Муродҳусайн ИЛҲОМОВ,
муаллими калони кафедраи педагогика
ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи
Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Солҳои ахир аҳли башар зарурияти ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии насли наврасро хуб дарк кардааст. Талаботи замони муосир тақозо менамояд, ки мо на танҳо ба дониши хонандагон, қавӣ гардонидани хотираи онҳо таваҷҷуҳ кунем, балки тафаккури эҷодии хонандагонро низ рушд дода, тарзи фикрронии онҳоро тағйир диҳем. Ин нукта мо – омӯзгоронро водор месозад, ки вобаста ба пайдо намудани роҳҳои рушди тафаккури эҷодии хонандагон ҳангоми таълим дар ҷустуҷӯ бошем.

Мусаллам аст, ки масъала ва мавзуи рушду инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон нав набуда, чандин сол аст, ки мавриди таҳқиқу омӯзиши илмҳои психология, педагогика ва методикаи таълим қарор гирифтааст. Фаъолияти тафаккури эҷодӣ – ин шакли кори табиии майнаи сар мебошад, ки хос ба инсонҳост. Вале омилҳое вуҷуд доранд, ки дар шакли қолаб бо таъсири иҷтимоӣ ва низоми мавҷудаи таълиму тарбия садди роҳи он мегарданд. Дар илми психологияи мамлакатҳои хориҷ ба мафҳуми «эҷодкорӣ», мафҳуми «креативӣ» (калимаи англисии creative) рост омада, онро соли 1950 равоншинос Ҷ. Гилфорд ба илми психология ворид намудааст.

Ҷараёни таълим ва омӯзонидани ҳама гуна фанҳои таълимӣ метавонад, дар ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон нақши муҳим бозад. Ҷараёни таълими замони муосир дар навбати худ дорои як қатор воситаҳо мебошад, ки яке аз воситаҳои асосии таълим ин китобҳои дарсӣ ба шумор мераванд. Дар замони Шуравӣ китобҳои дарсӣ аз ҷониби муассисаҳои марказии таълимӣ навишта, тарҷума ва нашр шуда, баъдан ба мардум дастрас мегардиданд. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо имкон пайдо намудем, ки худ мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсиро тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ, консепсияи миллии маълумот, консепсияи миллии тарбия ва хусусиятҳои хосси миллӣ тартиб дода, ба нашр расонем.

Соли 1620 файласуфи фаронсавӣ Рене Декарт навишта буд, ки барои ҷустуҷӯйи ҳақиқат метод лозим аст. Вай қоидаҳоеро фикр кард, ки ба инсон дар ҳалли мушкилиҳои илмӣ ёрӣ мерасониданд. Дар асри XX коркарди методҳои ҳалли ҳолатҳои проблемавӣ идома ёфта, роҳҳои ҳалли проблемаҳои техникӣ, усулҳои эҷоди адабиёти бадеӣ ба вуҷуд омаданд.

«Синетика» калимаи юнонӣ буда, маънояш муттаҳид намудани элементҳои гуногун ва яке аз усулҳои рушддиҳандаи тафаккури эҷодӣ мебошад. Идеяи синетика аз муттаҳид намудани эҷодкорони алоҳида дар гурӯҳи ягона барои ба миён гузоштани ҳалли масъалаи мушаххаси эҷодӣ иборат аст, ки шуҳрати хос касб кардааст.

Бештари муаллифон мувофиқ ҳастанд, ки дар раванди тафаккури эҷодӣ ҳалли бошуурона нақши муҳим дорад. Нақшаҳои мухталифи супоришҳои эҷодӣ пешниҳод гардидаанд, вале бештари муаллифон ба ин назаранд, ки дар раванди чунин ҳолат роҳи ҳалли бошуурона ҷой дорад. Яъне, дар марҳалаҳои гуногуни  ҳалли проблема нақши пешбар аз як сохтор ба сохтори дигар мегузарад.

Дар заминаи омӯзиши ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон, имкони ташкили таълими тафриқавӣ ба даст овардан мумкин аст, ки ин яке аз усулҳои нав ва пешрафтаи таълим мебошад. Дар баробари ин, зинаҳои инкишофи тафаккурро муайян карда, метавонем ба самара ва сифати раванди таълим баҳои объективӣ диҳем, зеро мақсади таълим ин инкишофи қобилияти фикрӣ ва эҷодии хонандагон мебошад. Ҳамин тавр, ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонанда яке аз вазифаҳои муҳимми таълим ба ҳисоб рафта, воситаҳои таълим бошанд, ба мисли китобҳои дарсӣ, бояд дар инкишофи тафаккури эҷодии хонанда ҳиссагузор бошанд.

Мувофиқи дастовардҳои навини илм тағйиру такмили мазмуни таълим яке аз талаботи асосии соҳаи маориф буда, бо роҳи нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ – методии мувофиқ истифодаи методу воситаҳои замонавӣ амалӣ мешавад. Дар рафти дарсҳо, суҳбат бо омӯзгорон, кор бо китобҳои дарсӣ хонандагон ба низоми муайяни донишҳо соҳиб мешаванд. Яке аз лаҳзаҳои муҳимми ин тараққиёт дараҷа ва хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон мебошад.

Омӯзгор ҳангоми банақшагирии дарс ва интихоби равишу усули таълим бояд дараҷаи инкишофи тафаккури эҷодии хонандагонро ба назар гирад. Вай баробари муайян намудану ба эътибор гирифтани дараҷаи инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон на танҳо дар бораи имкони ақлии онҳо, балки оид ба хусусияти диққату хотираи хонандагон тасаввурот ҳосил менамояд. Дар ҳолати ошкор шудани норасоиҳои фикрӣ муаллим бо мақсади бартараф намудани он бояд фавран чораҳои зарурӣ андешад. Илова бар ин, барои ислоҳи камбудии ҷойдошта маслиҳатҳои асоснок дода тавонад.

Роҷеъ ба ин масъала, бояд як нуктаеро иброз кард, ки суръати баланди инкишофи илму техника моро водор менамояд, ки дар ниҳоди хонанда дараҷаи баланди рушди тафаккурро пайдо намоем. Дараҷаи баланди инкишофи тафаккур ба шахс имкон медиҳад, ки мустақилона техникаи нави пайдошударо аз худ намуда, дар фаъолияти кории худ истифода бурда, онро боз ҳам хубтар сайқал диҳад.

Воситаи асосии ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон, пеш аз ҳама, таълим мебошад. Дар навбати худ, таълим низ воситаҳои гуногуни худро дорост. Агар яке аз воситаи асосии ҷараёни таълим – ин муаллим ва маҳорати касбии ӯ бошад, воситаи дигари муҳимми ҷараёни таълим – ин китоби дарсӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки китоби дарсӣ барои муаллим ва шогирдон роҳнамои асосӣ буда, мазмун ва мундариҷаи ҷараёни дарсро муайян месозад.

Дар хусуси ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, ки бештари онҳо ба мазмун ва мундариҷаи таълим алоқаманданд. Равоншиноси машҳури Ғарб Жан Пиаже чунин ақида дорад, ки таълим ва воситаҳои он дар инкишофи тафаккури эҷодии хонанда нақши муҳимро намебозанд. Инкишофи тафаккури эҷодии хонанда фақат ба омилҳои биологӣ, яъне, генҳо вобаста буда, бо мурури замон, дар синну соли муайян дараҷаҳои баландтари тафаккур зоҳир мегарданд.

Равоншиноси машҳури рус Л.С. Виготский ба андешаи Ж. Пиаже зид баромада, мегӯяд, ки танҳо тавассути таълим хонанда минтақаҳои наздиктарини инкишофи тафаккури худро дастрас карда метавонад. Нуқтаи назари олим аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ӯ гуфта буд, ки таълим бояд инкишофи тафаккури хонандаро ба воситаи китобҳои хониш тезонда, аз қафои худ барад ва ба қонунҳои инкишофи тафаккури хонанда мутобиқ нашавад. Таълимро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки ба инкишофи вазифаҳои олии равонӣ, тафаккури мантиқӣ, хотираи маъногӣ, хаёли эҷодӣ ва иродаи устувору мақсаднок мусоидат намояд.

Дар шароити имрӯза нуқтаи назар ва консепсияи назариявӣ дар тадқиқоти олимони соҳа В.В. Давидов, П.Я. Галперин, Н.А. Менчинская, Д.Б. Элконин, Б.М. Матюшкин, Ш.А. Амонашвили ва чанде дигарон аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ инкишоф дода шудаанд.

Аслан эҷодкорӣ сохтани чизи наву зебо дар муқобили вайронкорӣ, фаъолияти қолабӣ, сухани забонзада, сустӣ ва дар қафомондагӣ қарор доштан буда, зиндагиро гуворо ва лабрези нишот мегардонад, талабот ба донишу кору андешаро ангезиш мебахшад ва инсонро ба фазои ҷустуҷӯйи доимӣ ворид менамояд.

Солҳои ахир мушкилии таълими ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон диққати олимони мамолики дунёро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамин буд, ки мушкилии таълим ва инкишофи тафаккури эҷодӣ дар маркази диққати роҳбарони ҳамаи давлатҳо қарор дорад. Олимони соҳа чанд зинаи инкишофи тафаккури эҷодии хонандагонро ба воситаи китобҳои дарсӣ муайян карда, бо ҳамин васила, ба хулосае омаданд, ки зинаҳои инкишофи тафаккур, новобаста ба таъсири малакаҳои кори таълим, тағйир меёбанд. Дар ин асос зинаҳои инкишофи тафаккури эҷодии хонандаро олимон Пиаже ва Инелдер чунин номгузорӣ кардаанд:

1) зинаи сенсорию ҳаракатӣ;

2) зинаи иҷрои амалҳои мушаххас;

3) зинаи иҷрои амалҳои рӯякӣ (формалӣ).

Мувофиқи ақидаи олимони мазкур қонуниятҳои инкишофи тафаккур ба характери таълим вобаста нест. Таълим аз паси инкишофи тафаккур ҳаракат мекунад ва дар ин самт бояд таълим ба қонунҳои инкишофи тафаккур мутобиқ шавад. Дигар равоншиносон саҳми пешбаранда доштани фаъолияти таълимиро дар инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон ва зудфаҳм будани китобҳои дарсӣ эътироф мекунанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки дар ҷараёни  таълим имкони инкишофи тафаккури эҷодӣ тавассути воситаҳои аёнӣ: китоб, дафтар, таблитсаҳо, диаграммаҳо, схемаҳо зиёд мешавад.

Равоншиносон Н.А. Менчинская, Л.И. Божович, Л.В. Занков дар инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон китобро фаъолияти пешбаранда нишон дода, таълим ва инкишофи тафаккурро дар ягонагии диалектикӣ дида баромадаанд. 

Дар тадқиқоти илмии В.В. Давидов ва Д.Б. Элконин меъёрҳои инкишофи тафаккури эҷодии хонандагонро ҳамон вақт баланд медонанд, ки агар дар назди онҳо вазифаи аниқи тарзҳои иҷрои амалҳои худназоратнамоӣ ва худбаҳодиҳӣ гузошта шавад. Ҳар як фаъолияте, ки хонандагон таҳти роҳбарии омӯзгор ба сомон мерасонанд, аз унсурҳои зер таркиб меёбанд:

— мароми таълим чунин маъно дорад, ки барои чӣ ва бо кадом мақсад ин ё он фаъолият иҷро карда мешавад;

— мақсади фаъолияти таълимӣ ба он равона карда шудааст, ки дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ чӣ бояд ҳосил шавад ва ё ба кадом натиҷа расидан мумкин аст;

— тарзи иҷрои амалҳо барои ба даст овардани маҳсули муайян нигаронида шудааст;

— объекти фаъолияти таълимӣ ҳамон маводест, ки дар ҷараёни тағйири он ба  натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб шудан мумкин аст.

Навовариҳои равонӣ ба фаъолии хонанда алоқаи зич дошта, ин ё он маводди таълимиро хонанда ба таври гуногун аз худ мекунад. Барои сермаҳсул ва пурсамар шудани таълим шароити педагогӣ ва сатҳи инкишофи психикии хонандагонро ба ҳисоб гирифтан лозим аст. Дар муайян намудани мазмун ва мундариҷаи таълим, ки боиси ташаккул ва инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон мегардад, нақши китобҳо ҷойи махсусро мегиранд.

Хулоса, китобҳои дарсӣ бояд дар асоси тадқиқоти илмӣ навишта шуда, ба чоп расонида шаванду тафаккури эҷодии хонандаро инкишоф диҳанд. Зеро баъзе аз китобҳои дарсии нашршуда имкони инкишофи тафаккури назариявии хонандаро надоранд. Сабаби имкони маҳдуди китобҳои дарсии нашршуда дар он зоҳир мегардад, ки баъзе муаллифон аз дастовардҳои навини илм огоҳ нестанд. Китобҳои дарсӣ бояд аз лиҳози илмӣ-мантиқӣ сода буда, ба инкишофи тафаккури хонанда мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *