Хуррамҷон ХАЙРОВ,
Сулаймони ҲАКИМЗОД,
кормандони Институти зоология
ва паразитологияи АМИТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳӣ ба ҳисоб рафта, дар қисми шимолии иқлими субтропикӣ ҷойгир аст. Қисми зиёди онро талу теппаҳо ва дашту биёбонҳои наздикӯҳӣ ташкил дода, чунин шароит барои инкишофу афзоиши намудҳои гуногуни ҳашарот, аз ҷумла, малах мусоид мебошад. Малахҳо яке аз ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим ба заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва дигар маконҳои сабзу хуррам зарари ҷиддӣ мерасонанд. Дар гузашта дар Миср низ зараррасонии малах ба заминҳои кишоварзии сокинони он зикр шуда, мувофиқи нишондодҳо давлатҳои Чин, Ҳиндустон, мамлакатҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳое, ки ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд, миллионҳо гектар заминашон аз малах осеб медиданд.

Зимни мушоҳидаҳои даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳи мамлакатҳо мансуб мешавад, зеро малах на танҳо ба заминҳои кишоварзиву чарогоҳҳо, балки ба буҷаи давлат низ таъсири бади худро мерасад.

Ин гурӯҳи ҳайвоноти бемуҳра ба синфи ҳашарот (Insecta), отряди ростболон (Orthoptera), зеротряди мӯйлабдорон (Caeliferae), оилаи малахҳо (Acrididae) мансуб мебошанд. Малахҳо дар ҷаҳон зиёда аз 20 ҳазор намудро дар бар гирифта, дар шароити Тоҷикистон тақрибан 130 намуди онҳо мавҷуданд. Малахҳо аз рӯйи хусусияти афзоишу инкишофашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: малахҳои галлагӣ ва ғайригаллагӣ. Ба гурӯҳи малахҳои галлагӣ он намудҳое дохил мешаванд, ки дар макони зисташон бо шумораи зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Дар ҳар як метри мураббаъ вобаста ба давраҳои инкишофи кирминагӣ аз 20 то 1000 адад ва аз ин ҳам зиёдро ташкил медиҳанд. Ба ин гурӯҳи малахҳо даҳ намуд мансуб мебошад, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар шароити Тоҷикистон 3 намуди он ба қайд гирифта мешавад: Calliptamus italicus — пруси итолиёвӣ, Dociosturus maroccanus — малахи марокашӣ ва Locusta migratoria – малахи осиёӣ ё кӯчанда (Расми 1). Ба гурӯҳи малахҳои ғайригаллагӣ боқимондаи малахҳо мансуб мебошад.

Дар ноҳияҳои наздикӯҳии қисмати ҷанубу
ғарби ватанамон, шумораи зиёди малахи марокашӣ ба қайд гирифта мешавад (расми 2). Бори аввал авҷи зиёди ин намуд соли 2007 дар ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритӯс, Данғара, Панҷ ва Ҷайҳун дар майдони зиёда аз 35 ҳазор гектар ба қайд гирифта шуд. Баъдан, паҳншавии ин намуд дар дигар ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид. Ҷойҳои афзоиш ва макони зисти малахи марокашӣ вобаста бо баландӣ аз сатҳи баҳр аз 450 то 1200 метр мебошад ва дар баъзе ҳолатҳо ин намуд дар баландиҳои аз 100 то 2200 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Солҳои ахир паҳншавии малахи марокашӣ бештар дар ҷанубу ғарб ва қисман, шимоли Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ин намуд ба кишти зироатҳои ғалладона, лӯбиёиҳо, пахта, полезӣ, боғу токзор ва дигар растаниҳои табиӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар вилояти Суғд, инчунин, шумораи зиёди малахи итолиёвӣ ба қайд гирифта мешавад. Соли 2024, ҳангоми мушоҳидаҳои саҳрогӣ зиёдшавии шумораи ин ҳашарот дар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Зафаробод мушоҳида шуд (Расми 3).

Дар баробари малахҳои галлагӣ, инчунин, намудҳои ғайригаллагие мавҷуданд, ки баъзан солҳо шумораашон зиёд гардида, ба чарогоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ зарар мерасонанд. Ин намуди малахҳо на танҳо дар Ватани мо, балки дар тамоми сайёра ба қайд гирифта мешавад. Сабаби зиёдшавии шумораи онҳо аз рӯйи мушоҳидаҳои олимон, хуб будани муҳити зист ва шароити мусоиди иқлим, яъне, боду ҳаво мебошад. Ба ин гурӯҳи малахҳо: кӯзапушти калони саксавулӣ, кабилкаи биринҷ, пруси турронӣ, пруси итолиёвии болкӯтоҳ, пруси биёбонӣ, акридаи биёбонӣ, малахи парвозии одӣ, кабилкаи рахболсиёҳ, кабилкаи зимистона, салибчадори биёбонӣ, атбасаркаи пойтиллояк, салибдораки зараровар ва дигар намудҳои малахҳои ғайригаллагӣ мансуб шуда метавонанд.

Ҳангоми мушоҳидаҳои саҳроӣ дар  бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёд ва инчунин, зараррасонии ин намудҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз ва марказии қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ дар чарогоҳҳои ҳамвори наздикӯҳӣ ҷойҳои замшавии пруси турронӣ ба мушоҳида расид. Дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар заминҳои корами наздикӯҳӣ зиёдшавии шумораи пруси итолиёвии болкӯтоҳ ва кабилкаи рахболсиёҳ мушоҳида гардида, зараррасонии ин ду намуд ба намояндаи оилаи ғалладонаиҳо ва лӯбиёиҳо ба қайд гирифта шуд. Дар заминҳои корами наздисоҳилӣ бошад, зиёдшавии шумораи кабилкаи биринҷ, парвозаки одӣ, кабилкаи зимистона, салибдораки зараровар ва дигар намуди малахҳои хосси он маҳал мушоҳида мешавад. Баъзан солҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар заминҳои корами зироати юнучқа шумораи зиёди намуди малахи парвозаки одӣ ва пруси биёбонӣ ба қайд гирифта мешавад.

Тавре қайд шуд, ҳангоми муҳайё будани шароити афзоиш аз таъсири малахҳои ғайригаллагӣ талафёбии намудҳои гуногуни растаниҳо ба қайд гирифта мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 аз сабаби гарм ва камбориш омадани фасли зимистон дар қисмати ҷанубии ноҳияи Қубодиён талафёбии миқдори зиёди буттаҳои саксавул бо таъсири малахи кӯзапушти калони саксавулӣ ба қайд гирифта шуд.

Ин намуд ба гурӯҳи малахҳои ғайригаллагӣ мансуб буда, бештар дар биёбонҳои саксавулзор умр ба сар мебарад. Доираи ҳаётии он дар болои буттаву дарахтон мегузарад.

Баъд аз тухм баромадан, охирҳои моҳи март ва аввалҳои апрел, панҷ давраи инкишофи кирминагиро мегузаронад. Аз як син ба синни дигар гузаштан, вобаста ба боду ҳаво аз 9 то 14 рӯз давом меёбад. Давраи пурра болдоршавӣ охирҳои моҳи май дар қисмати ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Баъд аз пурра болбарорӣ давраи ҷуфтшавиро гузаронида, ба тухмгузорӣ шуруъ менамояд. Тухмашро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, мегузорад. Қутри қисми болоии кӯзача 5,7 — 6,2 мм буда, дарозиаш 10 – 15 мм мебошад. Қутри қисми поёнии кӯзача ҷое, ки тухмҳо ҷойгиранд, 9,3 — 10,5 мм-ро ташкил медиҳад. Танаи сахти он аз қум ё хок ва маҳлули қаҳваранги хориҷнамудаи малах иборат буда, тухмҳоро аз ҳар гуна таъсирот эмин медорад. Ғафсии қисми болоии он 0,7 ва қисми поёнаш 2 мм-ро ташкил медиҳад. Шумораи тухмҳо аз 18 то 45 адад расида, дар кӯзача 4 қатор нобаробар ҷойгир мебошанд. Дарозии онҳо 6,8 — 7,5 мм ва қутрашон 1,2 — 1,6 мм мебошад. Гирду атрофи тухмҳо бо маҳлули кафкмонанди рангаш сафед пур шуда, онҳоро озод нигоҳ медорад. Қисми болоии кӯзача бо маҳлули кафкдори сафеди шаффоф пур шуда, болои он бо сарпӯши нафиси тунуки хокдор, ки паҳниаш 0,5 мм мебошад, пӯшонида шудааст. Кӯзачаро дар хоки сахти заминҳои қумдор дар чуқурии аз 5 то 6 см мегузорад. Давраи ҳаётии дигар намуди малахҳо низ бештар ба ин намуди малах монандӣ дорад.

Соли 2018 аз сабаби гарм будани фасли зимистон ва баҳори барвақт, барои инкишофи намуди малахи кӯзапушти калони саксавулӣ шароити мусоид омад. Аз ин сабаб, шумораи зиёди ин намуд дар қисмати ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон мушоҳида шуд. Инчунин, ҳамасола дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёд ва замшавии дигар намуди малахҳои ғайригаллагӣ низ дар биотопҳои гуногун ба қайд гирифта мешавад.

Дар солҳои дигар, яъне, то соли 2024 чунин шумораи зиёди малахи кӯзапушти калони саксавулӣ дар шароити Тоҷикистон ба мушоҳида нарасид.

Бо чунин равиш, малах ва навъҳои он ҳамчун ҳашароти зараррасон шинохта шуда, дар шароити кунунии гармшавии иқлим эҳтимоли зиёдшавии он вуҷуд дорад. Дар маҷмуъ, барои ҳар як намуди ҳашароте, ки шароит муҳайё гардад, шумораи он зиёд гардида, зараррасонияш ба растаниҳои гуногуни табиӣ ва кишоварзӣ мушоҳида мешавад. Пас, моро зарур аст, ки дар ҳар шароит табиатро дӯст дошта, онро аз ҳашароти зараровар ҳифз кунем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *