Ғайбулло АВЗАЛОВ,
раиси Шурои куҳансолони
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,
иштирокдори Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ
Бузургтарин рӯйдоди сиёсие, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ афтод, баргузории Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчун иштирокдори бевоситаи ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди баргузории он ва истиқбол аз Рӯзи Президент, ки ҳарду санаи таърихӣ мебошанд, мехоҳам андешаҳои хешро иброз намоям.
Барои расидан ба ин давраи таърихӣ зарурати таъкиди чанд воқеаҳои пештар ба вуқуъпайваста лозим меояд, ки мухтасар онҳоро зикр мекунам. Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри XX дар давлати Шуравӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад, ки дар натиҷа ба фурӯпошии ин давлат оварда расонд. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ барои давлатҳои узви ин иттифоқ шароите фароҳам омад, ки мустақилияти худашонро эълон кунанд. Барои халқ ва миллатҳое, ки тули 70 соли ҳокимияти давлати шуроҳо дар орзуи соҳибихтиёрӣ ва озодӣ буданд, имкони мусоид ба миён омад, то тақдири минбаъдаи давлату давлатдориро дар ихтиёри худ гиранд.
Миллати тоҷик бо гузаштаи пурифтихор, таъриху тамаддуни куҳан ва меросбари осори гаронарзиши маданиву фарҳангӣ будан дар ниҳоди худ ҳамеша руҳияи истиқлолхоҳӣ ва бунёди давлати миллиро мепарварид. Агарчи дар замони ҳокимияти давлати Шуравӣ имконияти ошкоро баён намудани ин ормони миллӣ вуҷуд надошт, вале ба ҳар сурат дар набзи мардум ин руҳияву ин ормони азалии миллат метапид ва дар симои ҳар як тоҷики худшиносу худогоҳ он ҳувайдо буд.
Дар Тоҷикистон раванди истиқлолхоҳӣ аз воқеаҳои февралии соли 1990 сар шуд. Билохира, 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи ғайринавбатӣ, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд, ки банда бевосита дар ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ иштирок доштам. Аммо ин рӯйдод натавонист, ки мардумро ба саодат ва орзуву ормонҳои деринааш расонад. Эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолате сурат гирифт, ки кишвар дар вазъияти хеле ҳассос – ҷангу ҷидолҳои дохилӣ, майдоннишинӣ ва зиддиятҳои гурӯҳию маҳаллӣ қарор дошт. Вазъияти он замон то ба дараҷае ташвишовар буд, ки моро хавфи аз байн рафтани ҷумҳурии тозаистиқлол ва заволи миллат таҳдид мекард.
Дар ин давраи ҳассос душманону бадхоҳони дохиливу хориҷии миллат, ки озодӣ ва соҳибдавлат шудани тоҷиконро ҳаргиз намехостанд, бо тафриқаандозӣ, гурӯҳбозӣ ва ҷудосозии мардум ба маҳал суботи сиёсиро халалдор карданд. Онҳо аз эътиқоди мардум истифода бурда, бо коштани тухми фитнаву нифоқ, дасиса ва туҳмату буҳтонҳо дар миёни халқ зиддиятро то ҳадде афзуданд, ки кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонида шуд. Акнун душманони миллат аз майдоннишиниву корпартоӣ ба қатлу куштори оммавии одамон гузаштанд. Тоҷикистони тозаистиқлол ба майдони ҷангу харобазор табдил ёфт. Тамоми ин воқеаҳо ба он оварда расонид, ки мардум аз пайи дарёфти рӯзӣ ва барои ҳифзи ҷони худ кишварро тарк кунанд.
Дар чунин шароити номусоид баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сабаб шуд, ки кишвар ба марҳилаи нави сиёсӣ ворид гардад. Дарвоқеъ, тақдирсозу таърихӣ унвон додани ин рӯйдоди сиёсӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос даъват гардид. Маълум буд, ки дар ин хатти замонӣ, яъне, аз эълони истиқлоли давлат то ба ин давра пешорӯи миллати тоҷик ва давлати тозатаъсиси Тоҷикистон хавфи бузург – фанои давлату миллат қарор гирифтааст. Дар чунин шароит, давлат ва миллати тоҷик шадидан ба як қаҳрамони миллӣ ё худ ба як шахсияти наҷотбахш эҳтиёҷ дошт.
Ба бахти баланди миллат маҳз дар ҳамин иҷлосия бо интихоби вакилон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат чунин шахсияти таърихӣ, қаҳрамони миллӣ ва наҷотбахши давлату миллати тоҷик дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кашф гардид ва бори гарони масъулияти идоракунии давлат бар души ӯ вогузор шуд.
Вазъият дар пойтахт – шаҳри Душанбе то ҳадде ҳассос буд, ки вакилон маҷбур шуданд, Қасри Арбоби шаҳри Хуҷандро ҳамчун макони баргузории иҷлосия интихоб кунанд. Оғози Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ низ дар вазъияти ниҳоят мураккаб сурат гирифт. Пас аз барҳам додани сохтори идоракунии президентӣ, ки зарурати муҳимми он замон буд, масъалаи асосии иҷлосия интихоби Раиси Шурои Олӣ ба ҳисоб мерафт.
Дастоварди аз ҳама бузурги иҷлосия ин интихоби вакили аз ҳама ҷавон аз ҳавзаи интихоботии №172, ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович буд. Ӯ аввалин баромади худро бо ҷумлаи “Ман ба халқи азизам сулҳ меорам ва то вақте ки охирон гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором эҳсос нахоҳам кард”, — шуруъ намуд ва бо ин ҷумла дар қалби вакилон ва мардуми аз кашмакашиҳо хасташуда шуълаи умедро фурӯзон нигоҳ дошт.
Пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар ин иҷлосия зарурати интихоби роҳи давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат ба миён омад, ки ин масъала дар он замон хеле нозук ва дар айни замон сарнавиштсоз буд. Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин иҷлосия бо ҷасорат ва қатъият сохтори ояндаи идоракунии ҷумҳуриро эълон карда, гуфтанд: “Ман тарафдори бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам”. Ин мавқеи устуворе буд, ки бо саъю талоши мардум ва Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ гардид. Дар он замон бо боварӣ ва эътимоди том гуфтани чунин суханҳо кори осон набуд. Зеро ҳеҷ кас бовар намекард, ки аз дасти роҳбари ҷавон кори муҳимме ояд.
Бисёриҳо ошкору ниҳон мегуфтанд: “Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон беш аз ду ҳафта дар муқобили вазъияти печидаву мураккаби кишвар истодагарӣ карда наметавонад”. Аммо вазъияти минбаъда баръакси ин “интизориҳо”-ро нишон дод.
Бо рӯйи кор омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назму низом дар Шурои Олӣ ҳамчун мақоми олии идоракунии давлат таъмин гардид. Ӯ дар баромадҳояш ҳамеша дар хусуси ба эътидол овардани вазъият, баргардонидани гурезаҳо, барқарории суботи сиёсӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ободониву созандагӣ таъкидҳо мекард. Ӯ ҳарфи дили миллионҳо нафар шаҳрвандони сарсон ва овораву бехонумонро мезад. Дар ҳар ҳарфу дар ҳар суханаш эҳсоси баланди ватандӯстӣ, азму иродаи устувор ва азхудгузаштагӣ мушоҳида мешуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввал ормонҳо ва манфиатҳои миллиро дар авлавият қарор дод, бо ибтикору пешниҳодҳои созандааш мо – вакилонро бовар кунонид, ки дар интихоби худ хато накардаем.
Агарчи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят душвор ба кор шуруъ кард, вале иродаи устувор ва азми қотеи ӯ миллату давлатро аз парокандагиву нестшавӣ наҷот бахшид. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Аз ҷумла, қонунҳо дар бораи авф, халъи силоҳ ва ғайра, ки бе амалӣ намудани онҳо расидан ба ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ ғайриимкон буд.
Пас аз нуҳ рӯзи оғози Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми ноябри соли 1992 дар натиҷаи музокира ва муҳокимарониҳои тезутунд яке аз рамзҳои муҳимми давлатдорӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ин рӯйдод қадами дигар барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёфт.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи кишварро барои наҷот аз вартаи завол боз кард. Давлати ҷавони Тоҷикистон бо роҳбарии роҳбари ҷавонаш қадам ба қадам ҷониби муваффақият ва музаффариятҳои нав ба нав раҳсипор шуд.
Пас аз ду соли баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, баргузории аввалин интихоботи президентӣ ва ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои минбаъдаи эъмори давлатдории миллӣ гузошта шуданд.
Сарвари давлат бар ваъдаи худ содиқ монд. Ӯ ҷонро рӯйи каф гирифта, чандин маротиба барои музокирот бо саркардагони неруҳои мухолифин ва силоҳбадастон ба минтақаҳои хатарнок сафар кард. Чунин қудрату ҷасоратро дар он замон ҳеҷ кас надошт. Ӯ медонист, ки агар миллат ба ваҳдат нарасад, нигоҳ доштани истиқлоли давлат ва озодии халқ кори душвор аст. Бинобар ин, ба тамоми монеаҳо нигоҳ накарда, тамоми талоши хешро ба харҷ дод, то “сулҳи деринтизор” ба даст ояд.
Билохира, дар натиҷаи талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997, пас аз чандин давраҳои музокирот, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Пас аз ин, бо хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раванди барқарорсозии соҳаҳои хоҷагии халқ ва баргардонидани муташаккилонаи гурезаҳо ба Ватан оғоз гардид. Акнун ба тани афгоршудаи миллат ҷони нав дамид. Халқи Тоҷикистон зери сиёсати бунёдкоронаи сарвараш сарҷамъ шуд. Иттиҳоди мардум қудрату иқтидори давлатро афзуд. Оқибатҳои ҷанг бартараф шуда, сол то сол рушду пешрафти кишвар дар сатҳи баландтар таъмин гардид. Рушду пешрафти босуботи тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сабаб гардид, ки мо дар муддати кӯтоҳ роҳи 100-соларо тай намоем. Ободии шаҳру деҳот, сохтмонҳои муҳташам, пулу нақбҳо, роҳҳои байналмилалӣ, неругоҳҳои азим, пешравиҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳо, ки кишвари моро ба таври куллӣ дигаргун карданд, шаҳодати гуфтаҳои болост.
Дар маҷмуъ, ба роҳи тайкардаи халқи Тоҷикистон назар намуда, мо дарк менамоем, ки тамоми дастовардҳо ва муваффақиятҳои бузурги кишвар, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, аз хидматҳо ва қаҳрамониҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошанд. Ҳоло мо шоҳиди амалишавии бузургтарин иқдому ибтикороти судманд ва рушду шукуфоии босуръати кишвар гардида истодаем, ки ин ҳама аз шарофат, баракат ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Пас, ҳар як ҳар як шаҳрванди кишварро месазад, ки ин ҳама дастоварду неъматҳоро, ки сарвати бебаҳои миллӣ маҳсуб мешаванд, ҳифз намуда, дар пешрафти кишвар саҳми фарзандонаи худро бо меҳнати пок, руҳияи баланди миллӣ ва иродаи қавӣ гузоранд.
