Ҷамила ШОИНОВА,
муовини директор оид ба корҳои таълими МТМУ №1,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе,
Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Адабиёти таълимӣ яке аз бахшҳои аслии адабиёти тоҷикӣ-форсист, ки дар тули қарнҳо вуҷуд доштааст. Манзур аз «адабиёти таълимӣ» адабиётест, ки некбахтии инсонро дар беҳбудии маниши ахлоқии ӯ медонад ва ҳиммати худро мутаваҷҷеҳи парвариши қувваи руҳӣ ва таълими ахлоқии инсон мекунад. Дар қадимтарин осори бостон, панду андарзҳое вуҷуд дорад, ки то ба имрӯз дар забон ва адабиёти тоҷик басомади истифода доштааст ва бисёре аз адибон ба онҳо рӯй оварда, ҷиҳати густариши онҳо талош кардаанд. Аз ҷумлаи ин шоирон Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомист, ки дар ашъори худ ба панду андарз таваҷҷуҳи хоссае намуда, дар осори ӯ тавсифи ҳамаи падидаҳо бо натиҷаҳои ибратомӯз ва ахлоқӣ хатм мешавад.
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз дурахшонтарин чеҳраҳои илму адаби тоҷик ба шумор меравад, ки дар имтидоди қарнҳо бо эҷоди осори гуногуни мондагораш коми ҳазорон ташнаи донишу хирадро сероб гардонидааст. Бесабаб нест, ки дар баъзе сарчашмаҳои адабӣ Ҷомиро “Хотимат-уш-шуаро” номидаанд.
Муҳаққиқон нақши осору афкори ӯро дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим назаррас арзёбӣ кардаанд. Донишмандон М. Муллоаҳмадов ва М. Хуҷова дар маҷмуаи «Андарзномаи Ҷомӣ» чунин менигоранд: «Яке аз он суннатҳо, ки дар осори Абдурраҳмони Ҷомӣ чун хатти зарин ба назар мерасад, андешаву эҳсосоти башардӯстӣ мебошад. Таҷаллии ин андешаву эҳсосотро ҳам дар ашъори ғиноии шоир, амсоли ғазалу қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоиву қитъаҳо ва ҳам дар маснавиҳои бузурги «Ҳафт авранг»-у асари мансури «Баҳористон» метавон мушоҳида кард. Дар маркази ҳамаи офаридаҳои Ҷомӣ низ инсон қарор дорад. Ӯ ҳам мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саноиву Аттор, Саъдиву Ҳофиз ва дигар суханварони маъруф бузургии инсонро ситоиш карда, орзуву омол, андешаву эҳсос, мақсаду маром ва ормонҳои ӯро ба қалам додааст. Ӯ низ мисли гузаштагон ҳадафи асосии инсонро дар зиндагӣ анҷоми кори нек, гузоштани осори хуб медонад».
Дар ҷаҳони имрӯз бо пешрафти илму техника зиндагии инсон ба куллӣ тағйир карда, дигаргуниҳои ҳайратангезе дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон ба вуҷуд омадаанд. Аммо инсон имрӯз дар роҳи шинохти хеш вазифаҳое, ки нисбат ба ҳамнавъи ӯ, барқарории робитаҳои отифӣ бо ҷамъияти инсонӣ дорад, ғафлат варзидааст. Аз ҷумлаи нукоте, ки Ҷомӣ дар осори хеш таъкид кардааст, мавзуи омӯзиш ва парвариш аст. Ҷомӣ китоби «Баҳористон»-ро ба наср ба шеваи «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Фавоиди зиёия»-ро барои таълим ба фарзандаш навишт. Ҳамчунин, вай дар дигар осораш, аз ҷумла, «Нафаҳот-ул-унс», се девон — «Фотиҳат-уш-шубоб», «Воситат-ул-иқд» ва «Хотиммат-ул-ҳаёт» ва маснавиҳои «Ҳафт авранг»-ро ба сурати панду андарз баён доштааст. Ҷомӣ дар ашъораш таълиму тарбиятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барномаи таҳсилот, кутуб ва маводди омӯзиши давраи таҳсилоти ибтидоӣ, олӣ ва шеваҳои омӯзиширо баррасӣ кардааст. Аз мавзуъҳои муҳим, ки дар осори ин мутафаккир ҷой гирифтааст, таълиму тарбия ва таваҷҷуҳи хос ба рушди шахсияти кӯдак мебошад.
Маълум аст, ки фарзанд самараи орзуҳои бекарони падару модар мебошад. Ҳамзамон, фарзанд бузургтарину беҳтарин неъмат барои башар ва ба ҳайси ҷойнишин ва нишон аз падару модар мебошад. Тарбият ва таълими фарзанд масъалаи нав нест ва дар таърихи тамаддуни башар решаҳои амиқу устувор дорад ва дар миёни ақвоми гуногуни ҷаҳон бозтоб ва басомади дерина дорад. Гузаштагони мо низ дар робита ба таълиму тарбият ва ба камол расидани фарзандони худ саҳми беназире дошта, барои ба натиҷаи дуруст ноил гардиданашон дар ин росто осори зиёдеро ба мерос гузоштаанд.
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ чун дигар бузургон аз хурдӣ ба тарбияти фарзанди хеш машғул гардида, ӯро аз улуми зарурии замонаш ва забони арабӣ дарс мегуфт. Дар баробари таълими улум ва забономӯзӣ, Мавлоно Ҷомӣ ҳангоми таълим аз усули вижаи тарбият кор мегирифт, то фарзандаш дар баробари илм омӯхтан соҳиби ахлоқу рафтори инсонӣ бошад. А. Афсаҳзод дар ин хусус барҳақ фармудааст: «Чун шахси пешқадам, мутафаккири инсондӯст ва муаллими ахлоқи ҳамида ва одоби писандида Абдурраҳмони Ҷомӣ қабоҳатҳои ҷомеаи ситамгар ва нуқсонҳои маънавии афроди башариро ҳамчун сарчашмаҳои бадӣ, ки ваҳшонияти иҷтимоиро меафзуданд, дарк карда, бо роҳи насиҳат, тарғиби сифатҳои хуб ва мазаммати хислатҳои бад мехоҳад, ки дар ривоҷи ахлоқи ҳамида ва баркандани решаи ахлоқи разилаи одамон кумаке расонад».
Яке аз муҳимтарин осори тарбиявии Ҷомӣ «Баҳористон» мебошад. Муаллиф дар ин асари пурарзиш ва саропо ҳикмат, фарзанди арҷманди хеш Зиёуддин Юсуфро огоҳ мекард, ки аз дурӯғ, ҳасад, кибр, худписандӣ, коҳилӣ, танбалӣ, мардумозорӣ, ҷаҳолат, мансабпарастӣ, тамаллуқу чоплусӣ ва дигар рафторҳои разила, ки ҳаёти инсонро ҳамеша зери хатар ва бадгӯии мардум қарор медиҳад, дурӣ ҷӯяд.
Ба таъкиди Ҷомӣ тарбият агар бо заҷру зулму зӯроварӣ сурат гирад, суде надорад ва агар ба меҳрубонӣ ва нармдилӣ анҷом шавад, самараи хуб ба бор меорад. Ба андешаи ин мутафаккир, фарзанд, новобаста аз он ки дар кадом муҳит ба камол мерасад, бояд барои ташаккули шахсияти хеш саъй кунад ва талоши илм намояду дар худ ҳунарҳоеро дошта бошад. Аз ин хотир аст, ки ӯ роҷеъ ба писараш таъкид мекунад, то аз хурдӣ дорои илму ҳунар бошад ва ҳамеша бо касбу ҳунари худ миёни мардум зиндагӣ кунад ва бояд мардум ӯро на бо насабаш ва мақоми доштаи гузаштагонаш бишносанд, балки бо ҳунару истеъдоди волояш мақомаш диҳанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин росто чунин мегӯяд:
Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
Ҷомӣ ба омӯзиши пешаву ҳунар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст, ки бесабаб нест. Аввалан, ӯ низ касбу ҳунарро василаи зиндагӣ ва маишати рӯзгор медонад. Пешавар тавассути заҳмати зиёд на танҳо рӯзгори худро сомон мебахшад, балки роҳатрасони дигарон ва ободгари мулк низ мегардад:
Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт,
Баҳри ноҳамвории нафси дағал сӯҳонгар аст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.
Мавзуи дигаре, ки дӯш ба дӯш ба мавзуи тарбият дар осори Ҷомӣ омадааст, сухандонӣ, пос доштани сухан ва тарбият бо роҳи сухани нек мебошад:
Дар булӯрин садафи чархи куҳан,
Нест вологуҳаре беҳ зи сухан.
Нест дар кон гуҳаре беҳтар аз ин,
Ё дар имкон ҳунаре беҳтар аз ин.
Аз андешаҳои дидактикӣ ва педагогии Ҷомӣ пайдост, ки камоли инсонӣ ва мақоми ӯ дар зиндагӣ танҳо аз касб ва ҳунару маҳорати ӯ вобастааст. Аз ин рӯ, падару модаронро лозим аст, барои омӯзиши илм ва андӯхти касб беҳтарин шароитро барои фарзанд муҳайё созанд, зеро касбу ҳунар метавонад мақом ва манзалати фарзандро муайян кунад:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наорад мева бар, андар шумори ҳезум аст.
Хулоса, истифода аз ашъори пандомези Ҷомӣ дар ҷараёни дарсҳо омӯзишро ширинӣ мебахшад ва моро ба ҳадафҳои тарбиятӣ ва ахлоқӣ наздиктар мекунад. Ин мавзуъ муҳимтарин масъала дар кулли ашъори Ҷомӣ мебошад, ки матраҳ, таҳқиқ ва пажуҳиши ҳамаҷонибаи он ҳатмӣ мебошад.
