Таҳияи Ҷ. САЙФУДДИН
Муаллиме нақл мекунад: Дар мактаби ибтидоӣ дарс медодам. Муддате буд, бачаҳоро барои як маҳфиле омода мекардам. Падару модаронашнро ҳам даъват карда будам. Бо бачаҳо чандин маротиба тамрин кардем. Ҳама хуб буд.
Маҳфил шуруъ шуд. Ногаҳон духтаре аз ҷамъи бачаҳо ҷудо шуду ба ҷойи хондани суруди якҷоя ба ҳаракатҳои ҳархела шуруъ кард. Дасту по меҷунбонд ва худашро ақибу пеш мебурд ва ҳаракатҳои аҷибе анҷом медод. Дигар бачаҳо ҳам сурудро мехонданд ва ҳам механдиданд. Каме монда буд, ки ба хотири хандаашон ҳама он чизе, ки омӯзонда будам, барбод равад. Ба худ гуфтам: Чаро ин духтар чунин мекунад? Чаро аз рафтораш шарм намедорад? Ин ки қаблан дар мактаб духтари оқила ва намунаи хубе дар байни бачаҳо буд.
Рафтам рӯ ба рӯяш ва ба сӯяш ишора кардам. Гӯё маро нафаҳмид. Ҳамон қадар асабониям кард, ки ҳатто, оби даҳонамро наметавонистам қурт диҳам. Базӯр худамро идора кардам ва оромона пешаш рафтам. Аммо ӯ дуртар рафту ҳамоно чунин нағмаҳояшро идома медод. Саҳна пур аз одам буд, ҳама механдиданд. Нигоҳам ба директори мактаб афтод, рангаш иваз шуда буд. Аз асабоният ва шарм аз сару рӯяш арақ мерехт. Аз ҷояш бархосту ба наздам омада, сарашро наздик овард ва бо ғазаб гуфт:
— Чаро ин духтар чунин мекунад?
Ман ҷавобе надоштам. Модари духтар дар канорам буд. Аз таҳи дил механдид ва пештар рафта, кафкӯбӣ мекард. Духтарак ҳам бо ташвиқи модар гармтар аз пештар шуда буд. Ҳамин ки суруд тамом шуд, бо қаҳр ба саҳна рафтаму бозуи духтарро гирифтам ва гуфтам:
— Чаро ин коро кардӣ? Чаро бо рафиқонат суруд нахондӣ?
Духтарак ҷавоб дод:
— Охир, модарам инҷост, барои модарам ин корро мекунам!
Ман, ки сахт ғазабнок будам, гуфтам:
— Охир намебинӣ, ҳама мисли ту падару модарҳояшон инҷо ҳастанд? Чаро онҳо чунин накарданд ва худро мисли ту шарманда насохтанд?
Дидам, ки дар чашмонаш ашк пайдо шуд ва гуфт:
— Муаллим, сабр кунед, бигзор, модарам хабардор нашаванд. Модари ман мисли дигар модарҳо нест. Модари ман кару лол аст. Намешунавад ва ман бо ҳаракатҳоям ҳисси шодмонӣ ва калимоти зебои сурудро барояш мефаҳмондам, то ӯ ҳам мисли ҳама модарон шодиро ҳис кунад. Ин кору ҳаракатҳои ман рақсу пойкӯбӣ набуд, ин забони ишора аст, забони кару лолҳо — забони қалби модарам.
Ҳамин ки ин суханонро гуфт, мисле ки зонуҳоям карахт шуд. Худамро дошта натавонистам. Духтаракро дар оғӯш гирифта, дар ҳоле, ки ашкам мерехт, ба ӯ таҳсин гуфтам:
— Офарин, духтарҷон! Ту беҳтарини ин саҳна будӣ.
Модараш, ки дар як кунҷи саҳна менишаст, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Як лаҳза ҳама хомӯш монд. Ба гӯши ҳамдигар гап мезаданд ва сипас, ҳама кафкӯбӣ карданд. Чун ҳама аз вазъ огоҳ шуданд, мисли ман зудқазоваткардаҳо ба гиря даромаданд.
Аз ҳама ҷолибтар ин ки директор омада, унвони донишомӯзи намунавиро ба ӯ тақдим намуд. Духтарак дасти модарашро гирифта, пеш-пеши модараш ҷасту хез мекард, то модарашро шод кунад.
Дарси ин ҳикоя ин аст, ки зуд асабонӣ нашавем. Сабр дошта бошем ва барвақт қазоват накунем!
