Абдулло СОДИҚОВ,
мушовири бахши китобдории
шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Дар замони муосир, ки технология бо суръати тез рушд мекунад, телефони мобилӣ дигар як василаи одӣ нест, балки як дунёи маҷозист, ки фарзандони моро ба худаш мебарад – хоҳ ба роҳи рост, хоҳ ба роҳҳои пур аз хатару гумроҳӣ. Пас, волидони азизу меҳрубон — лозим аст, вақте ки шумо ба фарзанди худ телефони мобилӣ медиҳед, танҳо инро ба назар нагиред, ки ӯ бо шумо дар тамос мешавад. Аз худ бипурсед:

  1. Фарзандам бо телефон чӣ кор мекунад?
  2. Бо киҳо ҳамсуҳбат аст?
  3. Аз кадом барнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад?
  4. Вақташро барои чӣ сарф мекунад?

Телефон метавонад ба фарзанди шумо илму дониш, иттилооти муфид ва роҳҳои нави омӯзиш диҳад. Аммо дар баробари ин, агар бе назорат бошад, метавонад, ӯро ба муҳити носолим, ахлоқи паст, вобастагии равонӣ ва ҳатто, зӯровариҳои киберӣ дучор созад.

Назорат – на маҳдудият, балки муҳаббат

Мутаассифона, бисёре аз волидон то замоне, ки фарзандашон ба мушкил дучор нашавад, ғайрифаъол мемонанд. Назорат кардан маънои маҳдуд кардани озодӣ нест, балки нишон додани ғамхорӣ ва муҳаббат аст. Шумо ҳуқуқ ва вазифа доред, ки бидонед:

— фарзандатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо киҳо муошират мекунад;

— кадом навъи видео ва маълумотро тамошо мекунад;

— чӣ гуна барномаҳоро истифода мебарад.

«Илоҷи воқеа — пеш аз вуқуъ!»

Ин мақоли халқӣ имрӯз аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст. Пеш аз он ки телефон ба фарзандатон зарар расонад, пешгирӣ кунед! Барояш чӣ гуна дуруст истифода бурдани телефонро таълим диҳед. Қоидаҳои хонагиро барои вақти истифода аз телефон муайян намоед ва барномаҳои назоратии волидонро насб кунед.

Бо фарзандатон дӯсти самимӣ бошед, то ба шумо бовар кунад. Тарбия танҳо бо сухан не, балки бо назорат ва ҳамкорӣ амалӣ мегардад. Телефони мобилӣ на танҳо як асбоб, балки як ҷаҳони пуртазод аст. Ба фарзанди худ дунёи маҷозиро омӯзонед, на он ки ӯро дар он танҳо гузоред.

Фурӯ рафтан ба ҷаҳони маҷозӣ

Дар асри XXI, ки технологияҳои рақамӣ рӯз то рӯз рушд мекунанд, телефони мобилӣ на танҳо воситаи тамос, балки як ҷаҳонест пур аз имкон ва хатар. Имрӯз кӯдакон хеле барвақт ба телефони мобилӣ дастрасӣ меёбанд ва бештари онҳо, ҳатто барномаҳои гуногуни иҷтимоиро аз волидонашон беҳтар истифода мебаранд. Аммо суол ин аст: Оё мо, волидон, медонем, ки ин телефонҳо чӣ гуна ба зиндагӣ ва руҳияи фарзандони мо таъсир мегузоранд?

Ин асбоби зоҳирӣ, ки аввалан, барои осон кардани робитаи инсонӣ ихтироъ шуда буд, имрӯз ба як ҷаҳони маҷозие табдил ёфтааст, ки ба тадриҷ кӯдакро аз зиндагии воқеӣ дур мекунад.

Телефон: воситаи омӯзиш ё гумроҳӣ?

Аз як ҷиҳат, телефон имконҳои зиёде дорад:

  1. Дастрасӣ ба дониш.
  2. Омӯзишҳои онлайнӣ.
  3. Забономӯзӣ.
  4. Иртибот бо омӯзгорону ҳамсабақон.

Вале дар баробари ин, агар истифодаи телефон таҳти назорат набошад, кӯдак метавонад:

  1. Ба муҳтавои номатлуб дучор шавад.
  2. Вобастаи интернет гардад.
  3. Ба зӯроварии маҷозӣ гирифтор шавад.
  4. Ба вайроншавии ахлоқиву равонӣ рӯ ба рӯ гардад.

Махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ — «Facebook», «TikTok», «Instagram» мисли баҳри беканоранд. Агар кӯдак бе раҳнамоӣ вориди онҳо гардад, гумроҳ шуданаш амали муқаррарист.

Хатарҳои пинҳонии шабакаҳои иҷтимоӣ

Кӯдаке, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар вақт мегузаронад, ба шакл гирифтани шахсияти маҷозӣ рӯ меорад. Ӯ ба ҷойи худ, аз «лайк», «коммент», ва «пойрав» (followers) арзёбӣ мешаваду тадриҷан:

  1. Эҳсоси камарзишӣ пайдо мекунад.
  2. Бо дунёи воқеӣ иртиботаш суст мешавад.
  3. Зиракии ахлоқиву иҷтимоияш кам мегардад.
  4. Ба муқоисаи бемантиқ бо дигарон рӯ меорад.

Баъзе ҳолатҳои наврасоне, ки дар шабакаҳо таҳқир дида, то ҳолати депрессия ва ҳатто, худкушӣ расидаанд, бояд ба ҳама волидон сабақ бошад.

Волидон, танҳо тамошобин набошед!

Бисёр волидон то даме, ки кӯдак ба мушкил гирифтор нашавад, ягон чора намеандешанд. Вақте ки масъала рӯ мезанад, дер шудааст. Назорат кардан маҳдудият нест. Ин ғамхорӣ, муҳаббат ва масъулияти волидон аст. Беҳтар аст, ки падару модар бо фарзанд на ба ҳайси назоратгар, балки ҳамчун ҳамсуҳбати боэътимод ва муаллим бошанд.

  Чӣ бояд кард? (Чанд маслиҳати амалӣ)

  1. Қоида гузоред: Дар хона вақт ва тарзи истифодаи телефон муайян бошад.

Масалан: Номгӯи барномаҳои иҷозатшуда;

Соатҳои истифодабарӣ (на пеш аз хоб, на ҳангоми хӯрок хӯрдан).

  1. Таълим диҳед: Ба фарзанд фаҳмонед, ки ҳар чизе, ки дар интернет аст, ҳақиқат нест. Ҳар чизеро набояд бовар ё паҳн кард.
  2. Барномаҳои назоратӣ насб кунед: Мисли «Google Family», «Link», «Kidslox», ё «Qustodio».
  3. Бо фарзанд дӯсти самимӣ бошед: Агар кӯдак шуморо ҳамчун “ҷосус” бинад, ҳар гапро пинҳон мекунад. Агар ба шумо бовар дошта бошад, худаш дар бораи мушкилоти маҷозӣ гап мезанад.

Таълим на танҳо бо сухан, балки бо амал

Кӯдакон бештар аз он чӣ ки мо мегӯем, аз он чӣ ки мо мекунем, меомӯзанд. Агар фарзанд бинад, ки худи волидон тамоми вақт дар телефонанд, ӯ низ ҳамин одатро мегирад.

Мисоли шахсӣ – беҳтарин тарбият аст.

Падару модар бояд: вақти муштараки бидуни телефон дошта бошанд (масалан, хӯроки шом, сайр, бозӣ), китобхонаро ё омӯзиши дастҷамъиро таблиғ кунанд, муоширати зиндаро аз муоширати маҷозӣ авлотар донанд.

Фарзанди худро дар ҷаҳони маҷозӣ танҳо нагузоред!

Телефон мисли «корд» аст, ки ба воситаи он инсон метавонад нон бибурад ва метавонад захм занад. Аз волидон вобастааст, ки он дар дасти фарзанд чӣ нақшро бозӣ кунад. Фарзанди шумо ба назорат, муҳаббат ва ҳамроҳӣ ниёз дорад – на ба “озодии пурра” дар ҷаҳони маҷозӣ. Ҳамин имрӯз бо фарзанди худ суҳбат кунед:

— чӣ барномаҳоро истифода мебарад?

— чӣ чизҳоро дӯст медорад?

— бо киҳо суҳбат мекунад?

Ӯро таълим диҳед, дастгирӣ кунед ва дар баробараш бигузоред, ки худро дар фазои рақамӣ бехатар эҳсос кунад. Бо телефон фарзандро таълим диҳед — на ин ки аз он ҷудо созед. Ояндаи фарзанд аз ғамхории имрӯзаи шумо оғоз меёбад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *