Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии об дар тамоми кишварҳо буда, аз лиҳози ҳикмати табиат, пиряхҳо неъмати асосии сайёраи Замин ҳисобида мешаванд. Чунки об на танҳо манбаи рушди инсон, балки тамоми махлуқоти рӯйи замин, инчунин, пешрафту рушди иқтисодиёти тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Имрӯзҳо вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасоии оби ошомиданӣ мушоҳида мегардад. Аз рӯйи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид дар кураи Замин аз норасоии оби ошомиданӣ ҳамасола 4,5 миллион одамон ҳалок гашта, 1 миллиарду 200 миллион  нафар ба маризиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар ҷаҳони имрӯза об аз як захираи одӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Он рӯз дур нест, ки об мавқеи нафту газро, ки калиди танзимкунандаи сиёсати имрӯзаи ҷаҳониянд, иваз намояд. Бармалост, ки об як ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гаштааст. Аз ин лиҳоз, кишварҳои дорои захираҳои бойи обӣ кӯшиш менамоянд, ки пиряхҳои худро ҳифз кунанд.

Яке аз чунин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар кӯҳҳои баланди он захираи фаровони пиряхҳо мавҷуд аст. Рушди иқтисодии Тоҷикистон низ аз об вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои муассир анҷом додаанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист, бо пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об саҳми арзандаи худро гузорад.

Ин иқдомҳои шоиста Ватани моро дар арсаи олам ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти сайёра оид ба масъалаи об муаррифӣ намудааст. Ҳанӯз 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва дар масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда, зикр карда буданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад».

Пешвои миллат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии иқлим маънидод карда, таъкид намуданд: «Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани пиряхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд». Сарвари давлат оид ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон низ андешаронӣ карданд, ки «вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст».

Бо дарназардошти ин мушкилоти глобалии сайёра, аз тарафи Президенти кишвар пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (14.12.2024) ин пешниҳоди Пешвои миллатро қабул намуд.

Ташаббусҳои Сарвари кишвари мо доир ба дипломатияи об, ки солҳои ахир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ ёфтаанд, инҳо мебошанд:

— Эълон гардидани «21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

— Эълон шудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— Дар соли 2025 доир кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Ин иқдомҳо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои обу пиряхҳо заминаҳои мусоидро фароҳам намуд. Айни замон дар Осиёи Марказӣ бо гармшавии иқлим, кам шудани боришот ва дигар тағйирот захираи пиряхҳо кам шудааст. Дар ин минтақа ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки беш аз 60%-и онҳо дар ватани мо ҷойгиранд. Тибқи маълумот дар Тоҷикистон 14000 пирях ба ҳисоб гирифта шуда, майдони умумии онҳо 8476, 2 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Пиряхҳо, асосан, дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, дар давоми сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мегардад ва тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ аз он истифода менамоянд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон: Панҷ, Вахш, Сирдарё ва Зарафшон низ аз пиряхҳо ибтидо мегиранд.

Дар Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин, аз қабили Ванҷях (651,7 км2), Грумм Гржимайло (143 км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд, дар қуллаҳои баландтарини Тоҷикистон — Исмоили Сомонӣ (7495 м) ва Абуалӣ ибни Сино (7134 м) ҷойгир мебошанд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон: Муғсу – 1004 пирях, Бартанг – 269 пирях, Қизилсу (Шимолӣ) – 280 пирях, Ғунд – 1349 пирях, Мурғоб – 879 пирях, Зарафшон – 1227 пирях, дар ҳавзаи дарёи Хингоб – 756 пирях мавҷуданд.

Раванди гармшавии сайёра ба обшавии ин пиряхҳо низ таъсир гузоштааст. Дар зарфи 50 соли ахир майдони пиряхи Ванҷях то ба якуним километр ва пиряхи Гармо то ба 7 километр коҳиш ёфтааст ва аз 14 ҳазор пирях 1000 адади он пурра нобуд гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми навбатии солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар дастур доданд, ки “бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи миллии илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад”.

Ба таъкиди Пешвои миллат дар шароити кунунӣ мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкони мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводди ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имконро барои рушди соҳаи кишорварзӣ сафарбар созем.

Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳамзамон, таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устувор барои суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳои илмӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.

Дар маҷмуъ, Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад.

Албатта, қабул ва пазироии ташаббуси навбатии Тоҷикистон мо – тоҷиконро хушҳол намуда, ҳар як фарди пойбанд ба илму адабро зарур аст, ки сари татбиқ ва амалинамоии ин иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат кӯшишу талош намуда, баҳри иҷрои саривақтии он тадбирҳои муайяну мушаххасро ба иҷро расонем.

Салтанат МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №65-и ноҳияи Рӯдакӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *