Азизбек ЗУМРАТОВ,
омӯзгори фанни химияи Литсейи №3
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Дар ҳошияи татбиқи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025
Таълими муосири фанҳои табиӣ, аз ҷумла, химия, наметавонад бо василаи шарҳи назариявӣ маҳдуд бошад. Зеро барои ташаккули маърифати илмӣ, салоҳиятҳои таҳқиқотӣ ва зеҳни таҳлилгаронаи хонандагон муҳити таълимӣ таҷрибавӣ ва фаъол бояд бошад. Аз ҳамин ҷиҳат, кабинети фаннӣ ҳамчун муҳити махсуси омӯзиш нақши калидӣ дорад. Он на танҳо шароити баргузор кардани дарсҳои амалӣ ва намоиширо муҳайё мекунад, балки заминаи ташаккули тафаккури илмӣ ва малакаҳои муҳандисию таҳқиқотии хонандагонро фароҳам месозад.
Бо дарки ин зарурат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори №114, аз 3 апрели соли 2021, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025-ро ба тасвиб расонид. Барномаи мазкур ҳамчун як қадами муҳимми стратегӣ ба рушди таълими амалии фаннӣ ва баландбардории сифати омӯзиш дар саросари кишвар нигаронида шудааст.
Химия фаннест, ки на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба таҷриба ва мушоҳида асос меёбад. Агар хонанда танҳо қоидаҳо ва баробариҳоро аз китоб хонад, аммо имкони дидан, андеша ва таҷриба карданро надошта бошад, омӯхтани фан маънои амиқи амалиро гум мекунад. Кабинети фаннӣ ба хонанда имкон медиҳад:
— раванди химиявиро дидаю таҷриба кунад;
— робитаи назария бо амалияро эҳсос намояд;
— салоҳияти ҳаётӣ ва илмӣ (таҳлил, мушоҳида, хулосабарорӣ, бехатарӣ) инкишоф ёбанд.
Баъзе мисолҳои таҷрибаҳои одии кабинетӣ метавонанд, чунин бошанд:
— Ҳосил кардани газҳо ва муайян кардани хосияти онҳо (O₂, CO₂, H₂);
— Тафриқаи моддаҳо бо усулҳои хроматография ва дистилятсия;
— Гузаронидани реаксияҳои индикаторӣ ва муайянсозии муҳити моддаҳо (pH);
— Тайёр кардани маҳлулҳо бо консентратсияҳои гуногун ва чен кардани онҳо.
Барои он ки дар кабинети фаннӣ босамар кор кунем, зарур аст, ки он ба як қатор талаботи муайяни таълимӣ ва техникӣ ҷавобгӯ бошад:
- Таҷҳизоти техникӣ ва лабораторӣ: низоми таълимии фаннӣ бояд бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои ченкунӣ, реактивҳо ва лавозими омӯзишӣ таъмин бошад.
- Амнияти техникии кабинет: ҳузури воситаҳои хомӯшкунии оташ, системаи хуби вентилятсия, қоидаҳои истифодаи таҷҳизот ва дастрас будан ба лавозими муҳофизатӣ барои ҳар як хонанда ва омӯзгор.
- Муҳити мусоиди таълимӣ: кабинет дорои равшании кофӣ, ҳарорати мувофиқ ва ҷойи нишаст бо тарҳи эргономикӣ (тарҳест, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷисмонӣ ва зеҳнии инсон) бошад, ки шароити хуб барои дарсгузаронӣ фароҳам меорад.
- Дастрасии иттилоотӣ: муҷаҳҳаз будани кабинет бо воситаҳои рақамӣ, компютер, проектор, шабакаи интернет ва лавҳаҳои электронӣ.
- Маводди таълимии визуалӣ ва методӣ: ҳузури плакатҳо, схемаҳо, дастурамалҳо ва кортҳои таълимӣ барои дарки хуби мавзуъ аз ҷониби хонандагон.
- Низоми муназзами нигоҳдорӣ ва барӯйхатгирии таҷҳизот: ҳар як таҷҳизот бояд дар ҷойи муайян нигоҳдорӣ шуда, бо воситаи дафтари барӯйхатгирӣ назорат шавад.
Муҳим он аст, ки кабинет на танҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва муосир таъмин шавад, балки он бояд самаранок ва мақсаднок идора гардад.
Барномаи давлатии мазкур, ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, илмӣ, таълимӣ ва иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафҳои зеринро фаро мегирад:
— Муассисаи таълимиро бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин намудан;
— Баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон дар истифодаи таҷҳизоти муосир;
— Фаъолгардонии таҳқиқоти илмӣ ва лоиҳавии хонандагон дар муҳити лабораторӣ.
Баҳри иҷрои барнома дар бисёр мактабҳо кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизоти нав — тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои озмоишӣ ва проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Барномаи таълимии нави фанни химия, ки дар заминаи салоҳият асос ёфтааст, на танҳо ба омӯзиши донишҳои назариявӣ таваҷҷуҳ мекунад, балки ба рушди малака ва қобилиятҳои амалӣ ва иҷтимоии хонанда низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар асоси ин барнома, аз хонандагон талаб карда мешавад:
- Малакаи гузаронидани таҳқиқот ва мушоҳидаи илмӣ дошта бошанд, яъне, тавонанд мушкилотро муайян намуда, фарзия пешниҳод кунанд, таҷриба гузаронанд ва натиҷаҳоро таҳлил намоянд;
- Бо воситаҳои ченкунӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ дуруст ва бехатар кор карданро омӯзанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, донишҳои назариявиро ба таҷриба татбиқ кунанд ва ба равандҳои илмӣ наздик шаванд;
- Дар муҳити гурӯҳӣ фаъолона ширкат варзида, фикри худро иброз намоянд ва дар муҳокимаву баҳсҳо иштирок кунанд;
- Қоидаҳои бехатарӣ ва масъулиятшиносиро дар ҳама гуна фаъолиятҳои амалӣ риоя намоянд, зеро ин ҷузъи муҳимми таълими фанни химия буда, амнияти шахсӣ ва ҷамъиятиро таъмин мекунад.
Кабинети фаннӣ ҳамчун муҳити махсуси таълимӣ на танҳо ҷойи баргузории дарсҳои назариявӣ мебошад, балки фазое фароҳам меорад, ки дар он ҳамаи малакаҳои зикршуда — аз таҳқиқот ва мушоҳида то кори амалӣ бо таҷҳизот, ибрози андеша дар муҳити гурӯҳӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ — дар ҳамгироӣ ва ҳамбастагӣ инкишоф меёбанд. Ин гуна муҳит имкон медиҳад, ки омӯзиш бо таҷриба пайваст гардад ва салоҳиятҳои асосии фаннӣ дар амал ташаккул ёбанд.
Нақши омӯзгор дар истифодаи самараноки кабинети фаннӣ хеле муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. Ӯ на танҳо роҳбари равандҳои таълимӣ, балки кафили амният ва рушди салоҳиятҳои хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, аз омӯзгор иҷрои як қатор вазифаҳои калидӣ талаб карда мешавад:
— ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ ба таври ҳадафманд ва системавӣ, ки дар он ҳар як амал бо мақсад, мазмун ва натиҷа ҳамоҳанг карда шуда, ба рушди тафаккури таҳқиқотии хонандагон мусоидат менамояд;
— таъмини амнияти ҷисмонӣ ва равонии хонандагон ҳангоми фаъолият дар кабинет, ки тавассути риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ ва назорати доимии муҳити таҷрибавӣ амалӣ мегардад;
— бо истифода ва нигоҳдории дурусти таҷҳизот ва лавозими таълимӣ, ки ҳам ба самаранокии дарс ва ҳам ба дарозумрии захираҳои техникӣ таъсир мерасонад;
— ҷалби хонандагон ба лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмунҳои фаннӣ, бо мақсади ташаккули малакаҳои эҷодӣ, озодандешӣ ва муҳаққиқона;
— ворид намудани усулҳои муосири таълим, аз қабили усули таҳқиқотӣ, кори гурӯҳӣ ва таълими ҳамкорӣ ба ҷараёни дарс, ки муҳити фаъоли таълимиро фароҳам меорад ва ҳисси масъулиятшиносӣ, мубодилаи афкор ва ҳамбастагиро дар байни хонандагон тақвият мебахшад.
Бо вуҷуди тадбирҳои ҷиддӣ ва дастгирии сатҳи давлатӣ ҷиҳати рушди кабинетҳои фаннӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир, ҳанӯз ҳам бархе мушкилот ба назар мерасанд, ки метавонанд, ба сифати таълим таъсир расонанд:
— норасоии мутахассисони фаннӣ ва омӯзгорони дорои малакаи кор бо таҷҳизоти лабораторӣ ва рақамӣ дар баъзе муассисаҳои таълимӣ, ки боиси истифодаи маҳдуди имконияти техникии кабинети фаннӣ мегардад ва самаранокии дарсҳоро коҳиш медиҳад;
— маҳдуд будани дастрасӣ ба моддаҳои химиявии зарурӣ барои гузаронидани таҷрибаҳо дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар навбати худ татбиқи пурраи барномаи таълимии амалиро мушкил месозад;
— кофӣ набудани дастурҳои методӣ ва роҳнамоҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон вобаста ба истифодаи таҷҳизоти нави фаннӣ, ки боиси душвориҳо дар омодасозии дарсҳои таҷрибавӣ ва таълими таҳқиқотӣ мегардад.
Роҳҳои ҳалли эҳтимолӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии дарсҳои амалии фаннӣ ва беҳтарсозии фаъолияти кабинетҳои таҷрибавӣ метавонанд, чунин бошанд:
- Ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон дар кабинетҳои таҷрибавӣ, ки дар он омӯзгорон метавонанд, донишҳои амалӣ ва методии худро тавассути омӯзиши усулҳои муосири тадрис, истифодаи таҷҳизоти лабораторӣ ва технологияи нав афзоиш диҳанд. Ин курсҳо бояд бо дарназардошти ниёзҳои амалии омӯзгорон ва бо иштироки мутахассисони варзида ташкил карда шаванд.
- Таҳия ва интишори маҷмуаҳои методӣ ва дастурҳои амалӣ, ки барои дарсҳои амалии фаннӣ дар кабинетҳои таҷрибавӣ роҳнамо бошанд. Ин маҷмуаҳо бояд фарогири таҷрибаҳои беҳтарин, роҳҳои ташкили озмоишҳо, тарзи истифодаи воситаҳои техникӣ ва тавсияҳо барои арзёбии фаъолияти хонандагон бошанд.
- Ҷалби шарикони ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои дастгирии молиявӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, таъмини онҳо бо лавозими озмоишӣ, реактивҳо, асбобҳои аёнӣ ва технологияҳои муосир.
- Мубодилаи таҷриба миёни омӯзгорон тавассути баргузор намудани семинарҳои илмӣ-амалӣ, вебинарҳо, форумҳои касбӣ ва таъсиси марказҳои омӯзишии фаннӣ. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки омӯзгорон таҷриба ва навовариҳои худро муаррифӣ кунанд, аз таҷрибаи дигарон баҳра баранд ва шабакаи мутақобилаи касбиро тақвият бахшанд.
Дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҳамасола дар охири соли таҳсил озмуни дохилимуассисавии “Беҳтарин кабинети фаннӣ” гузаронида мешавад. Ин озмун дар ибтидо дар сатҳи шаҳрӣ низ аз тарафи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор мешуд, вале мутаассифона, аз соли 2011 ба ин тараф баргузор намегардад. Ман ифтихор дорам, ки соли 2010 дар ин озмун иштирок карда, ҷойи аввалро соҳиб шудам.
Таҷрибаи озмун нишон медиҳад, ки он як ангораи амалии татбиқи барномаи давлатӣ мебошад. Озмунҳо ба рушди завқи эҷодӣ ва таҳқиқотии омӯзгорон, таҷрибаандӯзии хонандагон, ҷорӣ намудани навовариҳо дар таълими химия, нигоҳдорӣ ва самаранокии истифодаи таҷҳизот ёрӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, барқарор намудани Озмуни шаҳрии “Беҳтарин кабинети фаннӣ” метавонад як омили муҳим барои афзоиши сифат ва татбиқи пурсамари барномаи давлатӣ гардад. Бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва муассисаи таълимии мо, чунин пешниҳодҳо метавонанд татбиқи барномаро боз ҳам беҳтар намоянд:
— Тамдиди муҳлати Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои панҷ соли оянда (2026–2030).
— Барқарор кардани Озмуни шаҳрии “Беҳтарин кабинети фаннӣ”.
— Ҷорӣ намудани рейтинги миллӣ барои кабинетҳои фаннӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— Омодасозии дастурҳои методии муосир барои истифодаи таҷҳизоти кабинетӣ.
— Ҷалби шарикони иҷтимоӣ ва донорҳои таълимӣ ба барномаҳои муҷаҳҳазсозӣ.
Бовар дорам, ки тамдиди ин барнома барои панҷ соли дигар имкон медиҳад, ки муассисаҳои таълимии кишвар пурра ба талаботи асри XXI мутобиқ гарданд ва таълими фаннӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад.
Хулоса, кабинети фаннӣ барои таълими фанни химия на танҳо як муҳити физикӣ бо таҷҳизоту лавозими зарурӣ, балки як фазои тарбиявӣ ва эҷодӣ мебошад, ки имконияти васеъро барои рушди тафаккури илмӣ, малакаҳои таҳқиқотӣ ва ҷаҳонбинии хонанда фароҳам месозад. Бо татбиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 таҳкурсии мусоиди омӯзиши фанҳои бунёдӣ фароҳам шудааст.
Дар ин замина, вазифаи ҳар як омӯзгори фанни химия он аст, ки бо истифодаи созандаи ин имконот ба таҳкими раванди таълимӣ мусоидат намуда, хонандаро на танҳо ҳамчун гирандаи дониш, балки ҳамчун муҳаққиқи ҷавон, эҷодкор ва иштирокдори фаъоли ҷараёни омӯзиш тарбия намояд. Танҳо дар ин сурат метавон ба мақсади асосии таълим — ташаккули салоҳиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва амалии насли наврас ноил гашт.
