Санавбар ШАРИФОВА,

ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф

ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон бузургоне зода шудаанд, ки барои ҳифзи таъриху маданият, фарҳангу санъат, пойдории давлату бақои миллати хеш ҷони худро кафи даст гирифта, хидматҳои шоён намуда, номи неки худро дар саҳфаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд.

Хушбахтона, барои халқу миллати тоҷик ҳам дар як вазъияти басо мушкил, дар рӯзҳое, ки ҳастию бақои давлати тозаистиқлол бо дасисаю фитнаҳои душмани хориҷӣ зери хатари нобудшавӣ қарор дошт, абармарде, сиёсатмадори пурталоше дар симои Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи майдони сиёсат омада, заврақи шикаста ва дар тӯфони пурталотум ғарқшавандаро ба соҳили оромишу осоиш, якдилию бародарӣ ва умеду орзуҳои деринаи ин халқи куҳанбунёд расониданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ҳалли низои тоҷикон ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар ба таҳқиқи бевоситаи таърихи халқи тоҷик пардохтанд. Асарҳои арзандаву мондагорашон — «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Назаре ба таърих ва фарҳанги ориёӣ», «Аз Ориён то Сомониён», «Уфуқҳои Истиқлол», «Чеҳраҳои мондагор», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам» ва ғайра, дар байни аҳли илми дохил ва хориҷи кишвар мавриди алоқамандӣ ва пазироӣ қарор гирифтаанд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин собитқадамона ба пеш ҳаракат мекунад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсатҳои бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ пойдевори давлатдории миллиро қавӣ намуда, ба сӯйи фардои боз ҳам осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Бояд зикр намуд, ки таблиғи арзишҳои маънавии халқи тоҷик дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат ба ин маънӣ чунин гуфтаанд: «Мо бояд аз умқи таърих шуъла бардорем, на ин ки хокистар».

Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда, дар натиҷаи мутолиаи онҳо ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва ба арзишҳои милливу умумибашарӣ таълим додану тарбия кардани фарзандон, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мебошад, ки барои ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо мусоидат менамояд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шудааст, ки мисоли барҷастаи он пазироии пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки халқи тоҷик таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул дошта, бо муборизаҳои амиқу иродатмандона давлатҳои мустақили Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён ва амсоли инҳоро дар ҳудуди собиқ давлати Сосониён ба вуҷуд оварда, анъанаҳои қаблии давлатдорӣ ва дигар расму русуми мардумии худро эҳё карда, хеле инкишоф доданд. Аз миёни мардуми тоҷик шахсони шуҷоъ то ба маснади сарлашкарии хилофати араб расида буданд, ки мақсади асосиашон истиқлоли Хуросону Мовароуннаҳр буд. Ҳайдари Афшин яке аз стратегҳои низомии он даврон буд. Ин фарзанди барӯманди тоҷик аз Истаравшан буда, дар умури идории хилофати араб то ба сарлашкарӣ расид, дар ҷангҳо пирӯзиҳои бузург ба даст овард, вале бар асари хиёнати дарбориён қурбон шуд.

Пешрафти устувори ҷомеа ва таҳкими асосҳои соҳибистиқлолӣ, аз як тараф тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва дарки амиқи худшиносии миллии мардумро тақозо намояд, аз тарафи дигар ба кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва поквиҷдон будани кормандони масъули давлатӣ вобаста аст. Дар ҳамин масъала робитаи диалектикаи ҷомеа — давлат бештар зоҳир шуда, барои ташаккули дурусти худшиносӣ ва дарки манфиатҳои миллӣ имкони бештар ва вуҷуд хоҳад омад. Аз ин рӯ, мову шумо бояд барои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ, пойдории субот ва оромии ҷомеа бетафовут набошем.

Солҳои 1992-1997 давраи мушкилтарини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бегуфтугӯ хатари аз байн рафтани кишварамон вуҷуд дошт. Гирифтани пеши роҳи чунин фоҷеаи мудҳиш ва ба даст овардани ваҳдати деринтизори миллӣ яке аз ормонҳои аслии халқи тоҷик маҳсуб меёфт. Ҳамаи ин ормонҳоро мардум дар симои роҳбари аз миёни халқ баромадаву халқпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диданд. Аз ин сабаб буд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба кор оғоз карданашон ҳамчун роҳбари ҷавону корозмуда ба неруи халқу миллати хеш такя карданд ва дар ҳамбастагӣ роҳи наҷоти миллатро ҷӯё шуданд. Хушбахтона, рӯзи 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» имзо гардид ва дар давлати ҷангзадаи Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин шуд.

Минбаъд, бо талошҳо ва ташаббуси ин марди хирад Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари мустақил ва соҳибихтиёру ташаббускор муаррифӣ гардид. Ҳамин буд, ки зиёда аз 192 кишвари рӯйи дунё Тоҷикистони азизи моро ба расмият шинохтанд. Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар гӯшаҳои олам дарҳои худро боз карданд. Аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон бо лаҳни тоҷикӣ Пешвои миллати мо оид ба мушкилоти аср баромадҳо карда, ба манфиати мардуми рӯйи олам пешниҳодҳои арзишманде ироа карданд, ки мақому манзалати мардуми бо илму фарҳанги тоҷикро боз ҳам баландтар бардошт.

Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат ба ивази саҳми хеле арзишманд дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонаашон дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардум бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба таҷрибаи сулҳоварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳо дода, чунин гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст”.

“Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз, воқеан, бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Сиёсати оқилона ва созандаеро, ки ин марди хирад, сиёсатмадори тавоно пеш мебарад, кишварашро аз маҳвшавӣ ҳифз кард ва ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард”, — мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко.

Мо ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахш, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории навини миллӣ менигарем. Ҳамфикрию тарафдорӣ аз Пешвои миллат ин хушбинӣ ба ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва фикрии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худшиносӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои рушди давлату миллат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *