Боғбони насли инсонӣ бувад,

Равшанибахши раҳи тори башар,

Ӯ биомӯзад ману моро адаб,

То шавем огоҳ аз ҳар хайру шар.

 

 Офарин бар ҳимматат, омӯзгор,

 Доимо бошад ба комат рӯзгор!

 

 

 

 Эй накукирдор пири раҳнамо,

 Дасти мо бигрифта, ҳарф омӯхтӣ,

 Сӯхтӣ дар роҳи тадрису адаб,

 Дар дили мо шавқи илм афрӯхтӣ.

 

 Машъалафрӯзӣ ту, эй омӯзгор.

 Доимо бошад ба комат рӯзгор!

 

 

 

 То ҷаҳон боқист, монад ҷовидон

 Номи ту дар сархати лавҳи башар.

 Эй муаллим, устод, омӯзгор,

 Ҷаври ту болост аз меҳри падар.

 

 Ин таманно баҳри туст, омӯзгор,

 Доимо бошад ба комат рӯзгор!

 

Ҷаҳони АНДЕША

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *