Исматулло АЗИМОВ,
омӯзгори МТМУ №54 ба номи Лоиқ Шералӣ,
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе
Омӯзгорӣ яке аз пешаҳои бошарафтарин ба шумор меравад. Ба ибораи маъмул, «омӯзгор гули сари сабади ҷомеа мебошад». Дар ҳақиқат, омӯзгор рӯшантарин чеҳраи замон мебошад. Зеро насли наврас, ки ояндасозони ин сарзамин мебошанд, дар тарбияи омӯзгорон бузург мешаванд.
Рушди воситаҳои электронӣ дар баробари фароҳам намудани имкониятҳо то андозае кори омӯзгоронро мураккаб ҳам гардонидааст. Зеро наврасон ба иттилооти гуногун дастрасӣ дошта, фазои фикрияшон густариш ёфтаву иртиботи иҷтимоияшон зиёд гаштааст. Омӯзгорон бояд танҳо бо донишҳои фаннию ихтисосӣ маҳдуд нашаванд, балки доираи васеи донишҳоро фаро гиранд. Махсусан, доштани дониши бунёдӣ оид ба фанҳои ҷомеашиносӣ, педагогикаю психология, сиёсатшиносию таърих барои ҳар омӯзгор муҳим аст. Ҳар як омӯзгор дар баробари мувофиқи ихтисосаш фаъолият доштан, ҳамчунин, раҳнамою ҳодии аҳли ҷомеа, тарғибгари илму маърифат ва сиёсати давлатӣ мебошад. Илова бар ин, омӯзгорони фанҳо ба сифати роҳбари синф низ фаъолият мекунанд ва дар шумори бахшҳои гуногуни корашон дар ин самт масъулияти баргузории дарсҳои тарбиявиро бар дӯш доранд.
Дарсҳои тарбиявӣ мавзуъҳоеро, ки ташаккули маърифату фарҳанги хонандагонро дар бар мегиранд, аз ҷумла, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба халқу миллат, ватандӯстӣ, маълумот дар барои қаҳрамонони Тоҷикистон, тавзеҳи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, шарҳи рӯйдодҳои муҳимтарини олами муосир, арзиши ваҳдату ҳамдилӣ, истиқлоли Ватан ва монанди инҳоро фаро мегиранд. Дар ин мақола мавзуи ватандӯстӣ, ки яке аз муҳимтарин мавзуъҳо мебошад, баррасӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар ин мавзуъ омӯзгор бояд маълумоти ҷолибу пурра ва саҳеҳ дошта бошад. Дарси тарбиявӣ дар мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ бояд ба шогирдон таъсири амиқ гузорад ва онҳоро руҳияи баланд бахшад. Барои ин омӯзгорро зарур аст, ки аз воситаҳои гуногун босамар истифода намояд. Дар ин мақола чанд зермавзуи дарс манзур мешавад:
- Шогирдон бояд аз мазмуну муҳтавои вожаи «Ватан» огоҳӣ пайдо намоянд. Дар бисёр сарчашмаҳо ин вожа чунин тавзеҳ ёфтааст: диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он ба дунё омадааст. Ба ин тавзеҳ илова мешавад: кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, оин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад.
- Пурмуҳтавотарин ситоишномаҳо дар бораи Ватан дар асарҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат омадаанд. Китобҳои Сарвари кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва «Уфуқҳои истиқлол» саршор аз ғояҳои ватандӯстиву ватанпарвариянд. Дар ин асарҳо Президенти мамлакат бо ифтихор зикр мекунанд, ки тоҷикон соҳибватананд ва Ватани худро самимона дӯст медоранду пайи ободиаш ҷаҳд менамоянд. Тоҷикистони имрӯза қисмате аз Ватани бузургу паҳновари таърихии мост ва баҳри ҳифзи он бояд ҳар як сокини кишвар ҳиссагузор бошад.
Дар суханрониҳои худ низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро ба муқаддасу азиз донистани ҳар пораи хоки Ватан, ҳар сангу хору хаси Ватан даъват мекунанд. Пешвои миллат ба ин маънӣ таъкид кардаанд: “Мо як Ватан дорем, ки онро Тоҷикистон ном аст. Тоҷикистон сарзамини поки мо, модари азизи мост. Онро бояд ба ҷон дӯст дорем, барои таъмини пешрафту ободонии он бикӯшем, аз Истиқлоли давлатӣ, ки омили асосии шукуфоии Ватани маҳбубамон гардидааст, ифтихор намоем”.
Бо чунин тарз, истифодаи иқтибосҳо аз гуфтаҳои Пешвои миллат дар ин мавзуъ ва баррасию тавзеҳу омӯзиши онҳо боиси ҷолиб шудани дарсҳои тарбиявӣ мегардад.
- Истифода аз адабиёти бадеӣ, хусусан, аз осори адабие, ки мавзуъҳои Ватан ва ватанпарвариро фаро гирифтаанд, омили дигари таъсирнок шудани дарсҳои тарбиявӣ мегардад. Ғояи ватандӯстӣ дар адабиёти классикии тоҷик хеле равшану муассир аст ва дар бисёр мавридҳо омезиш бо мавзуи панду ҳикмат дорад. Махсусан, дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ мавқеи калидӣ дарёфтааст. Тавсифи корномаи меҳанпарваронаи қаҳрамонони марказии ин асари безавол дарси тарбиявиро пурмуҳтаво ва муассир мекунад.
Адибони муосири тоҷик низ мавзуи мазкурро дар маркази эҷоди худ қарор дода, ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Асарҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” хонандагонро ба дӯст доштани Ватан ва ҷон сипар намудан дар ҳифзи он ҳидоят мекунанд. Дар мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ адибони маъруф — Ҳабиб Юсуфӣ, Пӯлод Толис, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мирсаид Миршакар ва дигар адибон низ асарҳои мондагору пурмазмун офаридаанд. Ин мавзуъ, махсусан, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар адабиёти мо хеле равнақ ёфт. Дар васфу тараннуми Ватан ашъори шоирони маҳбуби миллат — Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Гулрухсор, Камол Насрулло, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ ва даҳҳо нигорандаи сабзхомаи тоҷик омили рушди афкори ватандӯстии мардум, ба вежа, ҷавонон гардидааст. Манзумаи “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”-и Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи тамомияти сарзамин, пояндагии диёри азиз хидмати барҷаста карда, аҳли миллатро ба дӯстиву ваҳдат даъват намуд.
Солҳост, ки шеъри “Ватандорӣ”-и Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аз ҳар гӯшаи мамлакат садо медиҳад ва муҳаббатафзои ҳамдиёрон ба Ватани соҳибистиқлоли хеш мешавад. Ду байти зер аз ҳамин шеър аст:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист…
Ҳамон марде, ки аз тири аду дорад ҷароҳатҳо,
Вале чашмони гирёнаш намебинам, ватандорист…
Қитъаҳои зиёдеро аз ашъори ватандӯстонаи шоирони тоҷик метавон далел овард, ки такмилбахши мазмуну муҳтавои дарсҳои тарбиявӣ шуда метавонанд. Баҳснопазир аст, ки ҳеҷ як воситаи дигаре барои хонандагон чун адабиёти бадеӣ таъсиргузору ҷолиб нест. Дар ин бора адиби маъруфи рус М. Горкий гуфтааст: “Адабиёт нерумандтарин василаи тарбия аст ва оне, ки асари бадеӣ мутолиа мекунад, ҳеҷ гоҳ одами бад шуда наметавонад”.
- Воситаи дигари ҷолибу пурсамар гардонидани дарси тарбиявӣ дар мавзуи ватандӯстӣ, даъват кардани шоиру нависандагон, сиёсатмадорон, ҳомиёни Ватан ва шахсиятҳои маъруф ба дарсҳо мебошад. Ҳамчунин, дарси тарбиявиро бо аёният, расму нигораҳо, намоишҳои видеоӣ ва тавзеҳи китобҳо метавон боз ҳам такмил бахшид.
Дар маҷмуъ, тарбияи комилу ҳадафмандонаи хонандагон аз самтҳои муҳимму масъулиятбори кори омӯзгор аст. Махсусан, тарбияи ватандӯстии насли наврас бояд ҳамеша дар мадди назари омӯзгор қарор дошта бошад. Оне, ки Ватанро самимона дӯст медорад, мекӯшад, ки дар пешрафту ободии он ҳиссагузор бошад, дар ҳифзи марзу буми он камар мебандад ва барои нуфузи байналмилалии он хидмати фарзандона анҷом медиҳад. Шогирдони мо низ бояд чунин бошанд ва барои шукуфоии фардои Ватани азиз масъулияти баланд эҳсос намоянд.
