Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фаррухуддин Набизода аз қитъаи замини ҷудогардида ҷиҳати сохтмони иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст боздид намуданд
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар назар аст сохтмони он дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ оғоз ёбад.
Сохтмон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар муҳлати муқарраргардида бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Ҳамчунин, зимни ин боздид масъалаи таъмиру азнавсозии бинои кӯҳнаи назди муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, баъди анҷоми корҳои таъмирӣ дар ин мавзеъ таъсиси муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат хоҳад кард.
Вазири маориф ва илм дар ҷараёни суҳбат аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа дар тамоми кишвар мунтазам роҳандозӣ мегардад.
Дар идома вазири маориф ва илм вобаста ба пайваста зиёд гардидани музди маош ва болоравии мақоми омӯзгорон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҳамасола дар заминаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат музди маоши омӯзгорон марҳила ба марҳила боло бурда мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими мақоми иҷтимоии омӯзгор дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул гардидааст.


