Роҳу масири донишу маърифат, илму ирфон ва хираду ҷаҳонбинии ҳар як шахс аз машъали афрӯхтаи омӯзгор-муаллим равшан мегардад. Омӯзгорон роҳнамову роҳкушои роҳи саодату каромат ва мудаббиру мубашшири насли башар мебошанд. Чуноне ки устоди бузургвор Садриддин Айнӣ гуфтааст: «Муаллим чароғест, ки бо сӯхтани худ роҳи дигаронро равшан мекунад».
Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгорон дар кишвари азизамон гувоҳи таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри маърифатпарвари ҷомеа мебошад.
Ба муносибати ин санаи фархунда андеша ва таманниёти муаллифону ҳаводорони мо-устодону омӯзгорон, кормандону бахшу соҳаҳои гуногунро, ки ба унвонии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ирсол шудаанд, пешниҳоди хонандаи гиромӣ мекунем.
Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон
— Касби омӯзгорӣ яке аз пешаҳои муҳимму муқаддас ва ояндасози ҷомеа буда, дар меҳвари асосии кори ӯ инсон, шуури инсон ва ояндаи башарият қарор мегирад.
Омӯзгор дар ҳар марҳила як рисолат дар назди худ дорад: тарбияи насли наврас, боандеша, донишманд, хушахлоқ, қонунписанд, машваратпазир, бунёдкор ва умуман, инсони комил. Яъне, ҳадафи аслии омӯзгор на як фард ё шахс, балки инсон ва ояндаи ҷомеаи инсонӣ мебошад. Маҳз бо ин вежагӣ ҳаққи устодро аз падар беш тавсиф намудаанд.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми омӯзгор шоиставу арзишманд буда, устодони асил ҳамеша нури басари миллат ва тоҷи сари ҷомеа ҳастанд. Ҳукумати мамлакат ҳам ҳамеша таваҷҷуҳро ба ин қишри тарбиятгари аҳли ҷомеа равона намуда, дар симои омӯзгорон рӯшангарони роҳи ояндаро мебинад.
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон низ давоми сиёсати созандаи Роҳбарияти олии кишвар буда, моро ба ин васила барои расидан ба қадри устод, азамату бузургии омӯзгор раҳнамун месозад. Аммо аз лиҳози мантиқ моро зарур аст, ки на танҳо эҳтирому эътибори омӯзгорро ба як рӯз маҳдуд намоем, балки ҳар лаҳзаву ҳар соату ҳар рӯз доир ба гиромидошт, бузургӣ ва шарофату шаҳомати устод андеша дошта бошему омӯзгорро муҳимтарин шахсият дар ҷомеаи худ қарор диҳем.
Биноан, имрӯз ва ҳар рӯзро барои устодон, омӯзгорон ва мураббиён хуҷаставу ҳумоюн мегӯям.
Сайёра РАҲМОНЗОДА,
омӯзгори МТУА №22, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
— Омӯзгорӣ яке аз муқаддастарин ва қадимтарин касбҳо дар таърихи инсоният мебошад. Аз оғози пайдоиши дониш ва фарҳанг то замони муосир, омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас нақши калидӣ ва сарнавиштсозро иҷро кардаанд. Хушбахттарин инсон ҳастам, ки имрӯз дар тарбияи насли наврас саҳм гузошта истодаам.
Бояд гуфт, ки омӯзгорӣ танҳо дар додани маълумоти фаннӣ маҳдуд намешавад. Ӯ вазифаи муқаддаси дигаре низ бар дӯш дорад, ки аз тарбия кардани инсони комил ибтидо мегирад. Ба ибораи дигар, омӯзгор на танҳо таълим медиҳад, балки инсон месозад.
Маҳз омӯзгор аввалин шахсест, ки ба кӯдак меомӯзонад, ки чӣ гуна андеша кунад, суол диҳад, посух ҷӯяд ва дар ҳаёт фаъол бошад. Ҳар табиб, муҳандис, сиёсатмадор ё олимро маҳз омӯзгор тарбия кардааст. Аз ин рӯ, омӯзгорро бо ҳақиқати том метавон асосгузори тамаддуни инсонӣ номид.
Мо вазифадорем, ки омӯзгоронро дастгирӣ кунем, ба кори онҳо арҷ гузорем ва ҳар рӯзу дар ҳар лаҳза ба қадри меҳнаташон бирасем.
Бо самимияти беандоза тамоми омӯзгорони кишвари азизамонро бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, ба онҳо тандурустӣ ва дастовардҳои нави илмӣ таманно дорам.
Наҷибулло РАБИЗОДА,
директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
— Рӯзи омӯзгорон ҷашнест, ки дар миёни дигар иду ҷашнҳои соҳавӣ мақому манзалати баланд дорад. Ин рӯз ба онҳое бахшида шудааст, ки бо қалби гарм ва сухани нарм машъали маърифатро фурӯзон медоранд ва бо заҳмати шабонарӯзӣ барои тарбияи насли донишманду ватандӯст талош мекунанд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, мақоми омӯзгор низ баланд бардошта шуд. Бунёди мактабҳо, афзоиши маош, воридсозии технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати таълим — ҳама самараи дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба омӯзгорон мебошанд.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ рӯ овардааст, омӯзгорон масъулияти бузургеро бар дӯши хеш гирифтаанд, то ки насли навро на танҳо бо дониш, балки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Рӯзи омӯзгорон рамзи эҳтиром ба инсонест, ки нури донишу маърифатро дар дилҳо меафканад. Омӯзгорон ояндаро месозанд, миллатро муаррифӣ ва бо садоқати беинтиҳо ҷомеаро ба сӯйи рушду тараққӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ин рӯ, бояд бо эҳтирому арҷгузорӣ ба устодон муносибат намоем ва саҳми онҳоро дар ҳама самтҳо қадр кунем.
Зинда бод, омӯзгори тоҷик — машъали маърифат ва тарбиятгари фарзандони бонангу номуси миллат!
Мунира МӮСОЕВА,
мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб
— Рӯзи омӯзгорон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки падидаест, ки аҳаммияти он басо бузургу мондагор аст. Ин рӯз рамзи қадршиносии ҷомеа аз заҳмати тулонӣ, пурмашаққат ва ҳамзамон, пурифтихори омӯзгорон аст. Омӯзгор шахсест, ки дар зеҳни кӯдак аввалин шуълаи маърифатро меафрӯзад, ба ӯ роҳу равиши зиндагӣ меомӯзонад ва ӯро ба камолоти ахлоқию зеҳнӣ мерасонад. Маҳз омӯзгор аст, ки шогирдонро ба роҳи илму дониш ҳидоят намуда, қалбашонро аз муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саршор месозад.
Дар ҷаҳони муосир нақши омӯзгор ҳамчун раҳнамо ва устоди маънавии насли ҷавон боз ҳам муҳимтар мегардад, зеро омӯзгор на танҳо дониши фаннӣ меомӯзонад, балки ҷаҳонбинӣ, тафаккури интиқодӣ ва арзишҳои инсониро дар зеҳни хонанда ташаккул медиҳад. Маҳз дар фаъолияти ӯ пояҳои маърифат, фарҳанг ва пешрафти ҷомеа гузоштаву устувор мегарданд.
Бо ифтихор ва самимият, ҳамаи омӯзгорони кишварро ба идашон табрик мегӯям. Орзу дорам, ки ҳамеша солим, саодатманд ва сарбаланд бошанд. Нури маърифати онҳо роҳи ояндаи наслҳои наврасро равшан гардонад ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша поянда монад.
Мирсаид ХОЛБОЕВ,
омӯзгори МТМУ №8, шаҳри Бохтар, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Воқеан, дар баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нақши омӯзгор бузургу мондагор мебошад. Дар ҳар ҷое, ки омӯзгор ҳузур дошта бошад, дар он макон гули маънӣ мешукуфад. Зеро рафтору кирдор ва симои омӯзгор тимсоли нури хуршед ҷомеаро равшанӣ мебахшад. Сарчашмаи тамоми пешрафти ҷомеа аз манзалати омӯзгор вобаста аст. Касби омӯзгорӣ, чунон ки аз номаш бармеояд, пурашараф буда, вазифаи аз ҳама муҳимро фаро гирифта, инсониятро тарбия менамояд ва илм меомӯзонад. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Имрӯз аз баракати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат бар он назаранд, ки «миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат доимо ва дар ҳама ҷо рӯ ба аҳли таълиму тарбия меоранд, бо онҳо суҳбатҳои озоду самимӣ меороянд, арзу ниёзашонро мешунаванд ва таъкид мекунанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ҳамеша омодаанд.
Аз минбари маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», ки маърифатгоҳи аҳли илму маориф аст, иди касбии омӯзгоронро ба тамоми ҳамкасбон самимона шодбош мегӯям ва дар фаъолияташон комёбиҳо таманно дорам!
Мусфира НАСРУЛЛОЕВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
— Аз қадим бузургони илму адаб ба устод, муаллим, омӯзгор эҳтироми хосса доштанд ва онҳо дар симои муаллим шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Мусаллам аст, ки мақоми омӯзгор ҳар қадар дар ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас ва хидмати содиқона ба Ватан бештар муваффақу комёб мешавад. Ҳавасмандкунии омӯзгорон ба фаъолияти босифати онҳо таъсир расонда, ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд. Хурсандиовар аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф, аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати омӯзгорон ба андозаи 30 % боз зиёд шуд.
Саҳми омӯзгор, муаллим, мураббӣ ва таълимдиҳандаи насли наврас дар тарбияи мутахассисони ояндасози миллат, пешбурду пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дар умум, ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст.
Муаллим устоди беҳтарин аст,
Сафобахшанда дар рӯйи замин аст.
Диҳад илму адаб бар насли наврас,
Бузургии муаллим дар ҳамин аст.
Бо ибрози ин мисраъҳои саршор аз меҳр Рӯзи омӯзгоронро ба тамоми ҳамкасбон муборакбод мегӯям. Бигзор, чароғи илму ирфон дар замири ҳар як фарди ин миллат аз фурӯғи меҳри муаллим фурӯзон бошад.
Беҳрӯз РАҶАБЗОДА,
мудири шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод
— Дар ҳар давру замон омӯзгорон дар ташаккули маънавӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии инсон нақши ҳалкунанда доштанд. Дар замони муосир низ нақши омӯзгор танҳо ба расонидани дониш маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамчун шахси масъул барои ташаккули ахлоқ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии насли наврас амал мекунад. Омӯзгорон арзишҳои фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии пешрафтаро ба насли оянда меомӯзонанд. Бинобар ин, омӯзгор бояд дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳи хос ва иззат бошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки “ҳеҷ кас бе омӯзгор на табиб мешавад, на муҳандис, на олим ва на роҳбар”. Ин андешаи амиқ нишон медиҳад, ки омӯзгор сарчашмаи пешрафти ҳамаи соҳаҳо аст.
Дар маҷмуъ, омӯзгор имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар маркази таҳаввулоти иҷтимоиву фарҳангии кишвар қарор гирифтааст. Арзишу эътибори ӯ дар байни мардум боло рафта, бо эҳтиром ва эътимоди хос пазируфта мешавад. Ҷомеаи мо ба ин табақаи муҳтарам ниёз дорад ва рисолати омӯзгорро ҳамчун калиди пешрафт ва инкишоф эътироф мекунад. Барои таъмини рушди устувори ояндаи кишвар, ниёз ба омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ватандӯст ҳамеша боқӣ мемонад. Ҷашн гирифтани Рӯзи омӯзгорон иқдоми некест, ки қадру манзалат ва мақому эътибори ин қишри ҷомеаро баланд мебардорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, Рӯзи омӯзгоронро ба тамоми аҳли маорифи кишвар табрик мегӯям. Бовар дорам, ки минбаъд низ омӯзгорони кишвар чун ворисони арзандаи фарзандони фарзонаи миллат дар ташаккули зеҳниву маънавии насли нав саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сардори шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
— Омӯзгор шахсияти муқаддасест, ки бо меҳри беинтиҳояш қалбҳоро равшан мекунад. Ӯ мисли шамъ месӯзад, то роҳи дигаронро равшан созад. Дар ҳар як суханаш илҳом аст, дар ҳар як нигоҳаш умед ва дар ҳар як қадамаш пайки фидокорӣ.
Ҳастанд касоне, ки сарват меҷӯянд, вале омӯзгор он касест, ки сарвати маънавиро ба ҷомеа мебахшад. Омӯзгорон бо сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва дониши густурда ояндаи миллатро месозанд.
Рӯзи омӯзгорон муборак, чароғи илму маърифат ҳаргиз хомӯш нагардад.
