6 октябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо то охири сол муайян гардиданд.

Дар ҷаласаи мазкур вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаҳои вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст, вазири маориф ва илм ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар симои иштирокчиёни ҷаласа ба тамоми омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва алоқамандони соҳаи маорифи кишвар табрикоти самимӣ ироа намуда, нақши меҳварӣ ва сарнавиштсози омӯзгоронро дар ташаккули шахсият, ҷомеа ва пешрафти давлат махсус таъкид намуд. Дар идомаи суханронӣ, вазир бо такя ба андешаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён гардида буд, изҳор дошт, ки омӯзгорон ҳамчун машъалафрӯзони ҷомеа ва раҳнамоёни маърифат метавонанд бо заҳмати хеш нури донишу хирадро ба қалби насли наврас ворид сохта, дар рушду шукуфоии давлату миллат саҳми арзанда гузоранд. Зеро ба андешаи Пешвои муаззами миллат, эҳтироми омӯзгор эҳтироми миллат, худ ва ҷомеа мебошад ва ҳар қадар ки мақоми омӯзгор баланд гардад, ҳамон андоза ҷомеа ба сӯйи рушду тараққиёт қадам мегузорад.

Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм фаъолияти худро дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли 2025 ҷамъбаст намуда, дар заминаи татбиқи самараноки сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии кишвар, амалӣ намудани қонунҳои соҳавӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст, ки ҳар кадоме дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, такмили инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақши муассир гузоштаанд.

Гуфта шуд, ки сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии давлат ба соҳаи маориф буда, зимни ин сафарҳо даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба истифода дода шуда, муҳити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас фароҳам оварда шуд.

Таъкид гардид, ки дар баробари таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбари давлат мо вазифадорем, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо масъалаҳои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани бештари кӯдакон, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, такмили инфрасохтори таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимиро ҳадафмандона бартараф намоем.

Дар қисмати музокираҳо директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” Рамазон Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Кимиё Мирзозода суханронӣ намуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи нуҳмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастовардҳо моро зарур аст, масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ, омодагии пурра ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии зич дорад, вазифаи ҷонии ҳар корманди соҳа ба шумор меравад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *