Нуриддин САЙФИДДИНЗОДА,
сарнозири раёсати муқовимат
бо коррупсияи Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия
Коррупсия яке аз равандҳои манфии ҷаҳони муосир ва ҳамчун мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ташаккули ҷомеаи башарӣ дар шаклҳои хос ба шароити замон инкишоф ёфтааст. Тибқи фарзияи мутафаккирон коррупсия ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо гардида, аз замоне, ки хоҷагии ҷамоавӣ — қабилавӣ ба марҳилаи иқтисоди бозоргонӣ қадам гузошт, ин раванди иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар ҷомеа мавқеи ибтидоиро ба худ касб кард.
Бо рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи шуури мардум институти давлатдорӣ ба миён омада, пешниҳоди мол ва хидматрасонӣ ба коҳинон, амалдорон ва қозиён марҳилаи сифатан навро ба худ касб карда, тобиши сиёсӣ гирифт. Дар низоми идоракунии давлатии кишварҳои аввалини ғарбӣ сарчашмаҳои муътабари хаттӣ дарёфт шудаанд, ки аз мавҷудияти коррупсия дар он давра шаҳодат медиҳанд.
Аввалин шахсе, ки дар сатҳи давлатдорӣ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза бурдааст, дар Бобули Қадим подшоҳи шумерҳои Лагаш Урукагин ба ҳисоб меравад. Новобаста аз он, ки шоҳи мазкур дар сатҳи болоӣ бо коррупсия муборизаро ба таври қатъӣ ба роҳ монда буд, вале дар сатҳи поёнӣ ҳанӯз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ ба назар мерасид.
Аввалин рисолаи таърихие, ки содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро маҳкум намудааст, ин Артха Шастраи Ҳиндустони Қадим ба ҳисоб меравад. Фиръавнҳои Мисри Қадим низ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар онҳо дастгоҳи азими бюрократии амалдорон ба вуҷуд омада, нисбат ба деҳқонон, косибон ва ҳатто, ашрофони ҳарбӣ беқонунӣ ва худсарӣ сурат мегирифт.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, соли 320-и пеш аз милод амалдори Юнон Клеомон, ки ӯро Искандари Мақдунӣ масъули таъминоти ғалла таъйин карда буд, даст ба ҷиноят мезанад, ки ин амали ӯ бори аввал дар таърихи Ғарб ҳамчун қаллобӣ эътироф гардида, ҳамчун амали коррупсионӣ баҳо дода шуд.
Дар Рими Қадим зиёда аз 40 намуди порахӯрӣ мавҷуд буд ва дар “Маҷмуи қонунҳои дувоздаҳ ҷадвал” истилоҳи “corrumpere” ба маънои “бо пул иваз кардани нишондод дар суд” ва “ба судя ришва додан” истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд.
Қадимтарин маълумот роҷеъ ба масъалаи коррупсия ва муқовимат ба он дар таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо боқӣ мондааст. Давлати Ҳахоманишӣ бар асоси таълимоти оини зардуштӣ бунёд ёфта, ростиву адолатхоҳӣ ва раиятпарварӣ аз фазилатҳои муҳим ва барҷастаи он ба шумор мерафт. Пайравӣ ва эътиқод ба таълимоти зардуштӣ Ҳахоманишиҳоро ба корнамоиҳои арзишманде дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ карда буд.
Дар замони ҳукмронии Куруши бузург ва Дориюши кабир масъалаҳои муқовимат бо коррупсия дар қиёс ба мафҳуми фасоди молӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми он давр маҳсуб мешуд.
Дар банди 14-уми Маншури асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир чунин нигошта шудааст: “Куруш бо ростиву адолат кишварро идора мекард”. Дориюши Аввал низ дар Катибаи Бесутун гуфтааст: “… ин ки кардам ба бузургии Аҳурамаздо кардам… тибқи ростӣ рафтор бикардам”. Чунин ба назар мерасад, ки эҳтимол ин гуфтаҳо дар фаъолияти зиддикоррупсионии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо низ принсипҳои роҳбарикунанда дониста мешуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” дар бораи низоми идоракунии давлатии Ҳахоманишиён ва таъсири он ба таърихи миллати тоҷик қайд намудаанд: “Қонуни доди шоҳии Ҳахоманишиҳо нишон медиҳад, ки аҷдоди ориёии мо пойбанд будан ба қонунро асли зиндагӣ қарор дода будаанд ва ҳамин хислат дар табиати миллати мо то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳангоми муқовимати шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостани аксарияти мардуми мо ва аз сулҳу салоҳ дифоъ намудани халқи тоҷик шаҳодати равшани сиришти миллии мост, ки хостгори озодию адолат будааст”.
Дар замони ислоҳоти давлати Ҳахоманишиён, ки онро Дориюши Кабир анҷом додааст, ба масъалаи пешгирии фасод миёни хидматчиёни ҳарбӣ ва сатрапҳо (ҳокимони вилоятҳо) диққати махсус зоҳир карда мешуд.
Дар марҳилаҳои баъдии ташаккули таърихии халқи тоҷик, аз ҷумла, дар давраи Тоҳириёну Саффориён ва давлати абарқудрати Сомониён андешидани чораҳои муқовимат бо коррупсия аз нигоҳи шаръӣ ҳукм шуда, ҷазои сангинро нисбат ба афроди содиркунандаи чунин кирдорҳо раво дониста мешуд.
Бо мураккаб гардидани низоми идоракунии давлат даст ба амалҳои коррупсионӣ задани қозиҳо боиси нигаронии хосса буд, зеро он боиси азнавтақсимкуниии ғайриқонунии амвол ва хоҳиши берун аз чаҳорчӯби қонунӣ ҳал кардани баҳсҳо мегардид.
Масъалаи мубориза бо коррупсия дар афкори олимони шинохтаи ҷаҳон низ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар масъалаи майл ба порахӯрӣ доштани мансабдорон ва роҳи пешгирии онро Арасту қайд менамояд, ки шахсони мансабдор “ба татмеъ кардан (ба харидан бо ришва) дастрасанд ва бисёр вақт корҳои давлатиро қурбони вақтхушии худ мекунанд. Бинобар ин, беҳтар мебуд, агар онҳо аз ҳар навъи назорат озод намебуданд”.
Барои фаҳмидани коррупсия як такони муҳимро асарҳои Никкола Макиавелли медиҳанд. Вай фасодро ба як беморӣ, ба мисли саратон муқоиса кардааст. Дар аввал эътироф кардан душвор аст, аммо табобаташ осонтар аст. Агар беэътиноӣ карда шавад, шинохтан осон, табобаташ душвор аст.
Дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсуддин чунин омадааст: “Ришват — он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гӯянд”.
Дар баробари таҳаввулоти давлатдории инсоният мубориза бо коррупсия низ яке масъалаҳои ҳалталаб боқӣ монд. Дар охири асри 18 дар муносибати ҷомеаи Ғарб нисбат ба фасод як табаддулот ба вуҷуд омад. Ислоҳоти либералӣ таҳти шиори он сурат гирифт, ки ҳокимияти давлатӣ ба манфиати мардум фаъолият намуда, танҳо дар сурати аз ҷониби мансабдорон риоя гардидани қонунҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукуматро дастгирӣ мекунанд.
Воқеан, коррупсия (аз лот.corruptio — вайрон кардан, харида гирифтан) аз ҷониби омма ҳамчун рухдоди манфур эътироф гардида, инсоният дар тули таърих ҳамеша бо он мубориза карда, таъсири манфии он дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мушоҳида шудааст. Марҳилаи нави таҳаввулоти коррупсия дар кишварҳои пешрафта асрҳои 19 ва 20 буд.
Дар нимаи дуюми асри 20 коррупсия хусусияти байналмилалиро касб намуда, на танҳо ба як давлат, балки дар шароити муносибатҳои хориҷӣ ба рушди бисёр кишварҳо таъсири манфии худро мерасонид. Бинобар ин, давлатҳои ҷаҳонро лозим шуд, як санади байналмилалиро дар самти муқовимат бо коррупсия қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба танзим дароранд. Дар ин замина, соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардид, ки то имрӯз он ҳамчун санади меъёрии байналмилалӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мавриди амал қарор дорад. Дар пешгуфтори ин Конвенсияи СММ омадааст: “Коррупсия кайҳо масъалаи минтақавӣ набуда, балки ба як падидаи фаромиллӣ мубаддал гаштааст, ки ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо дахолат мекунад. Бо дарназардошти он, ки пешгирӣ ва решакан кардани коррупсия — ин вазифаи ҳамаи давлатҳост, онҳо уҳдадоранд, барои таъмини самаранокии кӯшишҳои худ дар ин самт бо ҳамдигар дар ҳамбастагию дастгирӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намоянд”.
Дар таърихи 9-уми декабри соли 2003 дар конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Мерридаи Мексика Конвенсияи СММ зидди коррупсия бори аввал барои имзо гузоштан аз ҷониби кишварҳои олам боз гардид ва ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия шинохта шуд.
Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нуҳуми СММ мебошад. Мутобиқи он коррупсия сӯистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ фаҳмида шудааст.
Солҳои охир дар кишвари мо дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия, инчунин, тарбия намудани аҳолӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии омма чораҳои дахлдор роҳандозӣ шуда истодааст.
Муқовимат ба коррупсия яке аз авлавиятҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар ин ҷода, мақоми махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расонида шуда, вазифа ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати кишвар муқаррар гардидааст.
Албатта, таҳаввулоти таърихии коррупсия, ки дар боло қайд шуд, гувоҳи он аст, ки ҳеҷ кишвар ё соҳае аз коррупсия комилан орӣ буда наметавонанд, вале дар сурати мавҷуд будани иродаи устувор ва ҳисси инсондӯстиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бо якдиливу ҳамбастагии кормандони ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мо метавонем, нисбат ба ин падидаи номатлуб фазои тоқатнопазир ба вуҷуд оварда, шиддати онро хеле кам намоем.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воситаи асосии муқовимат бо коррупсия татбиқи воқеии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, ҳамзамон, намунаи ибрати шахсӣ дар риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад.
Бо дарназардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, рушди иқтисодиёти кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо ин ҳодисаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеаро пурзӯр карда истодааст. Тибқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” тамоми вазорату идораҳо субъекти муқовимат бо коррупсия маҳсуб ёфта, дар раванди муқовимат иштирок менамояд.
Аз ин лиҳоз, тамоми хидматчиёни давлатӣ, роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, инчунин, тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо дасту дилу нияти пок ба халқ хидмат кунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, талаботи қонунгузории кишварро риоя намоянд. Ҳамзамон, ҳар як сокини мамлакатро лозим аст, ки дар муқовимат бо коррупсия ҳамсӯи мақомоти ваколатдор буда, дар ошкор ва решакан намудани омилҳои коррупсионӣ худро масъул шуморанд.
