Андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЗИКРИ РӮЙДОДҲОИ МОНДАГОРИ СОЛИ СИПАРИГАШТА ДАР ПАЁМ
Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои пуршукӯҳи Парлумони кишвар ироа гардид, тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар ва хориҷ аз он ҳамдиёрон тамошо намуда, бо руҳияи баланду дилгармии зиёд пазируфтанд. Тоҷикони сарбаланду саодатманд ҳамасола Паёми Сарвари давлати хешро интизорӣ мекашанд, зеро аз дастоварду пешрафтҳои кишвар, ҷойгоҳу мартаба ва мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаҳои ҷаҳонӣ, ки зимни пешниҳоди он зикр мегарданд, огоҳ шуда, бо дурнамо ва нақшаҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат ошноӣ пайдо намуда, пайи иҷрои онҳо якдилона камари ҳиммат мебанданд.
Хушбахтона, дар кишвари орому осуда зиндагӣ дорему ҳамватанон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва даврони хуши соҳибистиқлолӣ содиқона хидмат намуда, дар ободӣ ва хуррамиву сарсабзии кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Ин қаламрави нозанин ба сарзамине табдил ёфтааст, зебову дилрабо ва биҳиштгунаву диданӣ. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза аз фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкорӣ пайғоми нек мешунавем ва табиист, ки дар ин диёри меҳрбор файзу баракат фаровон ва суруру шодӣ ҳукмрон аст.
Паёмҳои Сарвари давлат ҳамасола бо пайку пайғоми нек оғоз мешаванд ва барои ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарвар ва соҳибҳувият қудрату ирода ва илҳом мебахшанд. Ба ин маънӣ шоир гуфтааст:
Маншаи фархундагии рӯзи мо бошад Паём,
Дар баҳори зиндагӣ наврӯзи мо бошад Паём.
Олами андешаи пирӯзи мо бошад Паём,
Офтоби зиндагиафрӯзи мо бошад Паём.
Воқеан, аз шарофати истиқлоли Ватан, тавре ки Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд: “Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”. Аз ҷумла, яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсии ҷумҳурӣ, ки моҳи марти соли 2025 баргузор шуд, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, 31 марти соли 2025 ҳамаи мо шоҳиди боз як рӯйдоди бузурги таърихӣ: имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ гаштем, ки дар пойдории муносибатҳои нек бо ҳамсоякишварҳоямон: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон нақши калидӣ мебозад. Илова бар ин, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, ки дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, ба хурсандии мо фараҳи дигар зам кард. Амалӣ шудани ин рухдодҳои таърихӣ дар таҳкими муносибатҳои давлатӣ мавқеи хосса дошта, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар қарор дорад, зеро Пешвои муаззаму сулҳдӯсти мо аз нахустин рӯзҳои Роҳбарии сиёсии хеш ҷиҳати пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, дар минтақа ва посдории робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ бо давлатҳои ҳамҷавор ҳамеша талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Дар соли сипаригашта низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии худ ва ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дастовардҳои зиёд дошт. Аз ҷумла, нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки рӯйдоди таърихиву мондагор буд. Ин чорабинии бузург бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистони азиз дорои иродаи бузург дар самти ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва дар ин масир ташаббускори аслӣ мебошад.
Ҳамчунин, қабули як қатор ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, аз қабили қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва қатънома дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» (12 декабри 2025), қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж далели равшани пазируфтан ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон аст.
Зимни ироаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ Президенти кишвар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, энергетика, иқтисоду саноат, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияту мудофиа, масоили сиёсати хориҷӣ ва вазъи байналмилалиро ба риштаи таҳлил кашида, дастоварду пешрафт, камбуду мушкилоти ҷойдоштаро зикр намуданд ва ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафтҳои рӯзафзун ба вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии масъул дастуру супоришҳои мушаххас ва машварату маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат ба самти афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, Парлумони кишварро вазифадор намуданд, ки барои таъмини заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҳои амиқу мушаххас андешида, заминаҳои қонунии гузаришро фароҳам намоянд.
СОҲАИ МАОРИФ — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Яке аз соҳаҳои калидиву меҳварӣ дар сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари давлат соҳаи маориф ва илм мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш ҳамеша ба миллати тоҷик хитоб намуда, масъалаҳоро хусусияти миллӣ, маорифпарварона ва оянданигарона мебахшанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: “Миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст” ва ё ҳамчунин таъкид кардаанд: “Пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз рушди илму маориф вобаста мебошад”. Ин дидгоҳ илман асоснок буда, мантиқан комил ва амалан таҷрибашуда мебошад, зеро асоси пешрафту шукуфоии ҳар як давлат дар тамоюл ва таваҷҷуҳи он ба соҳаи маориф вобастагӣ дорад.
Бузургонамон низ маориф ва мактабро пояи устувори давлати поянда унвон кардаанд:
Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Аз ин рӯ, дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояшон Пешвои маорифпарвару хирадгустари миллат дар бораи ин соҳаи тақдирсоз ёдовар мешаванд. Баҳри беҳбудии бештари маориф тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудаву корҳои арзишмандеро анҷом додаанд. Дар Паёми навбатӣ низ ба соҳаи илму маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба таълиму тарбияи шоистаи кӯдакону наврасон ва ҷавонон, боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот боз ҳам бештар таваҷҷуҳ карда шавад. Президенти ҷумҳурӣ ба волидон, устодону омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки ба масъалаи илму донишомӯзии фарзандон бо камоли масъулияту иҷрои рисолат муносибат намоянд, зеро ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, илмдӯсту китобхон, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту худшинос вобастагии амиқ дорад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат чунин гуфтанд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Бешак, тули солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳимму калидӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои чашмгир ноил гардида, рушду пешрафти бесобиқа дорад. Бунёд ва ба истифода додани муосиртарин муассисаҳои таълимӣ дар гӯшаву канори мамлакат ба ҳукми анъана даромадаву кӯдакону наврасон ва ҷавонони саодатманди диёр дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имконоти зарурӣ дар тамоми самтҳои соҳа – аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ барои саводноку соҳибкасб гардидани насли наврасу ҷавон фароҳам оварда шудааст, ки дар маҷмуъ, ба таъмини пешрафти илму маориф дар кишвар мусоидат менамояд.
Иштироки густардаву шоистаи хонандагону донишҷӯёни таълимгоҳҳои кишвар дар олимпиадаву сабқатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва соҳиби ҷойҳои намоён гардидани онҳо далел аз роҳандозии усулҳои навтарини таълим ва сатҳи баланди омодагии онҳо барои омӯзишу пажуҳиш мебошад. Ҳамчунин, кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар озмунҳои пурифтихори ҷумҳурӣ — “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ”, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Сарвари маърифатоини миллат дар сатҳи хеле баланд ва бошукӯҳ баргузор мешаванд, бо шавқу шӯри беандоза ширкат варзида, сазовори “Шоҳҷоиза”, мақомҳои аввал ва ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Лоиқи зикр аст, ки нерусанҷӣ дар дилхоҳ озмуну мусобиқа омили муҳимми рушду такомули маънавии хонандагон, афзудани ҷаҳонбинӣ ва баланд шудани ҳисси зебоипарастии насли наврас мебошад. Тамоми ин дастоварду пешрафтҳо самараи таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари ғамхори давлат мебошад, ки мехоҳанд насли ояндасози кишвар донишманду соҳибҳунар ба камол бирасад ва роҳи зиндагии худро бе мушкилӣ пайдо намоянд ва барои миллату давлати хеш хидмати фарзандонаву содиқона анҷом диҳад. Дар ин замина, Пешвои миллат зимни пешниҳоди ин санади тақдирсоз иброз доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне, ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Сарвари давлат ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ишора намуда, назди аҳли маориф ва илм як қатор вазифагузориҳо намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ба мақсади таъмини самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне, гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад. Бо мақсади амалисозии ин ҳадаф вазоратҳои маориф ва илм, молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор гардиданд, ки ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи маорифи кишвар ба он ҳамеша таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мешавад, вобаста ба зиёдшавиии аҳолӣ фароҳамоварии имконоти таҳсил дар тамоми гӯшаву канори кишвар аст. Ҳамзамон, гузариш ба низоми муосири дувоздаҳсолаи таҳсил дар мадди назари Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд: “Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем”.
Илова бар ин, барои боз ҳам тақвият додани раванди рушди соҳа ва вобаста ба талаботи рӯз густариш бахшидани ҳадафҳои гузошташуда Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.
Тавре огоҳ ҳастем, шаш сол қабл Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда буданд. Дар ин муддат аз ҷониби сохторҳои дахлдори соҳа як қатор нақшаи чорабиниҳо таҳия, тасдиқ ва амалӣ гардиданд. Дар ин робита, дар Паёми навбатӣ вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб вазифадор карда шуданд, ки раванди татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро таҳлил карда, ҷиҳати муайян намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд ва барои самаранокии ҳадафу барномаҳои таҳияшудаи соҳавӣ корҳои тақвиятиро роҳандозӣ кунанд.
Таҳлилҳои соҳавӣ нишон медиҳанд, ки гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф яке аз масъалаҳои муҳим буда, давоми даҳ сол амалӣ гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ин низом гузаронида шуданд. Пешвои миллат вобаста ба такмили низоми мазкур иброз доштанд, ки бурду бохти низоми таҳсилоти кредитӣ аз ҷониби коршиносони босалоҳият баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд ва шаффофияти баҳогузории донишомӯзон пурра таъмин карда шавад.
Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон, наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имконияти боз ҳам беҳтари таҳсил ва кор барои онҳо, бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон сухан ронда, чунин тазаккур доданд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Асри 21 асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд”.
ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР
Рушди соҳаи маориф дар кишвар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои маорифпарвари миллат мебошад, ки дар сиёсати хеш дастгирии иҷтимоиву моддии омӯзгорону кормандони соҳаро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ тайи солҳои охир тадбирҳои зиёдеро амалӣ кард, ки боиси рушду пешрафти ин соҳаҳо гардиданд. Бо туфайли зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи илму маориф айни ҳол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ҳамасола зиёд карда мешавад, ки ин таваҷҷуҳ ҳам гувоҳ аз дастгириву ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чанд соли охир маоши аҳли маорифи кишвар 110 дарсад, аз ҷумла, соли 2022-юм 20 дарсад, соли 2023-юм 20 дарсад, соли 2024-ум 40 дарсад, соли 2025-ум 30 дарсад зиёд карда шуд. Роҳбари мамлакат дар Паём эълон намуданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026, дар баробари дигар самту соҳаҳо, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 дарсад, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 дарсад зиёд карда шаванд.
Баланд гаштани маоши кормандони соҳаи маориф — дастгирии навбатии Президенти мамлакатро устодону омӯзгорони кишвар бо хушнудиву сарфарозӣ истиқбол намуданд. Зеро андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста ҷиҳати пешрафти кору дастрасӣ ба комёбиҳо иқдоми саривақтист.
Дар умум, метавон гуфт, ки дар Паёми навбатӣ соҳаи илму маорифи кишвар ҳамчун муҳимтарин аркони маънавии давлатдории навини тоҷикон дар меҳвари масъалагузорӣ ва таҳлилу баррасиҳои Сарвари маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
БО ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ — РӮ БА ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ
Дар қисмати ҷамъбасти Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ, эътимод ба неруи мардум ва бовар ба ояндаи дурахшони давлатдории миллӣ иброз намуданд, ки тамоми дастоварду пешрафтҳои кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд. Албатта, ободии Ватан, рушду пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии осоишта қарзи милливу виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистон буда, танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ амалӣ мегардад.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ халқи сарбаланди кишвар бо вуҷуди мушкилоту санҷишҳои сахти таърихӣ, бо сабру таҳаммул, иттиҳоду сарҷамъӣ ва иродаи қавӣ роҳи созандагиро интихоб карданд. Маҳз ҳамин хислатҳои волои миллӣ имрӯз ба сифати омили асосии рушд ва кафили фардои ободи Ватани азиз арзёбӣ мегарданд.
Бузургтарин вазифаи ҳар як фарди огоҳи ҷомеа дар ростои ин ҳама талошу заҳмати Пешвои миллат масъулияти ватандорист, зеро расидан ба ояндаи босаодат, осоишу баракати рӯзгор ва зиндагии шоиста маҳз дар ободкориву созандагии Ватан имконпазир аст.
Соли 2026 бо ин ҳама нақшаву ҳадафҳои накуи Пешвои миллат барои кишвари азизамон соли муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро Сарвари давлат барои мо — сокинони ин сарзамини биҳиштосо — Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин соли сарнавиштсоз ҳадафҳои бузург гузошта, иброз доштанд: “Соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне, Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд”.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти таҷассум кардани асолати илмӣ, таърихӣ, ҳувиятӣ ва рушди оянданигарона барои мо — аҳли маорифу илми Тоҷикистон ҳамчун маромномаи фаъолият маҳсуб шуда, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар иҷрои корҳои соҳавиамон раҳнамои мост. Пас, ҳар як корманди соҳаро месазад, ки ин Дастури корро ба роҳбарӣ гирифта, дар пешрафти маорифу илми Ватан хидмати шоиста намоянд.
