Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни раванди таълиму тарбия, сифати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон ва шароити моддию техникии муассиса шинос гардид.
Зимни боздид вазири маориф ва илм бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбати озод анҷом дода, аз сатҳи дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин, ба омӯзгорон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои муосири омӯзиш ва ҷалби хонандагон ба фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Бахусус, вазир вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дирӯз, 16 декабр ироа гардид ва ҷомеаи кишвар, аз ҷумла, аҳли маориф таҳти таъсири нуктаҳои муҳимми он қарор доранд, суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мазмуни Паём роҳнамо барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи маориф ба шумор меравад.
Вазир таъкид намуд, ки Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёми худ иброз доштаанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Дар идома вазир изҳор дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии кадрҳои соҳа, маоши омӯзгорон боз ҳам 25 фоиз зиёд мегардад, ки ин иқдом бозгӯи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли маориф мебошад.
Дар фарҷоми боздид, вазир таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф бояд дар ҷавоб ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба касб ва фаъолияти пурсамар кору фаъолият намуда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва босавод саҳми арзандаи худро гузоранд.


