Хатича ШАРИФОВА,
мураббии Маркази дастгирии
оила ва кӯдаки №2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дар кишвари мо, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, барои шодмонии кӯдакону наврасон ва махсусан, кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Ҳамарӯза мебинем, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваставу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд зиёд мебошад. Дар яке аз суханрониҳои хеш Сарвари давлат таъкид карда буданд: “Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад”.

Бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, соҳиби илму маърифат гардидани кӯдакон, ояндаи неки фарзандони ин сарзамин тамоми имконоти муосир фароҳам оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои маҳбуби кишвар дар ҳама иду ҷашнҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор тадбирҳои хайрхоҳона ташкил карда мешавад ва бо барномаву чорабиниҳои тафреҳӣ хотири ин қишри ҷомеа масрур гардонида мешавад. Имрӯзҳо бо дарназардошти рушди иқтисоди кишвар зиндагии мардум хуб гардида, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, махсусан, мактаб-интернатҳо низ барои таҳсили наврасону ҷавонон ҳама гуна шароити муосири омӯзиш муҳайё гардидааст. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари ғамхори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ҳеҷ мушкил дар масъалаи омӯзишу таълим надошта, бо ҷиҳози хониш, ашёи таълим ва либосу маводди ғизоӣ, асбобҳои варзишию солимгардонӣ комилан таъмин мебошанд.

Мо — кормандони соҳаи маориф, мураббиву тарбиятгарони тифлакони ба ҳукми тақдир вогузоршуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сиёсати маорифпарваронаву ятимпарваронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, бо суханони ширин ва амалҳои нек тифлаконро ғамхориву тарбият кунем, зеро онҳо ба меҳрубонӣ, каломи хушу дилписанд эҳтиёҷи зиёд доранд.

Ятимеро, ки дар мактаб-интернат ба воя расида истодааст ва тақрибан 7 сол дорад, боре суол кардам, ки дар дунё киро бештар дӯст медорӣ?

 — Шахсеро, ки ба ман пайваста муҳаббат карду то имрӯз ғамхорӣ мекунад. Ӯ кист? Албатта, омӯзгорам…

Як дам нафаси амиқ кашида, сар ба поин афканду бо чашмони пурашк афзуд:

— Вақте ман ба дунё омадам, падару модарамро дар хотир надорам. Танҳо яқин медонам, ки ман дар домони ҳамин омӯзгорони мактаб — интернат ба воя расидаам. Тарбиятгарони воқеии ман дар зиндагӣ танҳо мураббиҳое мебошанд, ки то имрӯз ба ман ғамхорӣ менамоянд…

Ростӣ, бо шунидани ин суханони таъсирбахшу ғамангез аз чашмонам беист ашк ҷорӣ шуд. Воқеан, эътимоду боварии ин кӯдакони маъсум танҳо ба мо-омӯзгорону мураббиёни мактаб-интернатҳо алоқаманд мебошад, моро такягоҳу пушту паноҳи хеш медонанд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш менамоем, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамчун модар меҳру муҳаббат кунем, дилҷӯӣ намоем, то танҳоии худро ҳаргиз эҳсос накунанд ва вақте бузург мешаванд, ин боргоҳи муқаддасро, ки барояшон як ҷаҳон хотироти ширини кӯдакӣ боқӣ мегузорад, фаромӯш насозанд.

Аз рӯйи таҷрибаи кориям дар мактаб-интернатҳо, хусусан, дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и ноҳияи Сино, ки даҳҳо шогирд тарбия карда, ба воя расонидаам, яқин медонам, ки шогирдони фаъол обрӯйи миллату давлати хеш мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *