Муҳтарам ғолибон, иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ, устодон ва падару модарони азиз!

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббус ва ибтикори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, инак соли ҳафтум бо ҳамон муҳаббату самимияте, ки дӯстдорони китобро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ оварда буд, ба даври ниҳоии худ расид. Бо камоли сарфарозӣ ва эҳтироми баланд ҳамаи шумоёнро, ки дар дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қадамҳои устувор гузоштед ва ғолибияти бузургро ба даст овардед, самимона табрик менамоям.

Ин озмун нишони бедории фикрӣ ва ойинаи равшани сатҳи маърифати насли соҳибистеъдоди кишвар мебошад. Дастовардҳои шумо, хоҳ ғолиб бошед ё иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ, шаҳодати равшан аз ҷустуҷӯ, заҳмат, покизагии ният, китобдӯстӣ ва ҷаҳонбинии васеъест, ки имрӯз барои рушди давлату миллат арзиши бебаҳо дорад.

Ба ҳар яки шумо, ҳамчун чеҳраҳои умедофар ва поягузорони фардои илму маорифи кишвар, бо дилгармӣ ва самимияти хос табрик гуфта, барои кӯшиши ғайрат, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳаракати ҳамешагӣ дар роҳи донишандӯзӣ изҳори сипос менамоям. Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба дониш, технология ва эҷодкорӣ такя мекунад, баргузории чунин озмунҳо барои рушди неруи зеҳнии насли наврас, болоравии сатҳи маърифат ва таҳкими пояҳои маориф аҳаммияти азим доранд. Шумо, ғолибон, бо маҳорати худ нишон додед, ки дар роҳи илму маърифат босалоҳият ҳастед ва ин дастовард ифтихори тамоми ҷомеа мебошад.

Ба ин муносибат, мехоҳам аз ҳамаи иштирокчиёни дигаре, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, вале соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ нагардиданд, махсус изҳори қадрдонӣ ва миннатдорӣ намоям. Роҳ ёфтан ба ин марҳалаи баланди озмун худ шаҳодати истеъдод, заҳмат, китобдӯстӣ ва ҷаҳонбинии васеи шумост. Бовар дорам, ки иштироки шумо дар ин озмун ҷараёни рушд, такмили малакаҳои суханварӣ, хондан, таҳлил ва фикрронии мустақилиятатонро боз ҳам пурқувваттар мегардонад. Ҳар яки аз шумо неруи муҳим барои ояндаи илму маориф ҳастед ва натиҷаҳои имрӯза оғози дастовардҳои бузургтар дар роҳи зиндагӣ хоҳад буд.

Боиси зикр аст, ки ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин озмун барои ҳар як иштирокчӣ ва устодону аҳли оилааҳояшон ва дар маҷмуъ барои тамоми намояндагони соҳаи илму маорифи кишвар руҳ ва неруи тоза мебахшад. Дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат нисбат ба китобу китобхонӣ, илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ барои тамоми ҷомеа, хусусан ҷавонон, илҳомбахш мебошад. Маҳз ҳамин сиёсати фарҳангсолор ва маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишвар ба як нуқтаи муттаҳидкунандаи зеҳн, маҳорат, эҷод ва худогоҳии миллӣ табдил ёбад.

Изҳори миннатдорӣ ба падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимие, ки дар ин роҳ шогирдони худро дастгирӣ намуданд, иброз менамоям. Имрӯз ҳарчанд бо сабаби дар сафари корӣ будан ва дар имконияти табрикоти мустақими шуморо надоштан, руҳан бо ҳамаи ғолибон якҷоя ҳастам ва ин ғолибияти бузургро, ки зиндагии якояки шуморо рангин менамояд, бори дигар табрик мегӯям. Боварӣ дорам, ки муваффақиятҳои имрӯза танҳо оғози сафари пурбори шумо дар роҳи илму маърифат хоҳад буд ва ҳар як иштирокчӣ минбаъд низ парчами китобу донишро баланд бардошта, ба пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад.

Ҳамзамон, изҳори сипосу миннатдории хос аз ҳайати меҳнатдӯсту одилонаи ҳакамон менамоям, ки бо масъулияти баланд раванди баҳогузориро дар тамоми марҳалаҳои озмун таъмин намуданд. Заҳмати шабонарӯзӣ, диққату дақиқандешӣ ва муносибати касбии онҳо барои баргузории шаффофу одилонаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақши муҳим бозида, ба ҳар як иштирокчӣ имкон дод, ки дониш, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбинии худро дар сатҳи баланд муаррифӣ намояд.

Бо таманниёти нек, ба ҳамаи шумо ғолибон, иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ, устодон ва падару модарони азизу арҷманд илҳоми тоза, пешрафт, ҷустуҷӯи доимӣ дар ҷодаи илму дониш ва дастовардҳои навро орзу мекунам.

Бо эҳтиром, вазири маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода

Брюссел, Белгия

4 декабри соли 2025

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *