душанбе (1978) ва Тбилиси (1979) як қатор симпозиумҳо дар бораи тағйирёбии антропогении иқлим баргузор шуданд.
Мувофиқи маълумоти СММ, доир ба масоили марбут ба захираҳои об дар тули таърих зиёд аз 3600 созишномаи байналмилалӣ ба имзо расида, бархе аз онҳо ба киштиронӣ, моҳидорӣ ва аломатгузории марз тааллуқ доштанд ва танҳо аз нимаи асри XIX инҷониб беш аз 400 созишномае қабул гардидаанд, ки истифодаи обро ҳамчун захираи табиӣ танзим менамоянд. Сарфи назар аз шумораи зиёди шартномаҳои байналмилалии амалкунанда дар бораи истифодаи обҳои фаромарзӣ, аввалин кӯшиши ба низом даровардани меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалии соҳа дар миёнаи солҳои 60-уми асри XX аз тарафи Ассотсиатсияи ҳуқуқи байналмилалӣ анҷом дода шуд. Яъне, дар асоси омӯзиши шартномаҳои байналмилалӣ, урфу одатҳо ва амалияи суди байналмилалӣ, ассотсиатсияи мазкур соли 1966 дар шаҳри Ҳелсинки «Қоидаҳои истифодаи обҳои дарёҳои байналмилалӣ»-ро, ки бо номи Қоидаҳои Ҳелсинки маъруфанд, таҳия ва қабул кард. Ҳамин тавр, соли 1992 аз тарафи Комиссияи иқтисодии авруопии СММ муоҳида оид ба ҳифз ва истифодаи маҷрои обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул карда шуд, ки аз соли 1996 мавриди амал қарор дорад. Муоҳидаи мазкур доираи амали универсалӣ дошта, асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои кишварҳоро дар бахши ҳифз ва истифодаи оқилонаи обҳои фаромарзӣ фароҳам меорад. Ба муоҳидаи мазкур дар шаҳри Лондон соли 1999 Протокол оид ба масоили об ва саломатӣ қабул гардид, ки пешгирӣ, маҳдуднамоӣ ва кам кардани хатари паҳншавии бемориҳои марбут ба обро фаро мегирад.
Дар самти омӯзиши пиряхҳо бошад, нахустин Комиссияи байналмилалии пиряхҳо соли 1894 зимни баргузории Конгресси VI байналмилалии геологӣ дар шаҳри Сюрих (Швейсария) таъсис ёфта, ба мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо асос гузошт. Вале дар он вақт олимон дар бораи мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ё гармшавии иқлим тасаввуроти дурусте надоштанд. Сипас, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии гидрологӣ барои солҳои 1965-1974 таҳти сарпарастии Идораи СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) зарурати тақвияти донишҳои илмӣ, пешбурди маориф ва омода кардани мутахассисон дар самти ҳифз ва истифодаи захираҳои об ба миён гузошта шуда шуд. Дар баробари ин, барӯйхатгирии ҷаҳонии массаи бисёрсолаи ях ва барф яке аз ҳадафҳои меҳварии даҳсолаи мазкур арзёбӣ шуда, дар натиҷаи он соли 1975 Барномаи байналмилалии гидрологӣ таҳия ва қабул гардид. Барномаи байниҳукуматии гидрологии UNESCO бошад, бахшида ба 100-солагии мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо китоби «Дар асри дуюми мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо»-ро (соли 1988) ба нашр расонида, «Таснифи байналмилалии барфҳои мавсимӣ дар сатҳи Замин» (соли 2009) ва «Луғати (Глоссарий) тавозуни массаи пиряхҳо ва истилоҳоти марбут ба он»-ро (соли 2011) таҳия ва интишор намуд.
Сарфи назар аз таърихи иҷмолии болозикр дар бораи ташаккул ва пешрафти кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири мубориза бо тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, ҳеҷ яке аз ин иқдомҳо натавонистанд, чун ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти марбут ба ин се ҷузъи ба ҳам алоқаманди табиати сайёраро, ки динамикаи яке аз онҳо ба дигаргунии системаи дигар ҷузъҳо оварда мерасонад, пайваста ва мунтазам пайгирӣ намуда, баҳри бартарафнамоии пайомади онҳо тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ пешниҳод созанд. Зеро ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат дар соҳаи обу иқлим дар асоси андешаву таҳлилҳои мӯшикофона ва нуктасанҷона рӯйи кор омада, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта гардидаанд ва дар заминаи ин СММ 15 қатъномаи дахлдор қабул кардааст, ки далели равшани гуфтаҳои болост.
Ҳамзамон, дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат солҳои 2003-2025 дар шаҳри Душанбе 11 форум ва конфронси сатҳи баланд доир гардиданд, ки бархе аз онҳо аввалин маротиба баргузор шуданд ва инчунин, дар миқёси байналмилалӣ назир надоранд. Аз ҷумла, дар доираи аввалин ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти оби тоза доир гардид, ки Душанбешаҳрро ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод. Дар баробари ин, дар таърихи беш аз 130-солаи мушоҳидаву пажуҳиши пиряхҳо, маҳз дар доираи иқдоми панҷуми ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, рӯзҳои 29-31-уми майи соли 2025 нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ҳамчунин, дар доираи ташаббуси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пас аз 46 сол дуюмин конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ, яъне, Конференсияи СММ оид ба масоили об (22-24.03.2023) баргузор гардид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат онро конференсияи таърихӣ номида, иброз доштанд: «Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи СММ бори дуввум — баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст. Мо — мизбонони Конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯйи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид».
Бояд тазаккур дод, ки ин конфронс на танҳо барои тасдиқи амалии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март — Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо замина гузошт, балки дар доираи он саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ (A/RES/77/172) таҳти унвони Нақшаи панҷсолаи амал барои рушди навоҳии кӯҳсор барои солҳои 2023-2027 муттаҳид гардида, харитаи роҳ барои расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2024-2025 муайян карда шуд.
Тибқи маълумоти UNESCO ва WMO, тақрибан 70% оби ширини нӯшокӣ дар саросари ҷаҳон дар пиряхҳо ва лавҳаҳои яхӣ мавҷуд буда, бинобар тағйирёбии глобалии иқлим ташаккулёбии пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим барои устувории экологӣ, суботи иқтисодӣ ва инчунин, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва васоити зиндагӣ бағоят муҳим аст. Зеро пиряхҳо, алалхусус, пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор на танҳо дар тавозуни гидрологию метеорологӣ, балки иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо нақши муҳим доранд. Онҳо, дар баробари захира намудани оби ширин, ба шароити иқлимӣ, реҷаи гидрологӣ, рушди сайёҳӣ ва вазъи иҷтимоию фарҳангии ҷамоаҳои маҳаллӣ низ таъсири бевосита мерасонанд. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба густариши системаи мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо бо мақсади беҳгардонии ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо, баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ ва татбиқи ташаббусҳо дар самти ҳифзи пиряхҳо равона гардид.
Бо вуҷуди ин, мушоҳидаю далелҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар саросари ҷаҳон 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва 3,5 миллиард нафар ба беҳдоштии бехатару идорашаванда дастрасӣ надошта, зиёда аз 2 миллиард нафар бевосита аз оби дар ноҳияҳои кӯҳсор ташаккулёбанда истифода мебаранд. Аз рӯйи амсиласозиҳои иқлимӣ, ҳарорат то охири асри ҷорӣ барои сенарияи минималии партови газҳои гулхонаӣ 0,3-1,7°C ва барои сенарияи максималии партовҳо 2,6-4,8°C меафзояд. Агар то соли 2100 ҳарорати ҳавои наздизаминӣ 1,5-4°C боло равад, он гоҳ 26-41% массаи пиряхҳои манотиқи кӯҳсор зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Маҳз бо назардошти ин масоили ҳалталаб, Пешвои муаззами миллат ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иқдомҳои наҷибу саривақтӣ пешниҳод менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки зимни баргузории Иҷлосияи 7-уми СММ оид ба муҳити зист (UNEA) рӯзҳои 8-12 декабри соли 2025 дар қароргоҳи Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) дар шаҳри Найроби (Кения), қатъномаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» бо иттифоқи оро қабул гардид. Мавзуи меҳварии иҷлос «Таҳияи роҳҳои ҳалли устувор барои сайёраи устувор» унвон дошта, дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти рушд ва мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳӣ дар шароити муосир, махсусан, дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим равона шудааст. Ҳамчун ҳуҷҷатҳои натиҷавии UNEA-7 11 қатънома қабул шуда, қатъномаи 10-ум (UNEP/EA.7/Res.10) — «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» аз тарафи ду кишвари кӯҳсор – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу пешниҳод гардидааст. Қабули қатъномаи мазкур бори дигар нақши бориз ва саҳми назарраси Тоҷикистонро таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла, ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуд.
Қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» далели бармалои эътирофи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масоили марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо буда, нақши бузурги меҳани моро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори башарият нишон медиҳад.
Дар робита ба ин мавзуи бағоят муҳим, ҳассос ва ҳалталаб, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми хеш иброз доштанд: «Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд». Маҳз бо мақсади пурсамар намудани кори илмӣ, густариши тадқиқоти илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифию амалинамоии иқдомҳои ҷаҳонии кишвар дар арсаи байналмилалӣ Сарвари давлат Муассисаи давлатии илмию тадқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо»-ро ба Муассисаи давлатии илмию тадқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил доданд.
Ҳамин тавр, қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» дар Иҷлосияи 7-уми СММ оид ба муҳити зист ҳамчун рӯйдоди муҳим ва дорои аҳаммияти таърихӣ арзёбӣ гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили марбут ба пиряхҳо ва криосфера ҷалб менамояд, роҳҳои ҳалли мушкилоти онро нишон медиҳад, масирро барои ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият мебахшад ва ба таъмини амнияти иқлимию рушди устувори экологӣ шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
