Ҳабибҷон НУРЗОДА,
Вазира ПИРОВА,
кормандони Институти астрофизикаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сайёраи Замин дар Системаи офтобӣ дар ҳаракати доимӣ қарор дорад. Он дар атрофи меҳвари худ дар тули 24 соат (аниқтараш 23 соату 56 дақиқаю 4 сония) як гардишро анҷом медиҳад.  Ҳамчунин, Замин дар атрофи Офтоб дар давоми тақрибан 365,2422 шабонарӯз пурра як мадорро тай мекунад. Аз ҳисоби майли меҳвари гардиши Замин нисбат ба сатҳи мадорӣ (23°26′) дар рӯйи Замин тағйири фаслҳо ба амал меояд.

Ду нуқтаи муҳимми ин ҳаракат инқилоби тобистона ва инқилоби зимистона мебошанд, ки дар онҳо меҳвари Замин нисбат ба Офтоб бештар ба самт ё дуртарин ҳолат мерасад. Дар нимкураи шимолӣ, рӯзи 21 июн рӯзи дарозтарину шаби кӯтоҳтарин ва рӯзи 21 декабр шаби дарозтарину рӯзи кӯтоҳтарин ба ҳисоб меравад. Соли 2025 ин лаҳзаи астрономӣ рӯзи 21 декабр, соати 15:03 UTC (20:03 бо вақти Душанбе) ба амал меояд.

                              Механикаи осмонии падидаи астрономӣ

  1. Майли меҳвари Замин

Меҳвари гардиши Замин нисбат ба сатҳи мадори он (эклиптика) бо кунҷи 23°26′ моил аст. Ин кунҷ бо мурури вақт каме тағйир меёбад (нуқтаи муттатсия ва претсессия), вале дар тули ҳазорсола устувор мемонад. Инқилоби зимистона дар ҳолате рух медиҳад, ки сокинони нимкураи шимолӣ аз Офтоб камтарин нур мегиранд. Ин маънои онро дорад, ки баландии Офтоб ба ҳадди ақал (минималӣ) мерасад, дар ҳоле ки дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳадди аксар (максималӣ) баробар мешавад. Аз ин сабаб, барои сокинони шимол, дар осмон баландӣ (моилӣ)-и Офтоб паст аст ва давомнокии рӯшноӣ коҳиш меёбад.

  1. Моилии Офтоб

Моилии (δ) Офтоб дар рӯзи инқилоби зимистона ба ҳадди манфии худ мерасад (δ=−23°26′). Ин маънои онро дорад, ки Офтоб аз ҳамвории экватори осмонӣ тақрибан 23,4 дараҷа ба самти ҷануб ҷойгир шудааст.

  1. Тули соатҳои рӯшноӣ

Дар як нуқтаи муайян (масалан, Душанбе бо φ = 38,6°N) тули рӯзи офтобӣ чунин ҳисоб мешавад:

cosH=−tan φ×tan δ

Дар ин ҷо H — баландии нисфирӯзии Офтоб аст, φ-арзи маҳал ва δ-майл ё моилии Офтоб аст. Агар ҳисоб кунем:

H=arccos(−tan 38,6°×tan(−23,26°))≈4,73 соат

Пас, тули рӯз ё давомнокии рӯз чунин мешавад:

T = 2H = 9,46 соат ё 9 соату 28 дақиқа

Ин ба маълумоти воқеии соли 2025 ба 21-уми декабр мувофиқат мекунад: тулуи Офтоб тақрибан соати 07:39, ғуруб — 17:07, шаб бошад, тақрибан 14 соату 32 дақиқа давом мекунад.

                                  Натиҷаҳои физикӣ ва астрономӣ

  1. Баландии офтоб дар зенит

Дар Душанбе (φ = 38,6°) баландии максималии Офтоб дар зенит чунин муайян карда мешавад:

hmax=90°−(φ−δ)

hmax=90°−(38,6°+23,4°)=28°.

Яъне, дар рӯзи 21 декабр Офтоб дар Душанбе ҳеҷ гоҳ аз 28 дараҷа болотар намебарояд, аз ҳамин сабаб, сояҳо дар зимистон тулонӣ ва рӯшноӣ заифтар аст.

  1. Энергияи офтобӣ

Дар вақти зимистон кунҷи пасти нурҳо боиси он мегардад, ки сели рӯшноии Офтоб (E=E0sin hmax) кам шавад. Агар E0 сели миёнаи нурҳои Офтоб дар сатҳи Замин бошад (~1360 Вт/м² дар болои атмосфера), пас, дар Душанбе дар зимистон ба сатҳ на бештар аз 640–700 Вт/м² мерасад. Аз ҳамин сабаб, ҳарорати ҳаво пасттар ва рӯшноӣ камтар мешавад, гарчанде Замин дар зимистон, ҳатто, ба Офтоб наздиктар аст (0,983 воҳиди астрономӣ).

                  Сабаби наздикии Замин ба Офтоб дар зимистон

Бисёриҳо гумон доранд, ки дар зимистон Замин аз Офтоб дуртар мешавад. Дар воқеъ, 21 декабр қариб ба санаи перигелий (наздиктарин нуқта ба Офтоб) рост меояд. Масофаҳо чунинанд:

  • Перигелий: 3 январ 2026 – 147,1 млн км;
  • Афелий: 5 июл 2025 – 152,1 млн км.

Яъне, дар зимистон Замин тақрибан 5 млн км ба Офтоб наздиктар аст. Аммо кунҷи пасти нурҳо ва тул ё давомияти кӯтоҳи рӯз боиси паст шудани ҳарорат мегардад!

                           Нуқтаҳои инқилоб ва экваторҳои астрономӣ

Дар геометрияи сфераи осмон, инқилобҳо нуқтаҳое мебошанд, ки дар он ҳаракати зоҳирии Офтоб дар эклиптика аз самти ҷануб ё шимол қатъ шуда, самти муқобилро мегирад.

  • 21 июн – Офтоб дар нуқтаи инқилоби тобистона (δ = +23,4°)
  • 21 декабр – дар нуқтаи инқилоби зимистона (δ = –23,4°)

Дар харитаи осмон ин нуқтаҳо дар бурҷҳои Саратон ва Ҷаддӣ ҷойгиранд. Аз ин рӯ, ду параллели муҳим – тропики Саратон (23°26′ N) ва тропики Ҷаддӣ (23°26′ S) номида мешаванд.

                                       Таҳлили фарҳангӣ ва таърихӣ

Ин падидаи осмонӣ аз замонҳои қадим диққати инсонро ба худ ҷалб кардааст. Мардум шаби дарозтаринро рамзи гузариш аз торикӣ ба рӯшноӣ мешумориданд.

  • Дар тамаддуни бостонии Миср ин рӯзро оғози давраи нави Офтоб медонистанд. Маъбадҳои Сет ва Ра ба таври махсус ба тулуи Офтоб дар ин рӯз мувофиқ сохта шудаанд.
  • Дар Тоҷикистон, Эрон ва баъзе давлатҳои дигар ин шаб ҳамчун “Шаби Ялдо” ҷашн гирифта мешавад, ки онро шаби таваллуди Офтоб ва оғози пирӯзии рӯшноӣ бар зулмат медонанд.
  • Дар кишварҳои Аврупо, ҷашни “Yule” бо расму оини рӯшноӣ (шамъ, оташ, арча) оғоз меёфт, ки баъдан ба ҷашни милоди Масеҳ табдил ёфт.

Дар фарҳанги тоҷикӣ низ шаби тулонӣ рамзи сабру интизорӣ ва оғози умеди нав аст. Яъне, шабе, ки пас аз он субҳи рӯшан меояд.

                                         Натиҷа ва аҳаммияти илмӣ

Инқилоби зимистона барои астрономҳо як нуқтаи муҳим ва дақиқи ҳисобӣ аст. Аз рӯйи он метавон давомнокии солро бо дақиқии сонияҳо муайян кард, тағйири кунҷи майли меҳвари Заминро дар миқёси асрҳо пайгирӣ намуд, динамикаи мадори Заминро таҳлил кард ва барои таҳияи тақвимҳои дақиқи астрономӣ истифода бурд.

Илова бар ин, омӯзиши ин падида барои физикаи атмосфера ва иқлимшиносӣ низ аҳаммият дорад, зеро он ба таври мустақим ба тақсими энергияи офтобӣ дар сатҳи Замин таъсир мерасонад.

                                                     Хулоса

Инқилоби зимистона ҳам падидаи илмӣ ва ҳам рамзист. Аз нигоҳи ахтаршиносӣ он натиҷаи мустақими майли меҳвари Замин ва ҳаракати мадории он мебошад. Аз нигоҳи инсон, ин рӯйдод рамзи умед ва оғози давраи нав дар ҳаёт аст.

Дар соли 2025, рӯзи 21 декабр, соати 20:03 (бо вақти Душанбе), Офтоб ба пасттарин нуқтаи худ мерасад. Дар Душанбе рӯз ҳамагӣ  9,5 соат ва шаб тақрибан 14,5 соат давом мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *