Дилноза АҲМАДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

Рушди зеҳнии насли наврас яке аз омилҳои калидии ташаккули ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши рақобати байналмилалӣ сатҳи тафаккури насли наврасу ҷавон на танҳо ба ояндаи шахсии онҳо, балки ба пойдории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, таҳқиқи омилҳо, роҳҳо ва механизмҳои дастгирии рушди зеҳнии наврасон барои аксари давлатҳои ҷаҳон аҳаммияти стратегӣ дорад [7].

Таваҷҷуҳи доимии давлат тавассути сохторҳои дахлдор ба масъалаи рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ҳамчун як системаи стратегӣ ва ҳамоҳангшуда равона гардида, таъмини таълими босифат, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии хонандагони лаёқатманд ва фароҳам овардани муҳити созандаву илҳомбахш, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо равона шудааст, самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар меҳвари фаъолияти давлат қарор дода шудааст. Ин равиш танҳо ба интиқоли донишҳои анъанавӣ маҳдуд намешавад, балки ба ташаккули тафаккури интиқодӣ ва эҷодкорона, тавоноии таҳлили мустақилонаи иттилоот, малакаи қабули қарорҳои дуруст ва қобилияти мутобиқшавӣ ба ҷаҳони босуръат тағйирёбанда мусоидат менамояд. Дар чунин замина, тамоми талошҳо бар он равона карда мешавад, ки кӯдак як шахсияти соҳибистеъдод, худшинос ва дорои ҷаҳонбинии фарогир ташаккул ёбад. Ҳадаф аз ин раванд на танҳо баланд бардоштани сатҳи маърифат, балки омода сохтани насли нав барои зиндагӣ дар ҷомеаи муосир аст, ки дар он донишу эҷодкорӣ арзиши олӣ доранд. Ин равиши фарогир ба кӯдакон ва наврасон имкон медиҳад, ки тавоноиҳои зеҳниву эҷодии худро пурра истифода баранд, дар худ ҳисси масъулият, иродаи мустақил ва қудрати навовариро рушд диҳанд.

Татбиқи самараноки ин сиёсати давлатӣ ба ташаккули насли аз лиҳози зеҳнӣ пуриқтидор, ки метавонад арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар ҳамбастагӣ ҳифз карда, дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазир гардад, заминаи устувор мегузорад. Ҳамин тариқ, сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Насли аз лиҳози зеҳнӣ ташаккулёфта рушди устувори ҷомеаро таъмин мекунанд, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии онро тақвият мебахшанд ва насле ба камол мерасад, ки на танҳо барои муваффақияти касбӣ омода аст, балки барои фаҳмиши амиқи мушкилоти замони муосир дар ҳалли эҷодкорона ва маърифатии вазифаҳои мураккаб низ қобилият дорад.

Воқеан ҳам, рушди зеҳнии насли наврас на танҳо масъалаи шахсӣ, балки омили муҳимми рушди устувори миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Давлатҳое, ки ба рушди зеҳнӣ таваҷҷуҳ мекунанд, дар оянда метавонанд иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, ҷомеаи таҳаммулгаро ва сиёсати устуворро таъмин намоянд. Ҳамин тавр, сармоягузорӣ ба зеҳни насли наврас сармоягузорӣ ба ояндаи инсоният аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017, баён доштанд, ки «барои давлат миллати солим, мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад» [1].

Дар робита ба ин, тадбирҳо ва татбиқи самараноки ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин, таваҷҷуҳи асосӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дар мамлакат, фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои хонандагон, бахусус, кӯдакони лаёқатманд буда, ба ин васила, истеъдодҳои наврасу ҷавон кашф ва тарбия карда мешаванд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа аҳаммияти хосса медиҳад [2].

Махсусан, дар даврони истиқлоли кишвар, маҳз дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои такмил додани соҳаи маориф ислоҳоти соҳа ба роҳ монда шуд, ки сиёсати бонизом ва босуботи таҳсилотро дар ҷомеа фароҳам овард. Аз ҷумла, бунёд, таъмиру тармими мактабҳо, таҷҳизонидани онҳо бо маводи зарурии хониш, нашри китобҳои дарсӣ, таъсиси таълимгоҳҳои типи нав, ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва пешрафтаи таълим татбиқ шуданд. Зеро ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилот ба инкишофу тараққиёти босубот ва устувори ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд ва нақши илму маориф барои таълиму тарбияи насли солим, шахси фаъолу созанда ва эҷодкор бисёр бузург мебошад.

Таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ислоҳоти меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф боис гардид, ки тамоми ҷанбаҳои соҳаи маорифи кишвар дар доираи татбиқи амалӣ ва босифати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», «Дар бораи Парки технологӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зериқонунӣ ба низом дароварда шуданд.

Таҳкурсии ҳуқуқии таҳкими санадҳои меъёрӣ оид ба тарбияи насли созандаю бунёдкор, иттилоотикунонии ҷомеа ва самтҳои идоракунии таъсири он баҳри тарбияи солими насли наврасу ҷавон ва тарбияи ғоявӣ, миллӣ, ахлоқию маънавӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, иқтисодӣ, инчунин, асосҳои иқтисодии тайёр намудани сармояи инсонӣ дар низоми тарбияи насли наврас равона карда шуда, баҳри рушди фарҳангу маданияти миллӣ, таърих, забон, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамояд [4].

Хидматрасонӣ ва тадбирандешӣ дар самти рушди ҳамаҷонибаи кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакон, таъмини босифати таҳсилоти томактабӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот, таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди зеҳнии насли ояндасози кишвар қадами устувор гузошт.

Бахусус, бо таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди таълимӣ ба вуҷуд оварда шуд [6]. Ин марказҳо ба муайян кардани кӯдакони боистеъдод ва ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр кардани онҳо мусоидат намуда, дар шаҳру деҳот бо синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ таҷҳизонида шудаанд.

Дар тули фаъолияти марказҳо 650 маҳфил (шуъба)-и омӯзишии мавзуӣ ва фарҳангӣ аз рӯйи 24 намуди фаъолият таъсис дода шуданд, ки онҳо 9610 хонандаро дар бар гирифтанд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мустаҳкам кардани ҳаракати олимпӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳо барои рушди тафаккури мантиқии хонандагон мусоидат намуда, бо фаъол гардонидани мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин, олимпиадаҳои нави техникӣ дар тамоми кишвар ба ҳаракати олимпӣ тавсеа мебахшад.

Дар заминаи фаъолияти марказ хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Таиланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Венгрия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Узбекистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ бо хонандагони дигар давлатҳо қувваозмоӣ карда, ба пирӯзиҳои назаррас соҳиб гаштанд. Дастовардҳои чашмгири сол ба соли хонандагон натиҷаи татбиқи босамари ин ислоҳот дар соҳаи маориф мебошад, ки ба таври доимӣ зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ташаккули зеҳнии насли наврас дар баробари амалӣ намудани сиёсати созандаву дурбинона дар соҳаи маориф, инчунин, бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «»Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» ва сарпарастии озмунҳои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат барои таҳкими неруи институтсионалии кишвар ва рушди сармояи инсонӣ ҳамчун ҳадафи дурнигарона заминаи устувор гузошта истодааст.

Озмунҳои ташаккулдиҳандаи қобилияти зеҳнии насли ояндасози кишвар бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Дар ҷараёни баргузории озмунҳои мазкур ба мавзуъҳои ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад [5].

Инчунин, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба масъалаи маърифатнокии насли наврасу ҷавон ва рушди эҷодиёти техникии онҳо равона карда шуда, баргузории ҳамасолаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷиҳати дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод дар риштаи илмҳои бунёдӣ, риёзӣ ва дақиқ ва татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намуда истодааст [3].

Таҳлили вазъи ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули ҳафт соли охир баръало нишон дода истодааст, ки дар заминаи иштироки фаъолона дар ин озмунҳои зеҳнӣ насли воқеан лаёқатманду соҳибистеъдод, ворисони арзандаву шоистаи шахсиятҳои фарзонаву донишманди халқи тоҷик, дорандагони донишҳои гуногуни муосир, донандагони техника ва технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ ва аз ҳама муҳим, насли дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ комилан ташаккулёфта ба камол расида истодаанд, ки бо мурури давру замон нафъи онҳо барои ободии давлату пешрафти ҷомеа гузошта мешавад.

Маҳз ин тадбири дурбинона ҳамчун дурнамои рушди давлат то соли 2030 муайян карда шуда, таҳкими неруи институтсионалии кишвар ва рушди сармояи инсонӣ самти афзалиятнок барои таҳкими низоми давлатдории миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ муқаррар карда шудааст.

Ин тадбири дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули артиши бузурги дорои иқтидори зеҳнӣ дар ҷомеа заминаи устувор гузошт, зеро ояндаи ҳар як кишвар аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва неруи эҷодии насли наврас вобастагӣ дорад.

Талошҳои давлат ва Ҳукумати кишвар бо амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаи маориф, тадбирҳо дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии шаҳрвандон, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ва тадбирҳои амалӣ оид ба рушди неруи зеҳнии кишвар собит менамоянд, ки дастгирии кӯдакону наврасони лаёқатманду соҳибистеъдод дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус дошта, эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат нисбат ба ин қишри донишманду закии ҷомеа бузург мебошад.

Дар марҳилаи таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҷанбаҳои фаъолияти насли наврасу ҷавони кишвар, аз ҳама муҳим тарбияи онҳо дар руҳияи меҳандӯстӣ, омодасозии ҷавонон дар ҳифзи марзу буми кишвар, роҳнамоӣ ва ҳидояти ин насли ояндасоз бо мақсади муҳофизати сулҳу ваҳдати миллӣ, оромӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ вазифаи муҳимтарин мебошад.

Дар баробари шинохти бартарияту афзалиятҳо ва хавфу хатарҳои навин ба амният, хусусан, дар замони пойдории соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ омӯхтани тамоми ҷанбаҳои сиёсати давлатӣ дар бораи таҳкими рушди зеҳнии насли наврасу ҷавон бо дарназардошти суръати баланди ҷаҳонишавӣ ва ба таври доимӣ таҳлили ҳамаи равандҳои мусбат ва манфии таъсиррасон ба он, тазодҳои мавҷудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ислоҳоти саривақтӣ ва таҳияву амалӣ намудани санадҳои дахлдори сиёсӣ ва меъёрии ҳуқуқии муайянкунандаи самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои татбиқи босамари онҳо ҷиҳати рушди зеҳнии насли ояндасози кишвар ҳадафҳои калидӣ мебошанд, ки ба таври доимӣ зери таваҷҷуҳи сиёсати ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

 

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри 2017. www.president.tj.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №7, мод. 532; соли 2014, №3, мод. 156; №7 қ.2, мод. 422; соли 2016, №3, мод. 148; №7, мод. 624; соли 2017, №7-9, мод. 581; соли 2018, №5, мод. 278; соли 2020, №12, мод. 912; соли 2021, №12, қ.2, мод. 706; соли 2022, №7, мод. 447 соли 2023, №11, мод468; соли 2024, №1-2, мод.20, мод.21; №3-4, мод.156; №5-6, мод.263, мод.264.
  3. Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2021, №210 тасдиқ шудааст.
  4. Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор. /Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ. Хуҷанд: “Дабир”, 2021. – 492 с.
  5. Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», замимаи 1 ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-709.
  6. Сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон www.maorif.tj, Е-mail: mort@maorif.tj. Ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо.
  7. ЮНЕСКО. (2021). Education for Sustainable Development Goals. Paris.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *